Тӯраҷонзода: Аз хотироти марбут ба мароҳили музокирот якеашро метавонам ба ёд биёрам. Соли 1995 дар шаҳри Маскав буд, ки музокирот пас аз гушоишаш барои се рӯз мутаваққиф шуд. Ва ин вақфа бо ибтикор ва эътирози мо, мухолифон иттифоқ уфтод. Сабаби эътирози мо он буд, ки ҷаноби Козиров, вазири хориҷаи вақти Русия, бо якояки намояндагони давлат даст доду салом кард ва шурӯъ кард ба ироаи хитобае, ки пур аз таҳдид ба нирӯҳои оппозисиюн буд. Вақте ки хитобаи худро поён дод, барои ширкаткунандагони музокирот орзуи муваффақият карду мехост утоқи музокиротро тарк кунад, ки ман баланд шудаму гуфтам: "Ҷаноби вазир, мо ин ҷо барои шунидани мавъизаҳои шумо наомадаем". Ба забони русӣ ба мавъизаҳои динӣ мегӯянд "проповедь". Мо гуфтем: "Барои шунидани "проповед" ё мавъизаи динии шумо наомадем. Ин ҷо ин ду тараф баробар ҳастанд. Агар шумо ҳар ду тарафро баробар намедонед, пас чаро даъват кардед? Чаро мизбон шудед?" Ва гуфтем, ки то узр напурсад, мо сари мизи музокира нахоҳем нишаст. Се рӯз музокиротро қатъ кардем. Билохира узр хостанд ва фақат баъд аз он ба мизи музокира дубора баргашта будем.
РО: Чун дар ин миён як фосилаи нуҳсола уфтода, вақте ба ақиб нигоҳ мекунед, саҳми кадом як аз тарафҳоро дар дастёбӣ ба сулҳ машҳудтар ва маҳсустар мебинед?
Тӯраҷонзода: Воқеъан, саҳми ҳар ду ҷониб ҳам бузург аст. Аммо агар соли 1996-ро ба хотир биёрем, хоҳем дид, ки дар он давра нирӯҳои ҳар ду тараф чи аз лиҳози сиёсӣ ва чи аз лиҳози низомӣ тақрибан баробар буданд. Яъне рӯҳияи муҷоҳидони мо хеле баланд буд ва теъдодашон хеле зиёд буд, манотиқи зиёдеро зери тасарруфу кунтрули худ дароварда буданд. Мо - Иттиҳодияи мухолифон, хусусан ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, гузашти яктарафа карданду тамоми ниҳодҳои қудратӣ (интизомию амниятӣ)-ро дар марказҳои ноҳияҳои минтақаи Қаротегин (Рашт)-у Тавилдара дубора барқарор намуданд. Ва мутаассифона, ин ҷӯр ҳаст, ки имрӯз дар матбуъоти Тоҷикистон, хусусан матбуъоти расмии Тоҷикистон, фақат аз саҳми давлат хотиррасон мешаванд, аммо кӯшиш мекунанд ҳаракатҳои сарони Иттиҳоди оппозисиюнро нодида бигиранд. Хуб, ин як чизи маъмулӣ аст. Муборизаи сиёсӣ, ки идома дорад, ҳич тараф намехоҳад рақиби худашро таъриф кунад ё ҳадди ақал кардаҳову доштаҳои ӯро эътироф кунад. Ман шахсан аз ин маврид чандон озурдахотир ҳам намешавам, зеро ман медонам, ки мутаассифона, чунин аст табиъати сиёсатмадорон.
РО: Вале аз он замон то кунун обҳои зиёде аз осиёбҳо рехту хеле чизҳо тағйир кард. Шумо дигар он мавқеъиятеро надоред, ки он замон доштед. Фикр мекунед, агар он давра агар дубора такрор шавад, шумо дақиқан ҳамон рафторро хоҳед дошт ё кори дигаре хоҳед кард?
Тӯраҷонзода: Худоро шукр, ки торих боз намегардад. Аммо агар ҳатто ин кор ҳам шавад, мо ба ҷуз сулҳ чорае нахоҳем дошт. Ҳамон вақт ҳам мо ҳамеша хостори сулҳ будем. Аммо шояд татбиқи тавофуқномаҳои сулҳро бо усули дигар анҷом медодем.
РО: Чи тур? Бо чи усуле?
Тӯраҷонзода: Хуб, инро аслан мо ҳамон вақт ҳам медонистем, ки марҳилаи интиқолӣ, ки як сол-яку ним сол муддат дошт, бояд баъд аз такмил ёфтани 30 дарсад шурӯъ мешуд. (Манзур ҳадди нисоб ё квотаи ҳузури сидарсадии мухолифон дар давлат аст. - РО). Инро мо медонистем, аммо мутаассифона, амалӣ нашуд. Хуб, ин камбудиҳо аз худи мо буд. Гузаштҳои хеле зиёд аз ҷониби худи мо шуда буд. Афзун бар ин, ман ҳаргиз истилоҳи "афви якҷониба"-ро қабул надоштам. Зеро ман ҳамеша дар музокирот талаб мекардам, ки бояд парвандаҳои ҷиноӣ лағв шавад. Ин масоиле буд, ки шояд агар мо истодагарӣ мекардем ҳатман татбиқ мешуд ва шояд бисёре аз ҷавонони мо, дӯстони мо имрӯз зиндонӣ намешуданду фирорӣ намешуданд...
РО: Аммо чаро шумо талош накардед замоне ин суолҳоро матраҳ кунед, ки мақоми муъовинати нахуствазири Тоҷикистонро ба уҳда доштед?
Тӯраҷонзода: Мо ин суолҳоро бисёр матраҳ кардем, аммо мо чунин ваколатро надоштем. Мо аслан дар мақоми муъовинати аввал ҳам ки будем, масъулияти ҳатто дахл кардан дар ин масоили сиёсию низомиро надоштем.