Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Назаров: "Ман шакаробро ёд кардаам..."


Ман 15 сол дур аз Тоҷикистон будам. Бале, соли гузашта дар ҷашнвораи "Суруди сол" иштирок кардам, аммо он вақт ман танҳо барои се рӯз ба Душанбе омадам, зуд ду консертро баргузор кардам ва ба Қазоқистон баргаштам. Он вақт ман на танҳо аз бӯйи Тоҷикистон сер нашудам, балки нафаҳмидам, ки бо ман чӣ мегузарад. Аммо ҳоло ман аз сафари худ ҳаловат мебарам. Қарор аст бо дӯстонам истироҳати хубе дошта бошам.

Хуб, пас баъди ин ҳама муддат Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?

Ҳама чиз хуб аст, аз ҳама чиз хушам меояд. Ҳамин ки аз ҳавопаймо фуруд омадам, зебоиву тозагии хиёбонҳои Душанбе зуд ба чашмам уфтод. Ҳанӯз соли пеш, ки ман ба Тоҷикистон омада будам, медидам, ки чеҳраҳои мардум аз шодӣ медурахшад, вазъи мардум рӯ ба беҳбуд меорад, ман аз ин хеле хурсандам.

Пас ин хел, ки бошад, Парвиз, дар фикри бозгашт ба Тоҷикистон нестед?

Бояд гуфт, ки тамоми кору бор ва зиндагии ман дар Қазоқистон ба танзим даромадааст, он ҷо ман студияи сабти садои худ, хонаву дари худро дорам. Бо шабакаҳои радиову телевизионҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунам ва тамоми робитаҳои кории ман ҳам аз он ҷо ҳамоҳанг мешавад. Аммо ман имкони сафар карданро дорам ва барои ҳамин умедворам, минбаъд боз бештар ба Тоҷикистон сафар хоҳам кард.

Зимнан, Парвиз, шумо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастед?

На, ман, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Қазоқистон паноҳ бурда будам, соли 1996 шаҳрвандии он кишварро қабул кардам. Мутаассифона, он ҷо муқаррароти душаҳрвандӣ қабул нашудааст, аз ин рӯ ман ночор мондам.

Хуб, имрӯз дар мавриди Тоҷикистон ва мушкилоти марбут ба ҷанги дохилии ин кишвар шумо чӣ назар доред?

Ҷанге, ки дар Тоҷикистон гузашт, дар таърихи ин кишвар як ҳодисаи ғамангез аст ва шояд ба осонӣ аз ёдҳо зудуда нашавад. Аммо сафари ман ба рӯзи тасвиби Созишномаи сулҳи тоҷикон бахшида шудааст ва ман аз ин хеле хурсандам. Фазои Тоҷикистон ин қадар соф аст ва энержие, ки дар ҳавои Душанбе эҳсос мешавад, хеле хушҳолкунанда аст. Чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯё ҳеҷ чизе рух надода буд

Парвиз, дар бораи оилаатон каме маълумот диҳед

Ман 34 сол дорам. Писарам Темур 18 сола аст. Духтари калониам Нисо даҳсола ва Гесу, духтари хурдиам дусола ҳастанд. Ва ман дар ин сафар аҳли оилаамро ҳамроҳ бо худ овардам, то ки бачаҳо бо расму оини худ, бо ватани бобоии худ шинос шаванд. Ҳамсарам қазоқ аст, аммо бачаҳои ман дар рӯҳияи тоҷикӣ ба воя расидаанд. Шумо инро аз номҳояшон пай бурда метавонед. Исми Гесуро пештар шунида будед? Хеле қадимаву зебо аст-а?

Бале, Парвиз, хеле зебо аст. Пас бачаҳо чӣ мегӯянд?

Онҳо маро ҳамеша хоҳиш мекарданд, ки ба Тоҷикистон бубарам, бо ғизои милливу расму оинҳои мардуми тоҷик шиносашон кунам. Ва ман хеле шодам, ки ин навбат бо се консерт ба Душанбе омадам ва ин ҷашнҳо ҳама дар як вақт сурат мегиранд. Ман аз самими дил хурсанд ҳастам.

Бале, ман эҳсосоти шуморо дарк мекунам

Ҳа, медонед боз чӣ мехостам бигӯям... Маро эҳсосоти аҷибе фаро мегирад. Вақте кас баъд аз солҳои зиёд ба зодгоҳаш бармегардад, дар хиёбонҳое, ки замоне бо дӯстонаш ҳамроҳ қадам мезад ва лаҳзаҳои хеле ҷолиби зиндагиро пушти сар кардааст, ӯро эҳсоси хеле аҷиб фаро мегирад. Ман ҳатто як ҳаяҷонеро эҳсос мекунам, ки қаблан бароям ноошно буд.

Парвиз, аммо дӯстону рафиқони қадимаи худ ва овони кӯдакиатонро пайдо кардед?

На, мутаассифона, на. Ҷанг ҳамаро парокарда кард, ҳамаро ба чаҳор тарафи дунё бурд ва ман то ҳол ягон дӯсти пешинаи худро ҳам дида натавонистам.

Шумо дар куҷо таҳсил кардаед?

Оҳ, ман дар мактабҳои зиёд хондаам. Аммо мактаби охирини ман омӯзишгоҳи рассомии Душанбе буд, ки онро бо ихтисоси наққош хатм намудам.

Аммо аз рӯи ин ихтисосатон кор кардед?

Ман ҳамчун наққоши филмҳои тасвирӣ дар киностудияи "Тоҷикфилм" кор кардаам. Аммо азбаски ба мусиқиву оҳанг майли бештар доштам, ин машғулиятро тарк кардам. Акнун ба таври ҳирфаӣ бо овозхонӣ машғул ҳастам. Аммо ҳамеша ин истеъдоди наққошиамро дар тарҳрезии хонаву манзил, студияи сабти садо, дар муҳити саҳнавиву ороиши албоми таронаҳоям истифода мекунам. Яъне, ман амалан ҳама корҳои марбут ба тарроҳии ин чизҳоро худам анҷом медиҳам.

Парвиз, шумо ба Тоҷикистон омадед, кадом таронаҳои навро ба алоқамандони мусиқӣ тақдим карданӣ ҳастед?

Ман дар баробари таронаҳои нави худ сурудҳои пешинаамро ҳам, ки мухлисони зиёд доранд, иҷро кардам. Аз эҷодиёти нави худ таронаеро бо исми "Лайлӣ" овардам, ки мисли дигар таронаҳоям муаллифи матн ва оҳангаш худам ҳастам. Инчунин ба хотири дӯстам Муборакшоҳ дар консертҳои Душанбе таронаи "Акрамҷон"-ро низ иҷро кардам.

Парвиз, Далер Назаров, амакатон, шуморо чӣ гуна пешвоз гирифт?

Далер? Хеле хуб. Мо ду рӯз дар студияи вай тамрин кардем, чанд навозандаи гурӯҳи вай бо ман дар консертҳо ҳунарнамоӣ карданд. Дар маҷмӯъ, ман мебинам, ки сатҳи омодагии ҳунармандону навозандагон ҳам хеле хуб аст дар Тоҷикистон.

Ситора Назарова чӣ ҳол дорад? Вай хоҳари шумо аст-а?

Бале, хоҳари бузургам аст. Ситора аз пайи таҳияи албоми нави таронаҳояш мебошад. Мо чанд рӯз пеш дар фестивали ҳунарии "Алмаато - ишқи аввали ман" таронаи наверо муштаракан иҷро кардем. Вай ҳамроҳ бо модарамон ва духтарчааш дар як манзил зиндагӣ мекунад, корҳояш ҳам хуб аст. Хоҳари хурдиам Рухшона ҳам овозхонӣ мекунад, ҳарчанд вай аслан тарроҳи либос аст.

Парвиз, вақте шумо ба сафари Тоҷикистон омодагӣ медидед, дар андешаи чӣ будед, кадом амалро мехостед қабл аз ҳама иҷро кунед?

Оҳ, шумо гӯё андешаҳои маро мехонда бошед. Ман ба фикри шакароб будам.

Шакароб?

Бале, ман ин қадар таъми шакаробро ёд кардам, ки вақте бо оилаам меомадем, ба худ гуфтем: пеш аз ҳама маззаи шакаробро мечашем, чунки дар Тоҷикистон онро ба таври хосса таҳия мекунанд. Ва ҳамин тур ҳам кардем. Баъд, медонед чӣ? Ман ғизоҳои чойхонаи "Роҳат"-ро дӯст медорам ва барои ҳамин ҳам дар қадами дуюм мехоҳам ба он ҷо равам. Ва ҷои сеюме, ки бояд ҳатман аз он дидан кунам, ин Варзоб аст. Албатта дӯстонам аллакай гуфтанд, ки ҳама шароитро барои истироҳати хуб фароҳам хоҳанд овард.

Пас, мафҳуми хушбахтиву саъодати комил барои шумо чӣ маъно дорад?

Хушбахтӣ? Шояд он ҳолате бошад, ки қалби шумо аз ҳолати нигарониву тарс ва ё интизороти нохуш холӣ бошад. Вақте оилаву фарзандонат зиндагии хушу хуррам доранд, ин бахти бузург аст. Боз вақте ки таронаҳои шумо ба осонӣ эҷод мешаванду ба дарди мардум марҳам ҳастанд, вақте бо таронаҳои худ шумо ба зиндагии мардум ва чеҳраҳои алоҳида таъсире расонида метавонед, кумак мекунед. Ва хеле муҳим аст, ки дар ватани шумо сулҳу оромиш бошад - фикр мекунам ҳамаи ин дар маҷмуъ мафҳуми хушбахтиву саодати комилро доранд. Аслан ман эҳсос мекунам, ки комилан хушбахт ҳастам.

Пас орзуи онро мекунем, ки ин лаҳзаҳои хушбахтии шумо то дер идома кунанд.

Ташаккур, ман ба шумо низ ҳаминро таманно дорам...
XS
SM
MD
LG