Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 миллион $ қарзи "Гази Тоҷик" ва... 298 миллион $ хисороти "Kodak"


Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мизони таварруми пули миллиро дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 3,4 дарсад ҳисоб карда, афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ ва тавозуни манфии тиҷорати хориҷиро илали аслии чунин мизони таварруми пули сомонӣ донистааст. Оқои Алимардонов мегӯяд, захираи ҷамъшудаи тилову асъори кишвар ба 190 миллион доллар расидааст ва Бонки Миллӣ қасди боз ҳам афзудани ин захираро надорад. Ба гуфтаи вай, 190 миллион доллар захира барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои дохилӣ ва пардохти фоизи қарзҳои давлат кофист.

Сандуқи Байналмилалии Пул имсол 7 дар сад мизони миёнаи рушди иқтисод дар кишварҳои қораи Осиёро пешбинӣ карда, вале афзудааст, ки боз ҳам афзудани нархи нафт метавонад расидан ба ин ҳадафро дучори чолиш кунад. Ба ҳисоби Сандуқи байналмилалии Пул, иқтисоди Чин имсол наздики 9,5 дарсад ва иқтисоди Ҳинд 7,3 дарсад афзоиш пайдо хоҳанд кард.

Узбакистон ба далели афзудани қарзи ширкати гази Тоҷикистон интиқоли гази табииро ба ин кишвар коҳиш додааст. Қарзи ширкати гази Тоҷикистон аз ширкати "Узтрансгаз" дар ҳоли ҳозир ба 3 миллион доллар баробар шудааст, дар ҳоле ки қарзи аҳолӣ ва корхонаҳои Тоҷикистон аз ширкати газ 130 миллион сомонӣ ё худ наздики 40 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси қарордоди байни Душанбеву Тошканд, Тоҷикистон имсол бо қимати 55 доллар барои ҳазор метри мукааб аз Узбакистон 730 миллион метри мукааб газ мехарад.

Қарори раисиҷумҳури ҷадиди Боливия Иво Моралес дар бораи миллӣ сохтани корхонаҳои соҳаи газ мавҷи интиқодот аз сӯи мақомот ва ширкатҳои Бразилияву Испанияро ба бор овард. Ширкатҳои хориҷӣ аз соли 1997 ба ин сӯ ба соҳаи гази Боливия беш аз севуним миллиард доллар сармоя гузоштаанд. Аммо Иво Моралес гуфта, ки давлатӣ гардондани корхонаҳои газ танҳо оғози кор аст ва ба думбол конҳои ангишт ва замину ҷангали кишварро ҳам ба моликияти давлат табдил хоҳанд ёфт.

Корхонаи алюминсозии Турсунзода мегӯяд, имсол тавлидоти алюминиумро ба 404 000 тонна хоҳад расонд.
ТадАЗ дар се моҳи аввали сол 98 400 тонна алюминиум тавлид кардааст. Соли гузашта тавлидоти ин корхона ба 381 000 тонна расида буд. Тақрибан 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши фаровардаҳои корхонаи алюминсозии Турсунзода ба даст меояд.

Ва ширкати маъруфи "Kodak" эълом карда, ки дар семоҳаи аввали сол 298 миллион доллар зиён дидааст. "Kodak" феълан дар ҳоли гузариш аз тавлиду фурӯши филмбардорҳои суннатӣ ба тавлиду фурӯши фаровардаҳои рақамӣ қарор дорад ва мегӯяд, фурӯши филмбардорҳои рақамиаш хеле афзудааст.
XS
SM
MD
LG