Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Кӯмаки Чин ба артиши Тоҷикистон

Ҳукумати Чин барои бозомӯзии афсарони артиши Тоҷикистон ва таъмини моддиву фаннии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар 15 миллион юан ва ё маблағи беш аз 1,5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Фаридун Маҳмадалиев сухангуи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт маблағи мазкур ба сурати кӯмаки билоиваз ироа мегардад ва тавофуқ дар ин замина дар пайи сафари ахири Шералӣ Хайруллоев вазири дифоъи Тоҷикистон ба Чин ҳосил шудааст.
Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегуяд Чин дар шумули кишварҳоест,ки аз замони таъсиси артиши миллии Тоҷикистон то кунун ба ин кишвар кӯмакҳои қобили мулоҳиза расонидааст. Мутобиқи омори расмии Вазорати дифоъи Тоҷикистон то кунун давлати Чин дар қолаби кӯмакҳои билоиваз ба вазорати дифоъи Тоҷикистон беш аз 10 миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои фанниву молӣ расонидааст.Чин ҳамчунин дар омодасозии кадрҳои ҳирфавии артиши Тоҷикистон нақши назаррас дорад. Бино ба иттилоъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳамасола 30 нафар низомиёни тоҷик барои анҷоми давраҳои бозомӯзии ҳирфавӣ ба марокизи мухталифи низомии Чин фиристода мешаванд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Амалиёти зидди муҳоҷирон дар гӯшаҳои Русия

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар минтақаҳои гуногуни Русия амалиёти зидди муҳоҷирон идома дорад.

Ба иттилои “МВД Медиа”, нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Кемерево дар пайи рейди васеъмиқёси панҷрӯза ҳудуди 500 мавриди нақзи қонуни муҳоҷиратро ошкор кардаанд.

Пулис гуфт, рейдҳо дар тамоми вилоят сурат гирифта, нерӯҳои амниятӣ ҳуҷҷати ду ҳазор муҳоҷирро тафтиш карданд.

Дар Новокузнетск маъмурони интизомӣ аз сохтмоне 12 муҳоҷири беҳуҷҷатро пайдо кардаанд. Нозирон дар Белов автобусеро, ки як муҳоҷир бидуни иҷозатномаи кор идора мекард, боздоштанд. Дар миёни мусофирон низ муҳоҷирони бесанад будаанд.

Даря Ненилина аз Раёсати корҳои дохилии Кемерово, гуфт: "Дар робита ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар бораи ихроҷи маъмурии 20 шаҳрванди хориҷӣ аз Русия қарор қабул гардид. Ба 22 шаҳрванди хориҷӣ вуруд ба Русияро манъ кардаанд.”

Дар рейде,ки дар Орехово-Зуево дар наздикии Маскав анҷом шуд, пулис дар як коргоҳи дӯзандагӣ 12 муҳоҷири ғайриқонуниро пайдо кардаааст. Додгоҳ тасмим гирифт, ки боздоштшудаҳоро 5 ҳазор рублӣ ҷарима ва аз Русия ихроҷ кунад.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар як соли гузашта бо зиёд шудани тафтишҳо ва боздошту ихроҷҳо вазъашон бадтар шудааст. Ҳафтае пеш Дидбони Ҳуқуқи Башар дар таҳқиқоти наваш гуфт, ки пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус”, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пайваста таъқиб ва озору азият мешаванд.

Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Русия хост, ҳаргуна зуҳуроти муҳоҷирситезиро маҳкум кунад ва нагузорад, ки ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад.

Идомаи эътирозҳо ва боздоштҳо дар Туркия

Истанбул, Туркия
Истанбул, Туркия

Пулиси Туркия чанд рӯз боз талош дорад, ки эътирозгаронро пароканда кунад. Даҳҳо ҳазор кас дар 55 вилояти Туркия бо эътироз ба боздошти Акрам Имомоғлу, раиси шаҳри Истанбул, ба хиёбонҳо рехтаанд.

Нерӯҳои пулис бо гази ашковар ва тирҳои резинӣ ба эътирозгарон ҳамла карданд.

Мақомоти Туркия гуфтанд, беш аз ҳазор нафар боздошт шуд. Касоне, ки ба иддаои онҳо, қонунро поймол ва ба кормандони пулис ҳамла кардаанд.

Эътирозгарон талаб доранд, ки Акрам Имомоғлу озод шавад.

Шаҳрдори Истанбул пас аз он дастгир шуд, ки ӯро барои ширкат дар интихоботи президентии Туркия аз номи Ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумӣ номзад интихоб карданд. Интихобот соли 2028 бояд барпо шавад.

Баъзе аз пурсишҳои афкори умум, Имомоғлуро назар ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури ҳозираи Туркия, пешсаф нишон додааст.

Имомоғлуи 54-сола дар доираи як парванда бо иттиҳоми даст доштан дар фасод рӯзи 19-уми март боздошт шуд.

Муҳлати президентии Эрдуғон дар соли 2028 тамом мешавад ва ҳаққи президент шуданро надорад, вале мухолифон мегӯянд, шояд ӯ қонунро тағйир диҳад ва боз президент шавад.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи мухолифон Эрдуғон рақиби аслияшро бо баҳонаи сохта аз сабқат берун мекунад.

Петербург: Муҳоҷирон кам, вале пули "патент" зиёд шудааст

Имсол дар Санкт-Петербург теъдоди муҳоҷирон 60 дарсад кам шудааст. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Игор Потапенко, муовини волии ин минтақаи Русия, даромад аз патент афзоиш меёбад.

"Ин натиҷаи аз иқтисоди ғайрирасмӣ берун кардани корфармоёни муҳоҷирон аст,” – гуфт ӯ дар суҳбат бо як телевизиони маҳаллӣ.

Вай афзуд: “Бубинед, ман гуфтам, ки шумораи умумии муҳоҷирон 60 дарсад коҳиш ёфтааст. Ва пардохтҳо аз патент зиёд шуданд. Яъне аз 6 миллиард то 9 миллиард рубл расидааст.”

Потапенко таъкид кард, ки ҳоло дар пойтахти шимолии Русия ҳудуди 210 ҳазор хориҷӣ ба сар мебаранд.

Мақомот талош доранд, корфармо муҳоҷирони соҳибихтисосро пайдо карда, ба Санкт-Петербург биёрад, масъулияти онҳоро ба дӯш гирифта, риояи қонуну қоидаҳоро аз ҷониби муҳоҷирон назорат кунад. Илова бар ин, мақомот қарореро таҳия доранд, ки тибқи он муҳоҷир метавонад танҳо аз рӯи ихтисосе, ки барои он патент гирифтааст, кор кунад.

Дастрасӣ ба сомонаҳои Беларус аз хориҷ маҳдуд шудааст

Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Дар рӯзи савгандёдкунии президенти худкомаи Беларус Александр Лукашенко дастрасӣ ба сомонаҳои ин кишвар аз хориҷи кишвар маҳдуд мешавад.

Сергей Повалишев, мудири hoster.by хабар додааст, ки аз шоми 24-уми март то 26-уми март дастрасии корбарон ба сомонаҳои беларусӣ, берун аз кишвар маҳдуд хоҳад шуд.

“Хоҳишмандем дар ҷараёни коратон ин ҳолатро ба назар гиред,” - навиштааст Повалишев.

Александр Лукашенко рӯзи 26-уми январи имсол дар интихоботе, ки бе рақиби ҷиддӣ баргузор шуд, ғолиб эълон шуд.

Порлумони Аврупо натиҷаи ин интихоботро напазируфт.

Лукашенкои 70-сола аз соли 1994 роҳбари Белорус аст.

Артиши Русия ба чанд минтақаи Украина ҳамла кардааст

Нерӯҳои Русия шаби 25-уми март ба вилоятҳои Киев, Суми ва Запорожйеи Украина ҳамла кардаанд. Масъулони вилояти Запорожйе гуфтанд, захмиён ҳастанд.

Иван Федоров, волии вилояти Запорожйе, гуфт, бесарнишини "Шаҳид" ба бинои маскунӣ бархӯрд. Дар ин ҳодиса як зани 58 ва марди 30-сола захмӣ шудаанд. Онҳо дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулодаи Украина гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Русия ба вилояти Киев ду анбор оташ гирифт.

Дар ҳамин ҳол манзили як сокини вилояти Суми ҳам дар пайи зарбаи нерӯҳои Русия оташ гирифтааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, ҳамлаи артиши Русия ба Херсон сабабгори захмӣ шудани як ҷавони 19-сола шуд.

Ҳамлаҳои артиши Русия ба шаҳрҳои Украина дар ҳоле давом доранд, ки рӯзи 24-уми март намояндагони Амрико ва Русия дар маврид қатъи ин ҷанг гуфтугӯ карданд.

Муфтии Тоҷикистон: имсол моҳи Рамазон 29 рӯз аст

Сайидмукаррам Абдулқодирзода
Сайидмукаррам Абдулқодирзода

Бино ба пешбинии Пажӯҳишгоҳи астрофизика, моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 29 рӯз давом мекунад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чун моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон имсол 30 рӯз буд, моҳи Рамазон 29 рӯз аст."

Ӯ афзуд, имсол мусалмонони Тоҷикистон иди Фитрро рӯзи якшанбеи 30-юми март ҷашн мегиранд. Дар назар аст, Шӯрои уламо 27-уми март рӯзи иди Фитрро расман эълон кунад.

Имсол моҳи Рамазон 1-уми март фаро расид. Дар гузашта баъзе аз рӯҳониёни суннатӣ дар Тоҷикистон ба 29 рӯз эълон шудани моҳи Рамазон норозигӣ карда буданд.

Аз ҷумла, Домулло Ҳикматулло соли 2015 гуфта буд, “мардум бояд як рӯзи дигар рӯза гиранд.”

Рамазон моҳи муборак барои мусалмонон аст. Пайравони дини Ислом дар ин моҳ рӯза мегиранд ва талош мекунанд бештар корҳои нек анҷом диҳанд.

Роҳҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он чор рӯз баста мешаванд

Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вилояти Суғд эълон карданд, ки дар робита ба сафари роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба шаҳри Хуҷанд, ҳаракат дар роҳҳои асосии ин шаҳр ва атрофи он дар охири моҳи март манъ мешавад.

Дар эълони идораи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд омадааст, аз 29-уми март то 1-уми апрел роҳҳои марказии шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов муваққатан ва тибқи ҷадвал баста мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, роҳи вурудӣ ба шаҳри Хуҷанд аз тарафи ноҳияҳои Ашт ва Мастчоҳ ҳам давоми ин рӯзҳо баста хоҳад шуд. Мақомот аз ронандагон хостаанд, ки дар охири моҳи март бе зарурат ба шаҳри Хуҷанд сафар накунанд.

Дар назар аст, рӯзи 31-уми март Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов (Жапаров) ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд вохӯранд. Имзои созишнома дар бораи нуқтаи марзии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон яке аз мавзуъҳои асосии ин дидор гуфта мешавад.

Поёни гуфтушуниди Амрико ва Русия дар Арабистони Саудӣ

Музокироти намояндагони Амрико ва Русия дар мавриди хатми ҷанг дар Украина дар Арабистони Саудӣ ба анҷом расид. Гуфтугӯи ҳайатҳо рӯзи 24-уми март 12 соат давом кард ва бе имзои санаде поён ёфт.

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба манобеаш навишт, тарафҳо талош карданд матни изҳоротро мувофиқа кунанд, вале баъди анҷоми музокирот ин кор фавран даст надод. Дертар маълум шуд, ки Кохи Сафед ва Кремл матни изҳоротро мувофиқа кардаанд ва дар назар аст, ки он 25-уми март пахш шавад.

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл пештар гуфта буд, дар поёни музокирот имзои ягон ҳуҷҷати расмӣ дар назар нест.

Кит Келлог, фиристодаи вижаи президенти Амрико, қаблан гуфта буд, ки ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ талош доранд музокироти мустақим байни Русия ва Украина баргузор шавад.

Музокироти намояндагони Амрико ва Русия як рӯз баъд аз гуфтугӯҳои миёни ҳайатҳои Амрико ва Украина дар Риёз барпо шуд.

Вазири мудофиаи Украина гуфт, ҳайатҳои Украина ва Амрико рӯзи якшанбе пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иншооти энергетикӣ ва зербиноҳои муҳимро ҳамчун як бахше аз иқдоми дипломатии президенти ИМА Доналд Трамп барои хатми ҷанги сесола баррасӣ карданд.

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург"-и Тифлис

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Tbilisi Grand Slam 2025”), ки рӯзҳои 21-23-юми март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон доир гардид, бе медал монданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар дохил буд:

-66 кг – Ёсин Бобокалонов

-66 кг – Магомед Фармонбеков

-73 кг – Муҳаммадшариф Наҷмиддинов

-73 кг – Масъуди Аҳмадзод

-81 кг – Илҳомиддин Ҷабборов

-81 кг – Бахтиёр Бозоров

-90 кг – Шодмон Ризоев

-100 кг — Муҳсин Малаев

Ҳамаи онҳо аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гаштанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2025” 385 варзишгар (219 мард ва 166 зан) аз 52 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок карданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 10 медал (3 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 9 медал (2 медали тило, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) дуюм ва дастаи IJF (Федератсияи байнулмилалии ҷудо) бо касби 6 медал (2 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) сеюм шуданд. Мунтахаби Узбекистон бо касби 3 медал (1 тило ва 2 биринҷӣ) ҷойи чаҳорумро азони худ кард.

Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли гузашта низ дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2024” дар ҳайати 9 варзишгар (8 мард ва 1 зан) иштирок карда, бе медал монда буд.

Умуман, дар таърихи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тифлис паҳлавонони тоҷик танҳо як медал гирифтаанд, ки ба Шаҳбоз Саидаброров марбут аст. Вай соли 2021 дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

ҒОЛИБОНУ ҶОИЗАДОРОНИ “TBILISI GRAND SLAM 2025”:

МАРДОН

-60 кг
1. Лука МКНЕДЗИ (Фаронса)
2. Михел АУГУСТО (Бразилия)
3. Ҷонатан ЧАРОН (Куба)
3. Эмиел ҶАРИНГ (Нидерланд)

-66 кг
1. Абрек НАГУЧЕВ (IJF)
2. Темур НОЗАДЗЕ (Гурҷистон)
3. Азизбек ОРТИҚОВ (Узбекистон)
3. Абдураҳим НУТФУЛЛОЕВ (Узбекистон)

-73 кг
1. Лаша ШАВДАУТАШВИЛИ (Гурҷистон)
2. Армен АГАЯН (IJF)
3. Леонардо ВАЛЕРИАНИ (Италия)
3. Самуэл ГАССНЕР (Австрия)

-81 кг
1. Ведат АЛБАЙРАҚ (Туркия)
2. Петру ПЕЛИВАН (Молдова)
3. Иракли БЕРОШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Заур ДВАЛАШВИЛИ (Гурҷистон)

-90 кг
1. Умар БОЗОРОВ (Узбекистон)
2. Алексис МАТЮ (Фаронса)
3. Георги ҶАБНИАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Рафаэл МАСЕДО (Бразилия)

-100 кг
1. Антон САВИТСКИЙ (Украина)
2. Симеон КАТАРИНА (Нидерданд)
3. Кели РЕЙС (Канада)
3. Арман АДАМЯН (IJF)

+100 кг
1. Инал ТАСОЕВ (IJF)
2. Гурам ТУШИШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Иракли ДЕМЕТРАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Ҷур СПАЙКЕРС (Нидерланд)

"Мехост худкушӣ кунад." Наҷоти як мард дар Душанбе

Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон

Наҷотдиҳандагон як мардро, ки бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Душанбе партофта буд,  наҷот додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ҳодиса шомгоҳи 23-юми март дар маҳаллаи 46-уми пойтахт рух дод.

Дар бораи ин марде, ки қасди ҷонаш кард, маълумоти зиёд дар даст нест. Мақомот гуфтанд, ӯ 41-сола буда, аз сабаби мушкилиҳои хонаводагӣ даст ба ин кор задааст.

Мақомот гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Солона чандин нафар дар Тоҷикистон бо нияти худкушӣ худро ба рӯдхонаҳо мепартоянд, вале на ҳамаашон наҷот меёбанд.

100-ҳазоррублӣ барои... духтарони ҳомиладори мактабхон дар Орлови Русия

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Русия, ки мушкили коҳиши таваллуд ва камшавии аҳолӣ ба як масъалаи давлатӣ табдил шудааст, раиси як минтақа амр додааст, ки ба шогирдони мактабҳои миёна барои ҳомиладор шудан 100 ҳазор рубл (муодили 1200 доллар) пардохт шавад.

Амри мазкур рӯзи 20 март аз ҷониби раиси вилояти Орлов Андрей Кличков имзо шудааст. Ин санад мегӯяд, ки талабаҳои мактаб дар сурати ҳомиладоршавӣ бояд худро ба қайд бигиранд ва барои ин ба онҳо пардохти якдафъаинаи ин маблағ ваъда мешавад.

Чунин амр бар пояи ислоҳи қарори 12 декабри соли 2024-и Кличков карда ва дар он мушаххасан навишта шудааст, ки шогирдони “мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” дар сурати ҳомилдор шудан метавонанд ба гирифтани пул дархост диҳанд.

Нашрияи "7х7" гуфтааст, ки то имрӯз дар 40 минтақаи Русия барои таваллуди барвақти донишҷӯдухтарон пардохти маблағ ҷорӣ шудааст. Масалан, барои донишҷӯдухтарони вилояти Челябинск барои таваллуди кӯдак дар синни то 24-солагӣ пардохти 1 миллион рубл, дар Рязан барои таваллуди кӯдак то 25-солагӣ – 50 ҳазор рубл ва дар Мордовияву Самара – 100 ҳазор рубл ваъда шудааст.

Баробар бо ин, дар беш аз даҳ минтақаи Русия барои ба исқоти ҳамл моил кардани занони ҳомила ҷарима таъин шудааст.

Бо ин роҳ мақомот дар Русия умедвор ҳастанд, ки барои пешгирӣ аз камшавии таваллуд мусоидат мекунанд.

Боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар вилояти Маскав

акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Беш аз 50 муҳоҷири тоҷик рӯзи 22-юми март дар ноҳияи Красногвардейскии вилояти Маскав боздошт шудаанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, пулис бархеро пас аз гирифтани 50 ҳазор рубл маблағ раҳо карданд, вале дигаронро дар шароити баде нигаҳ медоранд.

Чанд тан аз онҳо бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар рӯи фарш мехобанд ва барояшон ғизои дурусте намедиҳанд. Яке аз онҳо, аз ҷумла, гуфт: “Тоҷику узбекро рост ба Боздоштгоҳи махсус бурданд. Фарқ надорад, агар як сабт набошад тамом. 50 ҳазор мегӯянд, вале бо ин ҳам озод мекунанд ё не маълум нест. Илтимос ҳуҷҷатҳоятонро дуруст кунед, ки безеб аст”.

Шарҳи мақомоти Русия маълум нест. Радиои Озодӣ дар ин кишвар созмони номатлуб шумурда ва пурсишҳои он беҷавоб гузошта мешаванд.

Муҳоҷирон мегӯянд, ҳанӯз нисбати онҳо ҳеч додгоҳе қарор содир накардааст ва маълум нест, то кай дар боздоштгоҳ мемонанд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷир дар шароити сахт кору зиндагӣ мекунанд. Солона ҳазорон муҳоҷир бо баҳонаҳои мухталиф аз сӯи мақомоти рус боздошт ва ба ватанашон ихроҷ мешаванд.

"Сова", маркази назорати экстремизм дар таҳқиқе гуфтааст, ки аз соли 2023 ба ин тараф бархурди нажодапарастона бо муҳоҷирон дар Русия афзоиш ёфтааст.

Нахуствазири Канада ба баргузории интихобот даъват кард

Марк Карни
Марк Карни

Дар Канада рӯзи 28 апрел интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар ин бора рӯзи якшанбе нахуствазири нави ин кишвар Марк Карни хабар дод.

Ҳанӯз моҳи январ нахуствазири пешин Ҷастин Трюдо дар бораи зарурати барпо шудани интихобот бо сабаби ба истеъфо рафтани ӯ гуфта буд.

Карни рӯзи 10 март раиси нави ҳизби ҳокими Либералии Канада интихоб шуд ва дар натиҷа Трюдоро дар мақоми нахуствазирӣ иваз кард.

Карни, ки рӯзи якшанбе дар бораи зарурати интихобот сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ барои мақоми нахуствазирӣ мубориза мебарад, чунки дар шароити муқобила бо маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ӯ ба “салоҳиятҳои қавӣ” эҳтиёҷ дорад.

Ӯ раҳбари Амрикоро дар талоши “хароб кардани Канада” ба хотири “ба даст овардани Амрико” муттаҳам кард. Карни рафтори мақомоти амрикоиро “ноодилона” ва “таҳдид ба истиқлолияти Канада” ва вазъи баамаломадаро “бӯҳрони ҷиддитарин ба зиндагии мо” номид.

Манзури ӯ ҷорӣ шудани тарруфаҳои гумрукии ИМА ба маҳсулоти Канада аст ва ҳам иддаоҳои Трамп дар бораи ин ки ин кишвар метавонад “аёлати 51-уми Амрико” шавад.


Дар Қирғизистон барои ронандагон қоидаи ҳаракат дар роҳ сахттар мешавад

Кӯчае дар Бишкек
Кӯчае дар Бишкек

Дар Қирғизистон шурӯъ аз 1 сентябр ронандагонеро, ки қоидаро вайрон мекунанд, дар ҳамон макони манъи мошин, аз санҷиши донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мегузаронанд.

Дар ин бора сухангӯи президенти Қирғизистон Асқат Алагозов хабар дод. Агар ронанда ба ҳангоми гузаштани чунин санҷиши сарироҳӣ ба саволҳои бозрасони автомобилӣ дуруст ҷавоб дода натавонист ваё хато кард, ҳамон ҷо муваққатан аз шаҳодатномаи ронандагиаш маҳрум шуда ба идораи бо номи «Унаа» фиристода мешавад.

Ӯро он лаҳза пурра аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум намекунанд. Ронанда метавонад баъди ин ба ҳамин идора бори дигар муроҷиат карда, санҷиши донистани қоидаҳои ҳаракатро бори дигар супорад. Санади ронандагӣ фақат баъди бомуваффақият супурдани имтиҳон дода мешавад, навиштааст Радиои Азаттик.

Ба илова, барои ҳар дафъа супурдани имтиҳон аз ронандагон пардохти 500, баъд 1000-у 2000 то 4000 сом маблағ талаб мешавад. Чунин қарор бо ташаббуси президент Содир Ҷабборов қабул шудааст.

Дар Қирғизистон аз зиёд будани ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ изҳори нигаронӣ мешавад. Соли 2024 дар натиҷаи беш аз ҳафт ҳазор ҳолати вайрон кардани қоидаи роҳ, беш аз 10 ҳазор нафар осеб дида, 743 кас ҷон бохтааст.

Як сабаби асосӣ дар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад, мегӯянд мутахассисони соҳа.


Имомоғлу номзади мухолифон дар интихоботи президентии Туркия шуд

Боздошти Имомоғлу боиси эътирозҳо дар Туркия шуд
Боздошти Имомоғлу боиси эътирозҳо дар Туркия шуд

Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқи Туркия номзадии Акрам Имомоғлу, шаҳрдори боздоштшудаи Истанбулро ба мақоми президентӣ пешниҳод кардааст. Узгюр Узел, раиси ҳизб дар ҳамоиши тарафдоронаш дар Истанбул гуфт, дар интихоботи муқаддамотӣ 15 миллион кас ба тарафдории Имомоғлу раъй додааст.

Саҳифаи Имомоғлу дар шабакаи X (Твиттер) ҳам ин хабарро нашр кардааст. “Ман мехоҳам аз зиндони Силивр ин хабар ба шумо расонам, ки маро хеле хушҳол кард. 15 миллион шаҳрванди мо овоз доданд ва ба Эрдуғон гуфтанд, ки “кофист”,-омадааст дар паёми Акрам Имомоғлу.

Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ аз раиси ҷумҳури феълии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон даъват кард, ки интихоботи зудҳангом баргузор карда, бо Акрам Имомоғолу рақобат кунад.

Шаҳрдори Истанбул рӯзи 19-уми март бо иттиҳоми фасод ва ёрӣ ба як гурӯҳи террористӣ боздошт шуд. Хабар дода мешавад, ки дар умум, дар доираи ин парванда наздик ба 100 нафар сиёсатмадорон, журналистон ва соҳибкорон дастгир шудаанд. Боздошти Имомоғлу эътирози ҳазорон нафарро дар шаҳрҳои гуногуни Туркия ба миён овард. Расонаҳои маҳаллии ин кишвар хабар додаанд, ки пулис алайҳи эътирозгарон аз таҷҳизоти вижа истифода мекунад.

Акрам Имомоғлу рақиби асосии раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ном бурда мешавад.

навшуда

Дар Риёз музокираҳои ИМА ва Русия оид ба хатми ҷанг дар Украина ҷараён дорад

Субҳи рӯзи душанбе, 24 март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ музокираҳои миёни намояндагони ҳукуматҳои ИМА ва Русия оид ба хатми ҷанг дар Украина шурӯъ шуд.

Ин мулоқот як рӯз баъди гуфтугӯҳои миёни ҳайатҳои ИМА ва Украина дар Риёз барпо мешавад. Вазири дифои Украина гуфт, ҳайатҳои Украина ва ИМА рӯзи якшанбе пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иншооти энергетикӣ ва зербиноҳои муҳимро ҳамчун як бахше аз иқдоми дипломатии президенти ИМА Доналд Трамп барои хатми ҷанги сесола баррасӣ карданд.

Ҳайатҳои музокироткунандаи Украина ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи якшанбе дар Арабистони Саудӣ мулоқот карданд.

Ин бахше аз талошҳои дипломатии президенти Амрико Доналд Трамп барои хотима додан ба маргбортарин низоъ дар Аврупо пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аст.

Вазири дифои Украина гуфт, ки онҳо пешниҳодҳоро барои ҳифзи иншооти энергетикӣ ва зербиноҳои муҳим баррасӣ кардаанд.
Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар суханронии шоми якшанбе музокиротро муфид арзёбӣ кард. Ӯ гуфт: "Тими мо комилан созанда кор мекунад. Мулоқот хеле муфид аст. Кори ҳайатҳо давом дорад.”

Дар Арабистони Саудӣ музокироти хатми ҷанг дар Украина идома дорад
лутфан мунтазир бошед
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Феълан кор намекунад

0:00 2:29 0:00
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Субҳи рӯзи душанбе, 24 март музокирони ҷудогонаи мақомоти ИМА ва Русия шурӯъ шуд.

Фиристодаи вижаи Амрико Стив Виткофф рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо Fox News, дар бораи ин мулоқот ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия барои хатми ҷанг хушбин буд.

"Ман эҳсос мекунам, ки ӯ сулҳ мехоҳад."

" Ман надидам, ки ӯ хостори тасаруффи тамоми Аврупо бошад. Вазъият аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ фарқ дорад. Дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ НАТО набуд. Шумо кишварҳои мусаллаҳ доред. Дар ин хусус ман ба ҳарфҳои ӯ бовар дорам."

Кохи Сафед мегӯяд, ки ҳадаф аз музокироти идомадор таъмини оташбас дар Баҳри Сиёҳ аст ва интиқоли озоди борҳо мебошад.

Bloomberg News бо такя ба манобеъи огоҳ аз ин тарҳ рӯзи якшанбе хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида умедвор аст то 20 апрел ба оташбаси ҳамаҷониба даст ёбад.

Трамп дар охири ҳафта гуфт, ки талошҳо барои ҷилавгирӣ аз тавсеаи бештари ҷанги Украинаву Русия “то андозае таҳти назорат” ҳастанд.

Аммо, сарфи назар аз тамоми тадбирҳои дипломатӣ, Русия ва Украина аз идомаи ҳамлаҳо ба хоки ҳамдигар хабар медиҳанд.

Рӯзи якшанбе мақомоти Украина гуфтанд, ки дар як ҳамлаи густурдаи ҳавопаймои бесарнишини Русия ба Киев дасти кам се нафар, аз ҷумла як кӯдаки панҷсола кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия гуфтанд, ки даҳҳо ҳавопаймои бесарнишини украиниро, ки самти ҷанубу ғарби ин кишварро ҳадаф гирифта буданд, сарнагун кардаанд. Ба қавли мақомоти рус, дар ҳамлаҳо дар Ростов як нафар кушта шуд.

Нерӯҳои Русия ҳамчунон ба оҳистагӣ дар шарқи Украина, минтақае ки ба иддаои Маскав зери тасарруф аст, пеш меравад.


Кушта шудани ду узви дафтари сиёсии "Ҳамос" дар Ғазза

Паёмади ҳамлаи Исроил ба Беморхонаи Носир дар Хон-Юнус
Паёмади ҳамлаи Исроил ба Беморхонаи Носир дар Хон-Юнус

Ду узви дафтари сиёсии “Ҳамос” дар ҳамлаҳои ҳавоии артиши Исроил ба Навори Ғазза кушта шудаанд.

Гурӯҳи "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд, эълон кард, ки Салоҳ ал-Бардавил, узви аршади ин гуруҳ ва ҳамсараш дар Хон-Юнус кушта шудаанд. Чанд соат баъд артиши Исроил ҳам кушта шудани ин намояндаи “Ҳамос”-ро тасдиқ кард.

Ба гузориши артиши Исроил, Бардавил масъули барномарезии “Ҳамос” буд.

Расонаи марбут ба “Ҳамос” шомгоҳи 23-юми феврал хабар дод, ки Исмоил Барҳум, узви дигари дафтари сиёсии ин гуруҳ ҳам кушта шудааст. Бар асоси ин гузориш, ҳамлаи ҳавоии Исроил ба бемористони Носир, бузургтарин маркази дармони дар ҷануби Ғазза, боиси кушта шудани ин узви “Ҳамос” шуд.

Ҷанг дар Навори Ғазза 18-уми март дубора оғоз шуд. Исроил эълон кард, ки пас аз он, ки дар музокирот бо гурӯҳи "Ҳамос" барои озодии гаравгонҳо пешравие ҳосил нашуд, даст ба чунин ҳамла задааст. Ин ҳамлаҳои ҳавоӣ, ки "сангинтарин ҳамлаҳо аз замони оғози оташбас" гуфта шудааст, ба гуфтаи артиши Исроил, пойгоҳҳои "Ҳамос" ва шуморе аз фармондеҳони ин гурӯҳ ҳадаф қарор гирифтанд.

Ҳукумат ба муҳоҷирон: агар нафақа мехоҳед пас андоз супоред

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷати нав қабул кардааст. Бар асоси ин санад, муҳоҷирон барои дар пиронсолӣ нафақаи хуб гирифтан, аз ҳоло метавонанд ихтиёран андози иҷтимоӣ супоранд.

Дар ҳуҷҷати расмӣ, ки Радиои Озодӣ 24-уми март бо он шинос шуд омадааст, муҳоҷирон тариқи барномаи “Андози ман” “ариза оид ба ихтиёран супоридани андози иҷтимои”-ро пешниҳод кунанд.

Ҳаҷми маблағи месупурдаи муҳоҷирон дар як моҳ, набояд аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад. Як нишондиҳанда имсол 75 сомонӣ аст ва ҳар сол метавонад тағйир ёбад. Нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳисоби ҳамин маблағи супоридаашон ҳисоб мешудааст.

Таъмини нафақаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки шумораашон беш аз як миллион нафар гуфта мешавад, солҳо боз баҳс мешавад.

Порлумонҳои ду кишвар моҳи апрели соли 2022 дар ин бора созишнома тасвиб карданд. Яке аз талаботи асосӣ ин аст, ки шаҳрвандон собиқа ё пешинаи корӣ дошта, андози иҷтимоӣ дода бошанд.

Дар гузашта баъзе аз муҳоҷирон шикоят доштанд, ки солҳо дар Русия кор карда, андоз (молиёт) додаанд, аммо аз нафақа маҳруманд.

Озодии 897 маҳбус. Чаро хабарнигорони зиндонӣ раҳо нашуданд?

Дар се соли ахир беш аз даҳ хабарнигору блогер дар Тоҷикистон зиндонӣ шуданд
Дар се соли ахир беш аз даҳ хабарнигору блогер дар Тоҷикистон зиндонӣ шуданд

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ҳамаи 897 маҳбусе, ки бар асоси фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бояд озод мешуданд, аз зиндонҳо раҳо шудаанд. Ба иттилои расмӣ, маҳбусон рӯзҳои 21-22-юми март аз зиндон ва боздоштгоҳҳои Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Бохтар ва Ёвон ба озодӣ баромаданд.

Аз 897 маҳбуси озодшуда 87 нафарашон зан ва 30 каси дигар ноболиғ мебошанд.

Аммо ному насаби зиндониҳои озодшуда нашр нашудааст. Аз ин рӯ маълум нест, дар миёни озодшудаҳо шахсоне низ ҳастанд, ки ба қавли наздиконашон бо иттиҳомҳои сохта ва ё дорои ангезаҳои сиёсӣ ба маҳбас андохта шудаанд?

Танҳо дар се соли гузашта, беш аз даҳ хабарнигору блогер дар Тоҷикистон бо иттиҳомҳои гуногун зиндонӣ шуданд, ҳарчанд худашон гуфтаанд, ки гуноҳе надоранд.

Радиои Озодӣ бо наздикони ҳадди ақал се хабарнигори зиндонӣ суҳбат кард ва ҳамаи онҳо гуфтанд, азизонашон аз маҳбас набаромаданд.

Ба қавли мақомот, бахшиш ба муносибати ҷашни Навруз сурат мегирад, вале ҳомиёни ҳуқуқ ба дигар сабабҳо низ ишора мекунанд. Аз ҷумла зиндонҳои пур аз маҳкумшуда дар Тоҷикистон.

Ҳукумат қарзи як корхонаи зертобеи порлумонро бахшид

Бинои порлумон
Бинои порлумон

Ҳукумати Тоҷикистон қарзи як корхонаи давлатиро аз молиёт (андоз) бахшидааст.

Дар қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ 24-уми март бо он шинос шуд, омадааст, 238 ҳазор сомонӣ ($ 21 ҳазор) қарзи "Раёсати таъмиру сохтмонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон" бахшида шавад. Ин қарз то 1-уми октябр соли 2024 ҷамъ шудааст.

Ҳукумат дар гузашта ҳам аз баҳри қарзи чанд идораи давлатӣ баромада буд. Аз ҷумла соли 2024 қариб 135 миллион сомонӣ ($12,7 млн) қарзи ду ширкати зертобеи Хадамоти алоқаро аз молиёт (андоз) бахшиданд. Хадамоти алоқаро онвақт Бег Сабур, қудои президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекард ва моҳи январи имсол барканор шуд.

Интиқодҳо аз гаронии андоз ва ҳам додани имтиёз ба ширкатҳои наздик ба мақомот қаблан ҳам садо дода буд. Ҳарчанд масъулин гуфтанд, дар Тоҷикистон ширкатҳои “худӣ” ва “бегона” нест. Коршиносон мегӯянд, давлат барои ҳамаи ширкатҳо бояд "қоидаи ягонаи бозӣ”-ро муайян кунад.

Дар Душанбе ронандаи таксиро барои "дағалӣ" ба сайёҳи эронӣ боздошт кардаанд

Дар Наврӯзи имсол садҳо эронӣ ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар Наврӯзи имсол садҳо эронӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Пулиси Душанбе як ронандаи таксиро барои дағалӣ ва аз меъёр беш маблағи роҳкиро пурсидан аз сайёҳи эронӣ боздошт кардааст.

Дар хабарномаи Раёсати ВКД дар Душанбе гуфта мешавад, ки Қиёмиддин Негматов ба сайёҳи эронӣ, ки барои таҷлили Наврӯз ба Душанбе омада буд, “дағалона муносибат намуда, маблағи роҳкирои зиёд талаб кардааст.”

Назари ин ронанда ба иттиҳоми пулис маълум нест. Дар хабарнома гуфта мешавад, ки нисбат ба ӯ “чораи дахлдор андешида мешавад.”

Дар наворе, ки мақомот нашр кардааст, сайёҳӣ эронӣ аз пулис барои расидагӣ ба арзаш ташаккур кардааст. Ӯ гуфтааст, дар фурудгоҳ ба ӯ рақами пулиси сайёҳиро доданд ва вақте ин мушкил пеш омад, ба онҳо занг зад. Ба гуфтаи сайёҳ, пулис фавран ба арзаш расидагӣ кардааст.

Соли гузашта раводид миёни Эрон ва Тоҷикистон бекор шуд ва садҳо эронӣ имсол барои таҷлили ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар гузашта сайёҳони хориҷӣ борҳо аз сифати хидматрасонӣ дар Тоҷикистон ва дағалии кормандони фурудгоҳ ва нозирони роҳ шикоят карда буданд.

Чин гуфтааст, омодааст, ба Украина нерӯ фиристад

Сарбозони Чин
Сарбозони Чин

Чин гуфтааст, омодааст, то барои риояи оташбас дар Украина ба ин кишвар нерӯи сулхоҳ фиристад.

Нашрияи Welt am Sonntag навиштааст, ки дипломатҳои Чин ин пешниҳодро ба Иттиҳоди Аврупо кардаанд. Ба навиштаи ин нашрия, эҳтимол ин тасмим фишор алайҳи Русияро сахттар кунад ва ин кишвар ба сулҳ розӣ шавад.

Доналд Трапм, президенти Амрико барои сулҳ дар Украина талош дорад ва бо Киев ва Маскав барои расидан ба оташбас гуфтугӯ мекунад.

Бархе кишварҳои аврупоӣ мегӯянд, агар миёни ду кишвар созишномаи оташбас имзо шавад, розӣ ҳастанд, то нерӯҳои посдори сулҳро ба Украина равон кунанд.

Мақомоти Русия борҳо гуфтаанд, ки ҳузури низомиёни кишварҳои узви НАТО дар Украинаро қабул надоранд.

Дар ҳамлаи Русия дар Киев марде бо духтари 5-солааш кушта шуд

Дар ҳамлаи Русия ба Киев даҳҳо манзили зист хароб шудааст.
Дар ҳамлаи Русия ба Киев даҳҳо манзили зист хароб шудааст.

Дар ҳамлаи Русия дар шаби 23-юми март ба Киев, пойтахти Украина се нафар кушта ва даҳ тан захмӣ шудаанд.

Аз ҷумлаи кушташудаҳо, як мард бо духтари панҷсолааш будааст, ки дар манзили зисташон ҷон бохтаанд.

Мақомоти Русия борҳо эълон кардааст, ки ба хонаи сокинони одӣ ҳамла намекунад. Мақомоти Украина мегӯянд, Русия ҳамарӯза ба хонаи сокинони одӣ ҳамла мекунад ва аксари қурбониён сокинони ғайринизомӣ ҳастанд.

Русия ва Украина ба мақомоти Амрико ваъда доданд, ки ба иншооти нафтӣ ва эенержии ҳамдигар ҳамла намекунанд. Дар як ҳафтаи ахир мақомоти ҳарду кишвар ҳамдигарро ба риоя накардани ин ваъда айбдор карданд.

Дар ҷанги беш аз сесолаи Русия алайҳи Украина ҳазорон нафар кушта ва миллионҳо нафар овора шудааст.

Доналд Трамп, президенти ИМА ваъда додааст, ки ба ин ҷанг хотима медиҳад, вале ҳанӯз нишоне аз сулҳ дида намешавад.

Вазири тоҷик аз оқибатҳои бади нобудии пиряхҳо барои мардум гуфт

Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки тағйири иқлим ва гармоиши курраи Замин то кунун 1300 пиряхро дар кишвар бухору нобуд кардааст, ки оқибати он мушкилоти зиёди экологӣ ва бад шудани некӯҳаволии мардум дар Осиёи Марказӣ аст.

Сироҷиддини Мӯҳриддин дар ин бора дар як нишасти Созмони Милал дар бораи пиряхҳо ва захираҳои об дар ҷаҳон сӯҳбат кардааст. Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 22-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, Сироҷиддини Мӯҳриддин зимни суханронӣ “нақши калидии пиряхҳоро ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ барои миллионҳо нафар, бахусус дар Осиёи Марказӣ қайд карда, иброз дошт, ки пиряхҳои бузурги Тоҷикистон ҳамчун "бурҷи обии минтақа" хизмат мекунанд.”

Манбаи асосии об дар Тоҷикистон пиряхҳо ҳастанд, ки 8 дар сади қаламрави кишварро ташкил мекунанд ва масоҳати умумиашон 11 ҳазору 146 километри мураббаъ аст. Сарчашмаи шаст дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст, вале айни замон миллионҳо нафар дар кишвар аз дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ маҳруманд ва аз манобеи оби олуда истифода мебаранд.

Пажӯҳиш: "Русия тақрибан 100 ҳазор сарбозро дар Украина талаф додааст"

Парчамҳои афрохта дар сари гӯри сарбозони рус дар шаҳри Санкт-Петербург
Парчамҳои афрохта дар сари гӯри сарбозони рус дар шаҳри Санкт-Петербург

Русия аз оғози ҷанг дар Украина дар се соли пеш то кунун тақрибан 100 ҳазор сарбоз ва низомиёнашро талаф додааст. Ин хулосаи як таҳқиқи бахши русии Би Би Си, вебсайти “Медиазона” ва гурӯҳе аз ихтиёриён аст, ки иттилоот дар бораи марги сарбозонро аз манобеи боз ҷамъ меоранд.

Муаллифони таҳқиқ бо такя ба иттилооти ба дастовардаашон номи 99 113 низомии Русияро маълум кардаанд, ки дар ин ҷанг ба ҳалокат расидаанд. Дар таҳқиқ омадааст, ки нисфе аз талафшудагон, афроде будаанд, ки то оғози ҷанг ҳеч иртиботе ба артиш ва ё Горди миллии Русия надоштаанд ва ё чаҳоряки кушташудагон ихтиёриён будаанд.

Ба қавли коршиносони низомӣ мумкин аст, талафоти низомиёни рус бештар бошад, чун иттиллои бадастомада аз 45 то 65 дар сади маълумот дар бораи кушташудагонро дар бар мегирад. Дар як таҳқиқи дигаре дар охири сол, ки расонаҳои “Медиазона” ва “Медуза” нашр карданд, омадааст, ки то охири соли 2024 артиши Русия дар ҷанг бо Украина 156 ҳазор нафарро талаф додааст.

На Русия ва Украина омори расмӣ дар бораи талафоти сарбозонашон дар ҷангро нашр намекунанд, вале бар тибқи арзёбиҳои хадамоти ҷосусии кишварҳои ғарбӣ мумкин аст, дар ин ҷанг садҳо ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG