Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Касбҳои сердаромад


Коргардони барнома -- Салими Аюбзод Барои мутолиаи онҳое ки дар ростои гузиниши касбукор ҳастанд ва ё имконият доранд, кори феълии худро иваз карда, ба думболи касби наве раванд. Пеш аз тасмими охирин як бор ин навиштаро бихонанд, агар мехоҳанд дар 10 соли оянда зиндагии беҳтаре бисозанд.

САРОҒОЗ

Ассалому алейкум, ҳамнафасони арҷманд.
Мегӯянд, ҷомеаи Тоҷикистон таҳти таъсири фарҳанги бозаргонӣ ба самти моддигароӣ ҳаракат мекунад. Яъне марҳилаеро аз сар мегузаронад, ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон замоне паси сар карда буданд. Иқтисодшиноси тоҷик Тоҳири Абдуҷаббор менависад, мансабдороне, ки тарбияи шӯравиро гирифтаанд, акнун бо имкониятҳое, ки низоми рӯз барояшон додааст, мехоҳанд, орзуҳои як замон дастнораси худро амалӣ кунанд. Мошинҳои қимати хориҷӣ, телевизионҳои бузург, мавҷгирҳои моҳвораӣ, видоеву ДиВиДи ва ғайраву ҳоказо дошта бошанду дар осоишгоҳҳои лаби баҳр истироҳат кунанд. Пул ва талош ба даромад, ҳар гуна даромад ва бо ҳар роҳ, мақсади зиндагӣ шудааст. Аммо оё кӣ чӣ қадар пул ба даст меорад ва чӣ хел зиндагӣ мекунад? Дар Тоҷикистон чӣ тур аст ва дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон чи тур? Ин аст мавзӯъи имрӯзаи мо.

CАРВАТМАНДОН ВА БЕНАВОЁН

Як ақидаи носаҳеҳ дар байни мардум ройиҷ шудааст, ки гӯё вазъи зиндагӣ дар Тоҷикистон назар ба Ӯзбакистон ё Қирғизистон беҳтар аст. Аммо арқоме, ки Бонки ҷаҳонӣ рӯзи якшанбе нашр кард, ин ақидаи маъмулро рад мекунад. Масалан, даромад дар Ӯзбакистон ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳисоби миёна 450 доллар ва Қирғизистон 400 долларро ташкил дод. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд даромади аҳолӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 280 долларро ташкил медиҳад. Ин адад дар Озорбойҷон 940, Арманистон 1060, Белорус 2140 ва Қазоқистон 2250 аст. Яъне сатҳи даромад дар Тоҷикистон даҳ баробар камтар аз Қазоқистон аст ва эҳтимол меравад, ин тафовут, мутаассифона, ҳамин гуна афзоиш ёбад. Албатта, ин ҷо як нуктаи дигар низ ҳаст, ки даромади куллӣ ба шумораи аҳолӣ тақсим мешавад ва маълум аст, ки моҳонаи фақат президенти Тоҷикистон метавонад, даромад ба сари даҳҳо нафарро ташкил диҳад. Бо ҳамнафаси ин лаҳзаҳои мову шумо Абдураҳими Умарзод бубинем, ки аз рӯи омори расмӣ даромади кадом табақаи аҳолии кишвар баландтарин ва кадом пасттарин аст. Мегӯянд, набояд барои пул ғам хӯрд, вале касеро мешиносед, ки дар ғами пул набошад? Шояд фарқ дар он аст, ки яке барои пул ба ҳама кор омода асту дигаре не ва яке шабурӯз ғам мехӯраду дигаре танҳо рӯзона.

САМАРАИ ИСЛОҲОТ?

Тафовутро дар сатҳи даромади аҳолӣ дар кишварҳои гуногун Бонки ҷаҳонӣ ба чанд омил бастагӣ медиҳад, ки муҳимтарини он ислоҳоти иқтисодӣ мебошад. Мардуми Тоҷикистон дар қиёс бо Ӯзбакистон ё Қирғизистон зудтар ба иқтисоди озод ворид шуд, дар он даврае ки ҳукумат ва оппозисюн машғули ҷанг ё тақсими қудрат буданд ва касе ба фикри мардум набуд. Пас аз интизориҳое, ин мардум тасмим гирифт, худаш нони худро пайдо кунад. Ҳамин тавр тиҷорат авҷ гирифт, заминҳои бекорафтода шодоб шуданд ва "моку" ё челнокҳои Дубаю Чину Туркия зуҳур карданд. Ҳоло муҳоҷирати Русия ба саҳнаи асосӣ табдил ёфтааст. Ва ин беҳуда нест, зеро ба гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ даромад дар Русия ба сари аҳолӣ қариб 3 500 долларро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин аст. Бад ё хуб, ислоҳот дар Русия пирӯз мешавад. Аммо оё дар Тоҷикистон ислоҳот, бавижа ислоҳоти сохторӣ, ки калиди пешрафту шукуфоӣ эълон шуда буд, ба куҷо расидааст? Як пажӯҳиши кӯчак аз ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат дар ин барнома садо дод. Агар шунидан мехоҳед, рамзи радиоро дар поёни сарлавҳаи аслӣ "клик" кунед.

Чӣ бояд кард, то дасти кас намак дошта бошад?
Чӣ бояд кард, то даромаде дошт, ки зиндагии осудаи хонаводаро таъмин кунад.
Ба куҷо рафт, аз пайи чӣ коре?
Барои дастикам 64 дарсади аҳолии Тоҷикистон, ки поинтар аз сатҳи қашшоқӣ ба сар мебарад, ин саволи ҳар бомдод аст.
Фақр на танҳо ба зиндагии ин хонаводаҳо гиреҳ андохтааст, балки ояндаи фарзандони онҳоро зери суоли бузург бурдааст.
Зеро вақте пул нест, имкони таҳсил низ нест ва бе таҳсил ояндае барои як навҷавон метавон гуфт вуҷуд надорад.

КАСБҲОИ СЕРДАРОМАД

Бо вуҷуди чунин натиҷаҳои ислоҳот, мардум дар Тоҷикистон тавре шунидем, умедворанд, ки оянда вазъият беҳтар хоҳад шуд. Ва насли ҷавон ба даҳ соли оянда фикр мекунад, дар пайи таҳсилу омодагист. Агар онҳо ояндаи худро аз рӯйи даромади молии ин ё он ҳирфа пешбинӣ кунанд, кадом касбҳоро интихоб хоҳанд кард. Даҳ сол пеш наврасон дар иншои касби ояндаи ман ба саволи кӣ шудан мехоҳӣ, ҷавоб менавиштанд, ки боевик. ҳоло менависанд, муҳоҷир дар Русия. Аммо агар ҷиддӣ бингаранд, чиро хоҳанд дид. Дар ҷаҳони имрӯз аз рӯи пешбинии маҷаллаи "Money" ва сомонаи интернетии www.salary.com сердаромадтарин касбҳо барномасози компютерӣ, профессори донишгоҳ, мушовири молиявӣ, таҳлилгари бозор, дорусоз, равоншинос, пизишки куллӣ, олими физика, муҳандис ва даллоли моликияти ғайриманқул мебошанд, ки дар даҳ соли оянда муздикори онҳо фақат ба боло ҳаракат хоҳад кард. Аммо оё имрӯз дар Тоҷикистон намояндагони кадом риштаҳо сердаромад шумурда мешаванд, аз мардуме мешунавем, ки ҳамнафаси мо Нилуфари Собир ба онҳо чунин суол додааст ва метавонед, бо пахши рамзи сабзи радиоча дар охири сарлавҳаи асосӣ аз мардум бишнавед, ки дар Тоҷикистон кӣ хуб зиндагӣ мекунад ва кӣ бад.
Албатта, даромади одамон дар соҳаҳои буҷавӣ ва бахши хусусӣ бо ҳам фарқ мекунад. Дигар ин ки саломати арқому омори имрӯзаи Тоҷикистонро намешавад тазмин кард, зеро корхонаҳо ду хел музд медиҳанд, яке аз рӯи аснод ва барои пардохти молиёт, инаш камтар ва дигаре бидуни сабт барои фирор аз молиёт, инаш зиёдтар.

БАХШИ ХУСУСӢ

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон дар хусусигардонии амволи давлатӣ то андозае ситоиш шудааст. Вале дар худи Тоҷикистон медонанд, ки на ҳамаи корхонаҳои собиқи давлатӣ, ки акнун хусусӣ шудаанд, тавонистанд, ба фаъолият сар кунанд ва ё комёб гарданд. Ҳамнафаси мо Абдураҳим ба тафовути байни корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ таваҷҷӯҳ карда, мегӯяд, ба ақидаи коршиносон солҳои охир бартарии бахши хусусӣ дар ин маврид бармало шудааст.
Вақте сухан аз моддигароӣ меравад, тарафдорони онро айбдор мекунанд, ки гӯё онҳо хидмати сармояи ҷаҳониро ба ҷо меоранд.
Вақте андешагароӣ ё андешасолорӣ дар миён аст, мегӯянд, ин пасмондаи даврони шӯравист, ки агар дуруст мебуд, фурӯ намепошид.
Чун ҳамеша дар нимароҳи чунин ақидаҳои мустазод бозмеистем.
Оё пули зиёд хушбахтист? Пас чаро сарватмандон мегирянд ва аз бадбахтиҳо меноланд.
Аслан кист, ки имрӯз худро хушбахт меномад.
Натиҷаҳои як пажӯҳиши ҷомеъашиносони бритониёӣ нишон медиҳад, ки сарватмандоне чун вакилони ҳуқуқӣ, пизишкон, меъморон ва соҳибкорону бонкдорон ва ё миллиону миллиардерон худро хушбахт нагуфтаанд. Масалан, танҳо 2 дарсади меъморон гуфтаанд, ки аз зиндагӣ розиянд.
Ширкати City & Guilds мегӯяд, дар пурсишҳои пайиҳами се соли охир маълум шуд, ки хушбахттарин инсонҳо инҳо будаанд: Сартарошон, рӯҳониён, устоҳои лулаи об ва машшота ё мутахассисони ороишу зебоӣ, ки дар забони илмӣ косметолог меноманд.
Онки пулдор будан мехоҳед ё хушбахт, унаш кори шумо. Худо нигаҳдоратон!
XS
SM
MD
LG