Ассалому алейкум, ҳамнафасони хубу дилогоҳ.
Аҷаб чизи ғайриоддиест телефон!
Ҷумъаи гузашта бо нафаре дар шаҳри Боулдери Иёлоти Муттаҳида, дар бораи сохтмони интернет-кафе дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекардем ва гуфт, иттифоқан, ҳоло дар ҳалқаи тоҷикон нишастааст, дар наздикии чойхонаи тоҷикии Боулдер ва ҳама якҷоя зодрӯзи як зани соҳибкори тоҷикро ҷашн мегиранд.
Роналд Вест, узви созмони рушди робитаҳои бародарӣ дар байни Душанбе ва Боулдер, зимнан дар Амрико "хоҳарӣ" мегӯянд, хоҳаршаҳрон, кӯтоҳи сухан, ҷаноби Вест бо майли тамом гӯшии телефонро ба ман дод, то соҳибҷашнро муборакбод кунам. Ин сӯҳбатҳои шавқанегзро дар барнома хоҳед шунид, ба шарте агар рамзи радиочаро дар охири сарлавҳаи асосӣ "ангушт" занед.
МУҚАДДАСОТ
Таваллуди инсон як рӯйдоди муқаддас шумурда мешавад.
Аммо ба иттилоъи хабаргузории Урал-пресс, рӯзи 16-уми апрели соли 2006 як шаҳрванди Тоҷикистон дар партовгоҳи шаҳри Челябинск таваллуд кард. Он ҳам дугоник, як писар ва як духтар.
Раҳгузарон ба милиса ва ёрии таъҷилӣ хабар доданд. Зан бо навзодон ба шифохонаи панҷуми шаҳр интиқол дода шуд.
Хабаргузорӣ менависад, ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони муҳоҷир ва маҳрум аз сабтиноми расмӣ дар ҷойҳое монанди партовгоҳ фарзандони худро ба дунё меоранд.
Ин хабарро шаҳр намедиҳем, шаҳру тафсир кори мо нест ва аз сӯи дигар вақте ки як хабари кӯтоҳ метавонад, фикру андешаи зиёду гуногунеро ба миён меорад, мо гумон мекунем, кори худро иҷро кардаем. Ҳодиса дар даврае ба амал меояд, ки ифтихори миллӣ дар Тоҷикистон ба яке аз мафҳумҳои марказӣ ва муқаддас табдил меёбад.
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!
Роналд Вест, узви созмони рушди равобити бародаршаҳрии Душанбе ва Боулдер чанде пеш аз Душанбе баргаштааст ва бо таассуроти тозаву ҳаяҷономез аз дидору нишастҳо бо мардум дар Тоҷикистон қисса мекунад: "Мо вақти хуше доштем ва мардум бо мо ба таври истисноӣ хушмуомила буданд, мо роҳат кардем ва ин як кишвари зебоест."
Вай афзуд, ҳоло дар ҷамъи тоҷикон нишастааст ва як хонуми тоҷик ин ҷост, ки ҳама бо ҳам зодрӯзи ӯро ҷашн мегиранд.
Ва гӯширо ба Истамой Мадалиева, раиси ширкати сайёҳии "Бунёд" дод:
-- Ассалому алейкум ва зодрӯз ба шумо муборак! Чӣ ҳол доред дар Амрико ва бо чи таассурот ҷашни зодрӯз мегиред?
Истамой Мадалиева:
-- Бо таассуроти олӣ, зеро нахустин бор ба Амркио сафар кардаам ва он ҳам хеле бобарор. Чанд лаҳза пеш созишеро имзо кардем, ки тибқи он амрикоиҳо ба Тоҷикистон сафар мекунанд ва бо кишвари мо ошно мешаванд. Муносибати мардум ба мо хеле хуб ва меҳрубонона аст.
-- Шумо чоӣхонаи тоҷикиро дидед? Даруну берунаш чӣ хел будааст?
-- Хеле зебо ва як гӯшаи Тоҷикистон аст дар Амрико. пур аз нақшу нигори миллии мо ва ороиши даруни он ҳайратовар аст. Ҳамчунин дар ин ҷо ҷомаву кӯза, сӯзанӣ ва гулдӯзиҳои тоҷикӣ ҳаст, аксҳои зиёд аз мназараҳои Тоҷикистон.
-- Дар як акси ин чойхона дида будам, ки дар пушташ кӯҳҳо намудоранд. Оё мавзеъи ҷойгиршавии он шабеҳ ба Тоҷикистон аст?
-- Ооооооо, айнан, Тоҷикистон аст ин ҷо, мо ҳоло фикр мекунем, на дар Амрико, балки дар дараи Варзоб ҳастем. ду тараф кӯҳ аст ва ин ҷо ҳам як дарёча...
-- Ва ин ҳодисаи таърихист, ки Шумо зодрӯзи худро дар Амрико ҷашн мегиред.
-- Бале. Медонед, барои мо, тоҷикон зодрӯз шояд чандон аҳамияти зиёд надорад, суннатӣ нест, аммо вақте амрикоиҳо фаҳмиданд, ки имрӯз зодрӯзи ман аст, муносибати онҳо тамоман дигар шуд ва ҳама корро карданд, ки ман имрӯз шоду хурсанд бошам ва ҳоло дар ин толори зебо онҳо ҷамъ шудаанду маро тӯҳфаборон мекунанд. Бо ташаккур ва табрики дигарбора барои хонуми Истамой як тарона пахш кардем бо номи "Рӯзи таваллудат муборак! Ва ин тарона тақдим ба зани шуҷоъ ва муваффақи тоҷик дар зодрӯзи ӯ. Ҳам тарона ва ҳам сӯҳбати пур аз хандаро бо "ангушт" задан ба рамзи радио хоҳед шунид.
ЧОЙХОНАИ МАҚСУДИ ИКРОМ
Дӯсти мо Роналд Вест мегӯяд, чойхонаи тоҷикӣ як рамзи суннатҳои миллии Тоҷикистон аст ва ҳунаре ки дар ороиши он ҷой дорад, аз арзишҳои миллии тоҷикон хабар медиҳад. Сипас, ҷаноби Вест мегӯяд, тарҳи интернет-кафе, ки дар Боулдер кашида шуда, таҷҳизоти он низ аз Амрико ба Тоҷикистон бурда мешавад, як порча аз меъмориҳои Амрикост ва изофа ба ин як ҷое хоҳад буд, ки интернетро ба мардуми тоҷик ва тоҷиконро ба интеренет наздик мекунад ва дар ниҳояти амр, ба наздикии инсонҳо хидмат хоҳад кард.
Вай гуфт, на, Мақсуд Икромов, шаҳрдори озодаи Душанберо, ки ин чойхонаро ба Боулдер тақдим кардааст, надидааст, зеро он вақт дар ҷойи дигар мезист, аммо акси ӯро дар шаҳрдории Боулдер дида ва сифати он зиндаёдро аз ҳамкоронаш бисёр шунидааст. Шояд замоне расаду ба ин чойхона номи Мақсуди Икромро гузоранд ва ё бо василае хотираи ӯро гиромӣ доранд, ки бунёдгузори ҳампаймонии Душанбе ва Боулдер буд. Роналд Вест гуфт, ҳоло дар Боулдер чандин хонаводаи тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва Боулдерро шаҳри худ мешуморанд. Аммо Истамой Мадалиева гуфт, ошназҳои чойхона амрикоиянд ва пухтани таъомҳои миллии тоҷикиро дар Тоҷикистон омӯхтаанд.
АРЗИШҲОИ НАВУ КӮҲНА
Яке аз ҳамнафасони мо хуб гуфт, ки ҳар кас шояд арзишу мафҳумҳои муқаддаси худро дорад, вале баъзе арзишҳое ҳаст, ки барои ҳама умумиянд. Ва ба гуфтаи хирадмандон, гоҳе ин арзишҳо аз тарафи гурӯҳ ё ниҳоду созмон ё ҳатто ҳукуматҳо мавриди сӯиистифода қарор мегиранд. Дар забон мешавад, соатҳо аз ваҳдату ғами мардум ҳарф зад, вале дар амал бо ҳамаи фаъолияти худ ба бад шудани вазъи мардум сабаб гашт.
Аз ин нигоҳ мафҳумҳои муқаддас тобиши сиёсӣ низ пайдо мекунанд. Оё мафҳум ва арзишҳои муқаддаси мардум дар саҳнаи сиёсӣ чи гуна ҷилвагар мешаванд? Ин мавзӯъро низ ин ҷо метавонед шунид, агар рамзи радиоро дар думи сарлавҳаи асосӣ "клик" кунед.
Ва агар ин барномаро аз аввал то охир шунидед, ба саволи худ посух диҳед, ки оё муқаддастарин мафҳум ва арзишҳо барои худи шумо чистанд?
Сӯҳбатро аз он сар кардам, ки телефон хуб чизи хуб, зеро моро бо Боулдер пайваст ва бо як ҳамдиёри худ дар зодрӯзи ӯ ҳамсӯҳбат шудем. Акнун мегӯям, радио чи қадар чизи хуб, ки мо ҳама ҳамроҳ будем ва ин қадар сӯҳбатҳо шунидем.
Худо нигаҳдор.