Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё РусАл сабаби истеъфои вазири инержии Тоҷикистон ва ду муовини ӯ шуд?


Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов вазири инержии кишвар Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов ва ду муовини вай аз мақомҳои худ сабукдӯш шуданд. Ин ҳам дар ҳоле ки Нурмуҳаммадов яке аз аъзои бонуфузи ҳукумати Раҳмонов ва аз муаллифони барномаи инержии кишвар ба шумор мерафт. Ба ҷойи ӯ, муовинаш Абдуллоҳ Ёров таъин шуд, ки як давра низ вазири инержии Тоҷикистон буд. Дар ивази ноибони вазири инержӣ Неъматулло Иноятов ва Эмомиддин Аслов бо фармони президент Пӯлод Муҳиддинов аз дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва Заробиддин Файзуллоев, ки дар мақоми муовини аввали раиси кумитаи амнияти фаъолиятҳои саноатӣ кор мекард, ноиби аввал ва ноиби вазири инержӣ эълон шуданд. Ҳамзамон хабар дода шуд, ки муовини раиси ширкати саҳҳомии Нурафзо дар умури сохтмони иншооти инержӣ Саттор Садриддинов бо хоҳиши худаш аз ин мақом рафтааст.
Дар бораи сабабҳои чунин дигаргуниҳо дар гуфтугӯе бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе Мирзонабии Холиқзод, сухангӯи Вазорати инержии Тоҷикистон, Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, ин ҷазо набуда, як тағйир ва ё ислоҳот аст. Вай робитаи ин рӯйдодро бо сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва мубоҳиса бо ширкати русии РусАл рад кард.

Бархе аз нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ин дигаргуниҳо ба думболи як мақолаи нашрияи "Миллат" ба амал омаданд, ки вуруди ширкати Русалро ба риштаи инержии Тоҷикистон бо мадади вазири инержӣ Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов зери танқид қарор дод. Рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи гузашта сардабири ин нашрия Адолати Мирзо, муовини ӯ Нуралии Давлат ба дафтари чанде аз мақомоти баландпояи ҳукумат даъват шуданд. Адолати Мирзо мегӯяд, ҳеҷ матлаби дигари нашрия бойиси ин гуна вокунишҳои густарда нашуда буд. Вай робитаи матлаби нашрияи "Миллат" ва барканориҳои ахир дар вазорати инержӣ рад накард ва гуфт, раҳбарияти нави Вазорати инрежӣ бояд муайян кунад, ки оё дарвоқеъ РусАл Роғунро сохтанист ва ё ин ҳама бозие барои дарёфти нуфуз дар Тоҷикистон беш нест.

Барои шунидани ин сӯҳбатҳо рамзи радиоро дар охири ин сарлавҳа пахш кунед.
XS
SM
MD
LG