Ин ҳушдори мардумшиносон ва мутахассисин аст. Мутахассисин мегӯянд, боиси таассуф ва дастбасарзаданҳост агар воқеан низ ин жанри шифоҳии достонсаройии тоҷик аз миён бардошта шавад.
Бар тибқи иттилоъи Аслиддин Низомов- раиси Иттиҳоди бастакорони Тоҷикистон ин осори гаронмояи шифоҳӣ бештар аз 28.000 мисраъро дар бар гирифтааст. Оқои Низомов мегӯяд, дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ ангуштшумор достонеро метавон дучор шуд, ки бо ин ҳама паҳноварӣ ва фасоҳату салосати сухан, бо маънии бикр ва сухани баланд суруда шудааст. Аслиддин Низомов, бар ақидааст, ки гӯрғулӣ, ё гуруғлӣ моли адабиёти шифоҳии тоҷикии дарист:
«Мардуми мо он қадар сарвати ғании адабӣ дорад, ки моли худро тақдими дигарон мекунад. Ягон адабиёти дигар наметавонад 28.000 мисраъ шеъри дариро дар худ гунҷонад. Гурғӯлӣ моли мо тоҷикон аст»
Ҷӯрабек Назриев, раиси пажӯҳишгоҳи мероси хаттии кишвар, муғаннӣ ва сарояндаи тоҷик меафзояд, воқеан ҳам гӯрғулӣ дар Моваруннаҳру Хуросон суруда мешавад:
«Яке аз жанрҳои адабиву мардумии мо аст. Ва бештар дар қаламрави ҳамин Моваруннаҳр, ва Хуросони Афғонистон хеле роиҷ буд. Дар қисматҳои Шибирқора ва Эрон гурӯғлӣ камтар ба назар мерасид»
Ва аммо бо ҳама шаҳомати сухану эҳсоси ватанхоҳиву ватанпарварӣ гӯрғулӣ рӯ ба таназзул аст. Чаро?
Холмурод, писари Зуҳур, сокини Булиёни Данғара, охирин намояндаи сулолаи гурӯғлисаро дар ин мавзеъ, мегӯяд, ин жанри шифоҳӣ тақрибан аз миён рафтааст ва ҷои гӯяндаҳои зиндаро васоити техник мегиранд:
«Аввалҳо мехондам шабу рӯз. Худам низ лаззат мебурдам. Ҳоло мардум магнитофону ТВ мондагӣ моро гӯш мекунанд? Ман аз хотири меҳмонии худат сароидам, вагарна дили худам гирифтааст, аз ҳамин чиз.»
Ва аммо дидори ман бо бобои Холмурод, писари Зуҳур дар мавриде, ки дар раёсати санъати Вазорати фарҳанг бидуни чанд тан аз гурӯғлисароёни маъруф аз будани бобои Холмурод намедонистанд, хушбинкунанда буд. Воқеан ҳам бобои Холмурод охирин нафарест, ки дар Данғара гурӯғлӣ мехонад...
Теъдоди гӯрғулихонҳо имрӯз дар кишвар хеле коҳиш ёфтааст. Ва ҳам нафароне ки мондаанд, аз 70 , 80 ва 90 сол беш доранд. Ҷавонон ба ин достон майл надоранд. Сафар Шоҳсаидов, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг мегӯяд, барои эҳёи гурғӯлӣ ин вазоратхона тасмим дорад, ки дар тирамоҳи соли 2007 дар Душанбе бо ҳузури гурғӯлисароҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон як ҳамоиш доир кунад.
Гурӯғлӣ, Гурғӯлӣ, Кёр-огли, Кёр-оглу, Гёр-огли, Гор-огли бо ин ва дигар унвонҳо ин жанри шифоҳии мардумӣ дар миёни қазоқу қирғиз, ӯзбаку туркман, турку озарӣ, қарақалпоқу тоҷик, аъроб, гурҷӣ, арманиву курд маъруф аст. Ва агар тамомии мисраъҳои ин жанри шифоҳиро бо ҳамаи ин забонҳо гирдоварӣ кунанд, шояд аз садҳо ҳазор байт бештар бошад.
Гурғӯлӣ ва ё гурӯғлӣ? Ин суол ҷавоби содда надорад. Бархе бар назаранд, ки вожаи дуввум аз туркист - яъне баччаи гӯр аст. Аммо дар тоҷикии дарӣ ғӯл ба маънии дев, бузург, паҳлавон ҳам ояд. Пас паҳлавоне, ки аз гӯр баромадааст. Аммо Ҷӯрабек Назриев мегӯяд, муҳим ин нест, ки ин достонро дар нахуст кӣ сароид. Муҳимтар ин аст, ки ин достон ва қаҳрамонҳои он рамзи ватанпаравриву озодихоҳии мардумони мард дар тӯли садсолаҳо будаанд.
Мазмуну мундариҷаи ин достон тақрибан як аст. Падари Гӯрғӯлиро хон кӯр кард. Модарашро ба гӯр андохт. Ӯ дар гӯр таваллуд шудаву ба воя расид, сипас Худо фариштаҳоро ба хидмати ӯ гумошт. Ҳазрати Хизр мададрасони ӯст. Бобои пир ба Гӯрғулӣ аспе тақдим кард. Гӯрғӯлӣ шоҳи ситамгорро кушта, дар кӯҳ Чамбули Мастон-шаҳри озоду ободеро бунёд мекунад, ки дар он дасти ситам кӯтаҳ аст. Ба духтари шоҳи Парӣ издивоҷ мекунад. Писархондаш Аваз дар дифоъи Ватан умре побарҷост. Нураливу Шералӣ - пайвандони дигари ӯ дар оянда муҳофизи диёри озодагон боқӣ мемонанд. 120 сол умр дида, қабл аз фавт ба зулмот ё қаъри замин сафар мекунад... Дар тамоми достонҳо бо ҳама забонҳо Гӯрғӯлӣ, зодаи гӯр, зинда бозпас ба гӯр мешавад…. Ин рамз аст. Рамзи интизорӣ, ки дар ҳама давру замон Паҳлавоне боз аз Хок боло мешавад ва доди мардум аз золим меситонад...