Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарифони Тоҷикистон муайян шуданд


Маросими қуръакашии давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола ва наврасони то 17-сола баргузор шуд.Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Ҷопон, Эрон ва Куриёи Шимолӣ рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Урдун, ба гурӯҳи «В» тимҳои Австралия, Чин, Тайланд ва Имороти Муттаҳидаи Араб ва ба гурӯҳи «D» дастаҳои Ироқ, Малайзия, Вйетнам ва Арабистони Саудӣ дохиланд. Мусобиқоти дастаҳои ҷавонон аз 29 октябр то 12 ноябр дар Ҳиндустон барпо мешавад.

Ҳашт дастаи беҳтарин 6 ноябр дар чаҳорякфинал зӯрозмоӣ мекунанд. Бозиҳои нимниҳоӣ 9 ноябр ва бозии ниҳоӣ 12 ноябр дар шаҳри Калкутта барпо мешаванд. Чаҳор дастаи беҳтарини қорра ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонони то 20-сола, ки соли 2007 дар Канада доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Эрон, Ироқ ва Яман рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» тимҳои Куриёи Ҷанубӣ, Сингапур ва Ҷопон, ба гурӯҳи «С» дастаҳои Куриёи Шимолӣ, Лаос, Мянма ва Арабистони Саудӣ, ба гурӯҳи «D» тимҳои Чин, Бангладеш, Вйетнам ва Сурия дохил шуданд.

Мусобиқот аз 3 то 17 сентябр дар Сингапур доир мешавад. Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 11 сентябр, бозиҳои нимниҳоӣ 14 сентябр ва бозии ниҳоӣ 17 сентябр баргузор мегарданд.Чаҳор дастаи беҳтарин қорраи Осиёро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола, ки соли оянда дар Куриёи Шимолӣ баргузор мешавад, намояндагӣ хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG