Додситонҳои Русия имрӯз аз ҳукми додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург, ки қотилони духтараки нӯҳсолаи тоҷик Хуршеда Султоноваро ба солҳои мухталифи зиндон маҳкум кард, ба додгоҳи олии ин кишвар шикоят бурдаанд.
Наздикони Хуршеда Султонова ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, қотилони духтараки бегуноҳ ҷавонони миллатгарои рус ҳастанд. Аммо додгоҳи Санкт-Петербург муттаҳамон дар қатли Хуршеда Султоноваро бо ҷурми авбошӣ ба зиндон маҳкум кардааст.
Ва дигар ин ки хабаргузории Интерфакси Русия гуфтааст, мақомоти вилояти Красноярск як нафарро дар робита ба латукуби ваҳшиёнаи як муҳоҷири тоҷик дар ин вилоят боздошт кардаанд. Хабаргузорӣ навиштааст, ки барои ошкор кардани ангезаҳои ҷиноят муттаҳам мавриди бозпурсии мақомоти интизомӣ қарор дорад.
Тибқи гузоришро рӯзи якуми апрел як гурӯҳи ҷавонон ба қаҳвахонае, ки муҳоҷири тоҷик онҷо кор мекардааст, ворид шуда ва ӯро ба берун кашида шадидан зарбу лат кардаанд. Вазъи ҷабрдидаро вахим арзёбӣ мекунанд. Гуфта мешавад, зоҳиран ин ҳамла дар заминаи бадбинии нажодӣ сурат гирифтааст.