Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё қотилони Хуршеда ба сазои амалашон расиданд?


Аслан дар равобити Тоҷикистон бо Русия бояд таҷдиди назар шавад. Ин равобит равобите сирф колониалистӣ/истеъморӣ аст ва тоҷикон, бахусус мақомвои давлатӣ ба Русия ҳамчунон аз поён ба боло нигоҳ мекунанд, ки ин уқдаи ҳақорат аст. ва ҳамин аст, ки ҳарчи инҳо бештар назди Путин сар хам мекунанд, ҳамон қадар пасттар шумурда мешаванд ва русҳо ба худ иҷоза медиҳанд бар мо битозанд. Режими кунунии Тоҷикистон ва бисёре аз мақомҳояш дастнишондаи Маскав ва фармонбардори русҳо ҳастанд. Вагарна метавонистанд нажодпарастӣ дар Русияро ба шеваи роиҷ дар равобити байналмилалӣ маҳкум кунанд. Бразил наздик буд барои куштани як шаҳрвандаш тамоми равобиташро бо Бритониё қатъ кунад. Ҳамин шеваи бархурд аст, ки ҳеч аҳаде дар Ғарб наметавонад алайҳи муҳоҷирони ҳиндию покистонӣ ва ховари миёнаиву офриқоҳ ҳатто сухане ношоиста бигуяд. Ин мақомоти мо ҳастанд, ки уқдаи ҳақорат онҳоро назди русҳо сархам кардааст.

Самимона,
Фаромарз
------------------------------------------


Салом бародарон,
Ман як чизро намефаҳмам, чаро дар Тоҷикистон нисбат ба ин ҳукми беадолатона эътироз, раҳпаймоӣ ва ё ягон санади расмӣ интишор намекунанд? Чаро барои кушта шудани як духтараки тоҷик худи аҳолии Петербург тазоҳурот барпо мекунанду мо эътироз намекунем? Манзурам мардуми оддӣ ва рушанфикрону адолатхоҳон аст. Чӣ, ақли мо ба ин намерасад? Меҳаросем? То кай ин ҷабру ситам? То кай моро дар ғурбат мекушанду дар Ватан овоз баровардан намемонанд? Адолатхоҳон куҷоед? Фардо боз мекушанд, мо сар карда аз боло то поён боз ба лаб муҳр мезанем.

Умед аз Маскав
--------------------------------------


Дуруд бар равони поки хоҳари муслим,
Ин масъала ва мисли ин ва даҳҳо ҳодисаҳои дилхарошу нангин муттассифона рух хоҳанд дод ва ҳукмҳои додгоҳҳо низ ҳамин тавр хоҳанд буд, чун мушкили асосӣ аз тарафи худи мост. Чаро?
Чун ҳукумати мо агар як дарсади таваҷҷуҳаш ба раққосаҳо ва гуруҳҳои сурудташкилкуниҳо ба самти дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш равона кунад, ин мушкил ҳал хоҳад шуд, вале... манофеъи миллат ва ҳайсияту арзиши он дар дараҷаи охир қарор дорад. Аммо мешавад аз як роҳи ҳал истифода кард. Эҷоди ҳисси худшиносӣ ва худбоварӣ дар миёни муҳоҷиронамон дар руссия ва ҷалб кардани таваҷҷуҳи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ ба ҷои тақвияти маҳалгароӣ ба хотири таъсиси ниҳодҳо ва касъи даромад ба таҳкими миллатдустӣ бипардозанд. Ба назари ман, дар чунин шароит, ки миллати мо гирифтори вируси маҳалгароист, миллатгароӣ ва патриотгароӣ амри зарурист ва аз чаҳорчуби мантиқу конвенсиюнҳо ва муъоидаҳо хориҷ нест. Аз ҳизби демократ (бо ҳар ҳадафе ҳам, ки бошад) ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи ХУРШЕДА, ки дар воқеъ дифоъ аз ҳуқуқи миллат аст сипосгузорам.
Ба умеди он ки сартарошидаҳо бесар шаванд!

Алӣ
------------------------------------


Салом ба онҳое, ки мардонавор ба баҳс ҳамроҳ мешаванд.
Як суол ба намояндагони додгоҳи шаҳри Санкт Петербурги Русия аз тоҷикистониён: Бигӯед, ки дар кадом давлати ҷаҳон одамкушро "авбош" унвон кардаанд?
Далер дар поён дуруст нигоштааст, ки мо ғуломи "бародарон" шудаем ва тибқи суннати шарқӣ "бародар" ҳар чӣ гуяду ҳар чӣ хоҳад, "таҳаммул" мекунем. Ин аст, ки "бародарон" "додаронашон"- ро зери "тарбия"-и худ гирифтаанд, то рафторашон "аз ҳад нагузарад". Бемуҳобо дилам барои миллати меҳандӯстам месӯзад, ки бо таҳдиди фалаки каҷрафтор ва мушкилоти рӯзгор рӯ ба муҳоҷират меовараду ҷони ширинашро дар хатар мегузорад. Дирӯз як дӯстам, ки аз Русия баргаштааст, гуфт, шабонгоҳ аз тарс тамоман хобаш намебарад, то мабодо "бемӯй"-ҳо ё скинҳедҳо омада сарашро нагиранд.
Ва дар охир як андарз:
Ғуломеро бо дасти баста меоранду ба сараш равғани тафсон мерезанд ва мепурсанд:
- Чӣ хел буд?
- Мегузарад,- базур посух медиҳад ғулом.
Ба ҳамин хотир имрӯз ҳам аз сари миллати мо мегузарад, аммо сафаҳоти он барои таърих ҳамчун рақами "телефон" барои "рӯзе" боқӣ хоҳад монд!!!
Аз навмедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.


Фурутани Фаррухзод
_______________________

Ман фикр мекунам ҳукми дуруст нест, ҳарчанд мегӯянд, ки "гадо дар мулки худ шоҳ аст". Оилаи Хуршеда барои чӣ ба Русия рафт? Бисёриҳо ҷавоб хоҳанд дод, ки аз зиндагии вазнин дар Тоҷикистон. Агар зиндагӣ вазнин бошад, кӯшиш кунед, ки сабукаш кунед, на ин ки аз вазнинӣ гурезед.
Дар Русия хоҳед-нахоҳед, беҳуқуқед. Наоед ин ҷо! Хуни ғулом дар ягон давру замон арзише надошту надорад!
Бидуни имзо
--------------------------------------

На! Ҳаргиз қотиле, ки дар асоси кинаву адовати мазҳабиву миллӣ (фарқ байни ранги пӯсти инсон!!!!) ҷинояти сангин содир мекунад, авбош нест. Банда қариб рӯз дар миён шурӯъ аз оғози қазияи Хуршедаи ноком (мисли ин нафар ҳазорон тоҷики бечораи дигар низ ба ин мушкилот рӯ ба рӯянд) дар ҷараёни қазия ҳастам ва чун як хабарнигор дар нашрҳои хабарӣ ҷузъиёти парвандаро ба самъи шунавандагони "Русское радио-Ориёно" мерасонам. Боиси нигаронист, ки мақомоти додгоҳии пойтахти шимолии Русия баҳои сазовореро ба ин афроди ҷиноятпеша надод. Гузашта аз ин, қотил магар авбош аст? Тоссарҳо ё скинҳеду неофашистҳои навбаромади Русия ба дараҷае ба ифрот даст задаанд, ки моҳе қабл як нафари онон ба синагоги яҳудиёни Маскав ҳуҷум карда, 8 нафарро захмӣ кардааст, чанд рӯз пеш бошад вазири фарҳанги Қабардину Балқарро латукӯб карданд. Корманди НТВ-ро дар метро хуншор карданд... Ин гуна мисолҳо зиёданд ва чаро ҳукумати Русия пеши роҳи ин раванди номатлубро намегирад? Ва ё шояд гирифта намехоҳад? Ин суолҳо посухҳои ҷиддиро тақозо доранд. Боиси ёдоварист, ки сафири мухтори Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов куштори Хуршедаи нӯҳсоларо "бар пояи адовати нажодӣ" ба қалам дода гуфтааст, ин ҷинояти даҳшатзо бояд на чун як авбошии оддӣ, балки ҳамчун куштор дар асоси адовати миллӣ баррасӣ шавад. Шояд мақомоти зирабти Русия низ ҳамовоз мешаванд? Ё бар сари тоҷики сарсахт ҳар чӣ ояд, бигзарад?
Маҳмудзода
---------------------------------------

Биёед як нуктаи дигареро аввалан зикр намоем, ки хулосаи мо ҳассосона садо надиҳад. Яъне, гӯё аз се як қисми мардуми мо дар ғурбатанд ва табиист, ки онҳо низ аз аҷал дур буда наметавонанд. Масалан, буд чунин ҳодисае, ки нисбати духтари рӯзноманигори кишварамон - Лолита рух дод (дар дохили Тоҷикистон). Яъне ҷоҳилӣ на марз дораду на нажод. Вале бо он ки мо ғуломи "бародарон" шудаему эшон ба мо чунин подош медиҳанд, сахт аламовар аст. Аз тарафи дигар шояд, таги коса нимкоса ҳам бошад?!
Мехоҳам як қонуни байналмиллалие арзи вуҷуд кунад, ки барои мисол шаҳрванди ин ё он кишвар дар хориҷа ҷабр бинад, он золимро ба кишвари шахси мазлум оранд ва ҳукмашро бароранд.
Далер
---------------------------------------

Ман ба чатхонаҳои русӣ даромадам ва бо чанд кас баҳс кардам. Онҳо мегӯянд, ки агар Додгоҳи Олӣ қотилонро 10 - 15 сол аз озодӣ маҳрум кунад, аъзои Додгоҳро бо аҳли оилаашон мекушанд.
Оё касе онҳоро мехӯронад ? Оё касе ба онҳо пул медиҳад ? Албатта "спонсор" ба онҳо пул медиҳад ва хоҳиш мекунад, ки рафта фалониро кушед! Дар кисаи Додгоҳи олӣ пашша нест, ПУЛ МЕДИҲАНД, то ки кисааш серсӯм шаваду қотилонро аз озодӣ ба мӯҳлати кам маҳрум кунад!
дмэкс
----------------------------------

Салом кормандони радиои Озодӣ, салом аз номи бародари мушфиқи шумо Диловаршоҳ аз шаҳри Миср, хайр худо ҳофиз.
Диловаршоҳ
--------------------------------------------

Назари ман ин аст, ки ҳукми додгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия умуман қобили қабул ва аз руйи адолат нест. Магар қотил метавонад авбош бошад? Ҳаргиз не! Касе гӯяд, ки авбошӣ аст, омодаи баҳсам бо ӯ. Андешаҳои худро роҷеъ ба ин мавзӯъ дар шумораи навбатии моҳномаи "Ориёно" нигоштаам ва пас аз мутолиа метавонем бо даъвогарон баҳс бикунем.
Қотил ҳамеша қотил буд, ҳаст ва хоҳад монд. Махсусан, қатле, ки дар ҳошияи нафратҳои миллӣ-нажодӣ сурат гирифтааст.
Илҳомҷон Ҳамидов
XS
SM
MD
LG