Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, моҳи январ 99 миллион доллар қарзи Тоҷикистонро ботил кардааст. Қарзи Душанбе аз ин ниҳоди молӣ ҳудудан 45 миллион доллари дигар боқӣ мемонад. Карлос Пинеруа, раҳбари намояндагии Сандуқи Байналмилалии Пул дар ин ҳафта дар пайи мулоқоташ бо раҳбарияти Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод дар садади шурӯъи як барномаи нави сесолаи ҳамкорӣ ба манзури мубориза бо фақр дар Тоҷикистон мебошад. Ҳазинаи ин барномаи ҷадид 120 миллион доллар ҳисоб шудааст.
Вазорати иқтисоди Амрико мегӯяд, таносуби манфии тавозуни пардохтҳои Амрико дар соли гузашта ба таври бесобиқа афзуда ва ба 805 миллиард долллар баробар шудааст, ки назар ба як соли пеш 20 фоиз бештар аст.
Як иллати чунин ҳол, ба гуфтаи вазири тиҷорати Амрико Карлос Гутерес, таносуби фавқулода манфӣ дар табодули молу коло бо Чин ва сиёсати ревалвейшн ё худ баҳогузории муҷҷадади қурби юан, пули миллии Чин будааст.
Бино бар маълумотҳои оморӣ, Тоҷикистон аз аввали сол ба хориҷ 24 500 тонна пахта фурӯхтааст. Фурӯши нахи пахта ҳафтяки содироти кишварро ташкил дода, имсол ҳар тоннааш ба ҳисоби миёна ба қимати 1 127 доллар ба фурӯш рафтааст, яъне 161 доллар гаронтар аз як соли пеш. Бо ин ҳол, бунгоҳи иттилоотии "Анитекс" нархи миёнаи як тонна нахи пахта дар бозорҳои Маскавро дар ин ҳафта 1389 доллар ҳисоб кардааст. Ва нархи як фунти пахта дар биржаи НюЙорк дар ин ҳафта 90 сент пойин рафта, 58 доллару 65 сентро ташкил дод.
Ширкати "Роснефт" 482 миллион доллар баргаҳои қарзи ширкати "Юкос"-ро аз иттиҳодияи бонкҳо мавсум ба Сосейт Ҷенерал харидааст. Дар моҳи декабр Роснефт корхонаи "Юганскнефтегаз", бузургтарин корхонаи нафткаши марбут ба "Юкос"-ро дар ивази тақрибан 9,5 миллиард доллар аз як ширкати ношиноси "Байкалфинансгруп" харидорӣ карда буд. Ҳафтае пеш як гурӯҳи бонкҳои хориҷӣ аз додгоҳи иқтисодии Маскав хостанд масъалаи варшикастагии ширкати "Юкос"-ро баррасӣ кунад. Раҳбари "Юкос" Михаил Ходорковский аз тирамоҳи соли 2004 дар боздошт ба сар мебарад.
Корхонаи алюминсозии Регар имсол ба хориҷ алакай наздики 63 000 тонна алюминиум фурӯхта, аз ин ҳисоб чизе бештар аз 150 миллион доллар ба даст овардааст. Тақрибан 80 дарсади алюминиуми Тоҷикистон ба Ҳолланд фурӯхта шудааст. Нархи як тоннаи алюминиуми навъи олӣ дар ин ҳафта дар биржаи Ландан 2370 доллар ва барои қарордодҳои семоҳа 110 доллар афзуда ва 2475 доллар шудааст.