Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Лукашенко дар мақомаш монд?


Мондани Аляксандр Лукашенко дар мақоми раёсати ҷумҳурии Белорус барои севвумин давраи мутаволӣ аз аҷоиби рӯзгор нест ва аксаран ин барояндро аз пеш интизор доштанд.

Бо вуҷуди ин, танҳо ҳаводорони нирӯҳои мухолифи давлати Белорус нестанд, ки муътақиданд интихоботи рӯзи якшанбе дар кишварашон бо мавориди бешумори тақаллубу ҷаъли оро ҳамроҳ буда. Як узви аршади порлумони Иттиҳодияи Урупо низ тамомии корзори интихоботии Белорусро "тақаллубӣ" унвон кард ва Бенита Ферреро-Валднер - кумисери равобити хориҷии ин иттиҳодия гуфтааст, ки "ба эҳтимоли зиёд" Урупо алайҳи Белорус таҳримоте вазъ хоҳад кард.

Аммо мақомоти Белорус иддаъоҳои мабнӣ бар тақаллуби ороро намепазиранд.

Лидя Ярмошина - раиси Кумисюни марказии интихоботи Белорус пас аз бозшумории оро эълом кард, ки дар интихоботи рӯзи якшанбе Аляксандр Лукашенко бо касби 82.6 дарсади оро баранда шудааст ва ин ки 93 дарсади мардуми воҷиди шароити раъйдиҳӣ пои сандуқҳои раъй рафтаанд. Бону Ярмошина, ҳатто қабл аз он ки нозирони интихоботии Созмони амният ва ҳамкории Урупо назаре бидиҳанд, гуфт, ки назари ин созмон "бад на, балки хеле бад" хоҳад буд.

Бино ба додаҳои Кумисюни марказии интихобот, Аляксандр Милинкевич - номзади аслии мухолифон танҳо 6 дарсади ороро ба даст овардааст. Оқои Милинкевич натоиҷи раъйгириро қабул надорад ва муътақид аст, ки мақомот натоиҷро ба суди худ тағйир додаанд:

"Мо пирӯз шудем. Муҳим нест, ки мақомоти кумисюни интихоботӣ чи арқомеро эълом мекунанд. Арқоми кумисюн масхара аст. Дар ниҳоят мо баранда шудем, зеро мардум акнун бовар доранд, ки қодир ба мубориза барои озодӣ, ростӣ, адолат ва шаъну шарафашон ҳастанд. Мақомот онҳоро таҳдид мекарданд, мегуфтанд, ки дар миёни тӯдаҳо терруристҳо барномаҳое рехтаанд, аммо сарфи назар аз ин ҳама талоши мақомот, мардуми бешуморе пои сандуқҳои раъй рафтанд. Ин як намунаи пирӯзӣ бар тарсу ваҳшат аст".

Аммо вокуниши Аляксандр Казулин, яке дигар аз 4 номзади интихоботӣ, ки Кумисюни марказии интихобот саҳми ӯ аз орои мардумро каме бештар аз як дарсад эълом кард, ба шарҳи зер буд:

"Ман фикр мекунам, ки имрӯз як иттифоқи бисёр муҳим уфтод: Белорус озодиро эҳсос кард. Мо аз ҳамаи мардуми кишвар мехоҳем, ки рӯзи душанбе ба майдони Уктубр биёянд. Рӯзи душанбе зангӯлаи озодӣ садо хоҳад дод. Ин оғозе барои тағйирот дар Белорус хоҳад буд. Мардуми Белорус наметавонанд мисли собиқ зиндагӣ кунанд. Ба бовари ман, мо ба кишваре мутамаддин ниёз дорем. Аз ин рӯ мо тақозо мекунем, ки натоиҷи хандадори интихобот лағв шавад. Рӯзи душанбе рӯзи сарнавиштсозе хоҳад буд".

То кунун ҳич як аз раҳбарони мухолифон дар Белорус сароҳатан хостори роҳандозии инқилобе рангин нашудааст, аммо даъвати онҳо ба талоши мардум дар лағви натоиҷи интихобот ва эҳтизози парчами зарду обиранги Укроин дар миёни тазоҳуроти якшанбешаби мухолифон ҳокӣ аз як навъ умеди такрори таҳаввулоти мавсум ба "Инқилоби норинҷӣ"-и кишвари ҳамсояшон дар Белорус аст. Интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2004 дар Укроин, ки мамлӯ аз мавориди нақзи қонуни интихобот ва тақаллуби оро буд, даҳҳо ҳазор нафарро ба хиёбонҳо овард ва дар авоили соли 2005 ба тағйири қудрат дар он кишвар анҷомид. Шабоҳатҳое дар корзори интихоботии ду кишвари ҳамсоя низ мухолифони оқои Лукашенкоро беш аз пеш умедвор мекунад. Натоиҷи аввалияи интихоботи Укроин низ муболиғаомез ба назар мерасид, то Виктор Януковичро пирӯзи мутлақи интихобот ҷилва диҳад. Аммо фишори тӯдаҳои васеъи мардум мақомотро водошт арқоми воқеъиро эълом кунанд, ки ҳокӣ аз шикасти оқои Янукович ва пирӯзии рақибаш Виктор Юшченко буд. Аз нахустин вокунишҳои Иттиҳодияи Урупо дар мавриди интихоботи Белорус низ чунин бармеояд, ки Урупо онро ҳамонанди интихоботи соли 2004-и Укроин намеписандад ва мунсифона намедонад.

Бо вуҷуди ин ҳама шабоҳатҳо, бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки такрори таҳаввулоти Укроин дар Белорус дар марҳилаи кунунӣ баъид аст. Ба гуфтаи ин соҳибназарон, ибтилои ҳукумати Виктор Юшченко ба фасоди молӣ, ки оғози давраи раёсати ҷумҳурии ӯро таҳтушшуъоъ қарор дод ва истифодаи Русия аз аҳрумҳои фишораш, ба монанди афзоиши қимати гози содиротии Русия ба Укроин, аз ҷумлаи омилҳоест, ки эҳтимоли туғёни мардум дар Белорусро камрангтар кардааст.

Русия барои давлати оқои Лукашенко имтиёзоте қоил аст, ки ҳамакнун Укроин аз онҳо бебаҳра мондааст. Барои намуна, Белорус воридкунандаи арзонтарин гози содиротии Русия аст ва дар изои ҳар ҳазор метри мукаъъаби он танҳо 49 дуллор мепардозад, дар ҳоле ки ахиран қимати гози Русия барои Укроин ба маротиб афзоиш ёфт ва эҳтимоли афзоиши бештари он дар оянда ҳамчунон матраҳ аст.

Юрий Дракахруст, аз таҳлилгарони бахши белорусии родю Озодӣ бо таъйиди ин назар мегӯяд:

"Шояд ин назаре, ки шумо матраҳ кардед, дуруст бошад. Аммо мо медонем, ки ҳич инқилобе умеду орзуҳои мардумро батамом бароварда намесозад. Вале воқеъан, ҳам давлат ва ҳам мухолифони давлати Белорус аз инқилоби Укроин дарсҳое барои худ гирифтанд. Ва шояд битавон гуфт, ки давлати Укроин аз ин инқилоб истифодаи коромадтаре кард, то бақои худашро аз роҳи таҳдиду иръоб ва боздошту саркӯби мухолифон тазмин кунад. Ин тадбирҳои давлат натоиҷе ба бор овард, ки мо дидем. Дидем, ки дишаб дар майдони шаҳри Минск ҳудуди 20 000 нафар гирдиҳам омаданд, на 200 000 нафар, он тавре ки дар Укроин иттифоқ уфтода буд".

Вале аксари коршиносон бар сари ин мавзӯъ иттифоқи назар доранд, ки таҷаммӯъи ҳатто 20 000 нафар дар майдони Минск барои Белорус, ки дар панҷаи раисиҷумҳурии худкомае қарор дорад, таҳаввули қобили мулоҳизаест ва метавонад дар воқеъ оғозе бошад барои таҳаввулоти фарогиртар.
XS
SM
MD
LG