Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди манъи парвози Душанбе--Мюнхен


Коршиносони Иттиҳоди Аврупо дар риштаи ҳавонавардӣ номгӯи ширкатҳоеро омода карданд, ки парвози ҳавопаймоҳояшон бар фарози Аврупо ба иллати ноамнӣ ва ё камбуди фаннӣ мамнӯъ хоҳад буд. Аммо Кумисюни Аврупо мегӯяд, номи ин ширкатҳоро танҳо баъд аз ризоияти ҳамаи аъзои Иттиҳоди Аврупо дар ҳафтаи оянда эълон хоҳад кард.
Пешнависи ин, ба истилоҳ "номгӯйи сиёҳ", аз пешниҳодҳои ҷудогонаи кишварҳои узв таркиб ёфта, афзоиши тасодуфҳои ҳавоӣ дар осмони Аврупо дар соли гузашта шумораи ширкатҳои, ба истилоҳ "парвозмамнӯъ"-ро густариш додааст.
Феълан дар ин масъала ҳар кадоме аз аъзои Иттиҳоди Аврупо номгӯйи ширкатҳои дилнохоҳи худро дорад. Чунончи, Бритониё парвози ҳавопаймоҳои Тайиланд, Тоҷикистон, Қирғизистон ва як қатор кишварҳои Африқоро манъ карда, Фаронса ба парвози ҳавопаймоҳои Либериё, Кореяи Шимолӣ роҳ намедиҳад. Чаҳор кишвари Иттиҳод ҳамчунин парвози ҳавпаймоҳои Туркияро мамнӯъ эълон кардаанд, дар ҳоле ки Белгия онҳоро мепазирад.
Кумисюнери умури нақлиёт дар Иттиҳоди Аврупо, Ҷак Баррот мегӯяд, акнун як номгӯи ягона эълон хоҳад шуд, ки масъаларо дар саҳти тамоми иттиҳод ҳал хоҳад кард.
Боқӣ мондани Тоҷикистон дар ин номгӯй мумкин аст, ягона парвози аврупоии ширкати ҳавоии Тоҷикистонро, ба шаҳри Мюнхени Олмон, баҳам занад. Дар худи Тоҷикистон низ сафирони Иттиҳоди Аврупо аз шеваи кори ин ширкат ба ҳукумати Тоҷикистон шикоят кардаанд. Ахиран раҳбарияти ин ширкат иваз карда шуд, аммо ҳанӯз аз тағйири ҷиддие дар кори он хабар нарасидааст. Ҳамчунин барномаи харид ё кирояи ҳавопаймоҳои нави Боинг ё Айрбас, ки бе қарзҳои бузурги хориҷӣ номумкин аст, бештар дар рӯйи коғаз вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG