Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги шаҳрвандони тоҷик дар Маскав ва Кобул


Нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта Ҳафтаномаҳои чопи Душанбе дар шумораҳои нави худ мавзӯъоти мухталиферо пайгирӣ кардаанд.

Фурӯ рехтани боми бозори Басманная дар Маскав ва зери харобаҳои он ҷони худро аз даст додани шаҳрвандони тоҷик аз мавзӯъоте буд, ки дар нашрияҳои Тоҷикистон бозтоб ёфта буд.

Нашрияи «Зиндагӣ» бо чопи аксе аз харобаҳои Басманная дар саҳифаи аввали худ навиштааст, дар Маскав бозоре нест, ки дар он тоҷикон кор накунанд. Ва ин аст, ки дар феҳраси ҳар як ҳодисаи нохуше исми шаҳрвандони кишвари ба истилоҳи ҳафтанома кӯчаки Тоҷикистон зикр мешавад.

Дар шумораҳои ин ҳафтаи нашрияҳо мавзӯъоти мухталифи байналмилалӣ низ мунъакис гардида буд.

Хабарнигори «Азия-Плюс» дар Афғонистон дар гузориши худ аз ошӯби зиндониёни Пули Чархӣ дар даҳкилометрии Кобул навиштааст, дар натиҷаи фурӯ нишондани ин ошӯб як шаҳрванди Тоҷикистон, маҳбуси ин зиндон низ кушта шудааст ва ҳанӯз исмаш эълом нашудааст. Пули Чархӣ зиндони азимтарин дар Афғонистон буда ва дар он чаҳор ҳазор маҳбус нигоҳ дошта мешудааст. Бино бар навишта, теъдоди ошӯбгарон беш аз ду ҳазор будааст.

«Миллат» матлабе дар бораи қазияи Эрон ва эҳтимоли ҳуҷум ба ин кишвар чоп кардааст. Навишта шудааст, Амрико ба ҳаводиси Ховари Миёна бо чашми Исроил менигарад ва Исроил хостори ҷанг бо Эрон мебошад. Дар матлаб омадааст, дорои силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон амрикосолориро дар ҷаҳон барҳам медиҳад. Ва аммо беэътиноии низоми ҳоким дар Эрон дар муносибат бо мардуми оддӣ метавонад дар дохили ин кишвар инқилоби рангаро аланга бидиҳад, навиштааст муаллифи матлаб. Дар хулосаи ин навишта омадааст, Эронро агар аз дохил нашкананд, дигар хел он намешиканад.

«Зиндагӣ» баёнияи сафорати Эрон дар Душанберо дар бастагӣ ба барномаи ҳастаии ин кишвар нашр кардааст. Дар ин баёния омадааст, Эрон мӯътақид ба ҳамкории мусолиматомез бо ҷаҳони ғарб ва мухолифи равишҳое мебошад, ки оромишу сулҳи байналмилалиро барҳам мезананд. Дар баёния навишта шудааст, Эрон омода аст, як консорсиюми ҳастаиро бо ширкати дигар кишварҳо бипазирад ва бо ҳар кишваре ба ҷузъ Исроил ҳамкорӣ намояд.

Ҳафтаномаи «Наҷот» дар як мақолае зери номи «Ҳамос дар арсаи сиёсат» дар бораи таърих ва аҳдофи ҳаракати Ҳамос навиштааст. Муаллифи матлаб навиштааст, ба дунболи шинохти расмии пирӯзии Ҳамос дар интихоботи Фаластин аз ҷониби Русия ва даъвати зуъамои ин ҳаракат ба Маскав, Иттиҳоди Аврупо низ қаноти сиёсии Ҳамосро чун нерӯи созанда эътироф кардааст. Дар матлаб мехонем, пуштибонии абарқудрате ба мисли Русия аз Ҳамос нигоҳи кишварҳо ва сиёсатҳоро ба ин ҳаракат тағйир медиҳад.

Ҳафтаномаи «Азия - Плюс» аз қарзҳои берунаи Тоҷикистон ёдовар шудааст. Баъд аз бахшида шудани 99 миллион доллар қарзи Тоҷикистон аз ҷониби Сандуқи байналмилалии асъор ва эҳтимоли бахшида шудани қарзҳо ҳамчунин аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, қарзи берунаи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди нӯҳсад миллион долларро ташкил медодааст.

Дар идомаи матолиби иқтисодӣ. «Вечерний Душанбе» бо такя ба гузориши Иттиҳоди байналмилалии моликияти зеҳнӣ навиштааст, дар соли 2005 истифодаи бидуни иҷоза ва ғайриқонунӣ аз моликияти ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон ба ин ширкатҳо панҷ миллион доллар зарар ворид кардааст.

«Ҷавонони Тоҷикистон» гузорише аз санҷиши комиссияи давлатӣ аз диско клабҳои Душанбе чоп кардааст. Дар натиҷаи он, наврасоне боздошт шудаанд, ки ба танфурӯшӣ ва талбандагӣ машғул будаанд. Гузориш зери унвони «Як қадам то бадахлоқӣ» нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG