Барги Сабз: Лутфан, сабабҳои асосии пайдоиши бемориҳои дилро номбар кунед?
Петр Лузум: Зиндагии камҳаракат, фишори асабӣ, фарбеҳӣ, режими нодурусти хӯрок, сигоркашӣ, бетаваҷҷӯҳӣ ба фишори баланди хун ва албатта, сабабҳои ирсӣ.
Пайдоиши бемориҳои дил пеш аз ҳама ба тарзи зиндагии инсон робита дорад. Ҳамчунин фишори баланди хун, бемории қанд ва дараҷаи баланди холесторол хатари амрози дилро афзоиш медиҳад.
Б.С. Барои ҷилавгирӣ аз бемориҳои дил чӣ бояд кард?
П.Л. Ба вазни худ таваҷҷӯҳ кунед, зеро фарбеҳӣ яке аз сабабҳои пайдоиши бемории дил мебошад. Дуввум, ҳаракати ҷисмонӣ кунед. Барои онҳое, ки зиндагии камҳаракат доранд, мо машварат медиҳем, ҳафтае се то чаҳор маротиба то бист дақиқа тамрини бадан кунанд. Севвум: Онҳое, ки фишори хунашон баланд аст, бояд бо машварати духтур ва бо кӯмаки доруву режими хӯрок ҳамеша фишори хунро зери назорат дошта бошанд. Чаҳорум, кӯшиш кунед, ки зиёд худро зери фишори асабӣ ва ғаму ташвиш нагузоред. Фишори асабӣ ва ташвиши дарозмуддат як сабаби муҳими пайдоиши бемории дил мебошад. Аз одамон ва аз ҳолату шароите, ки шуморо фишори асабӣ медиҳанд, то метавонед, худро дур кунед. Агар шумо дар ҷое кор мекунед, ки талаботи аз ҳад зиёд дорад ва шумо аз ӯҳдааш намебароед, беҳтар аст, ки онро тарк кунед.
Б.С. Оё таркиби хӯроке, ки мо истеъмол мекунем ба пайдоиши бемории дил робита дорад?
П.Л. Хӯроке, ки аз ҳад зиёд калория ва чарбӣ дорад, барои дил хуб нест. Истеъмоли хӯрокҳои дар равғани зиёд бирёншуда низ кори чандон дуруст нест. Дар мавриди гӯшт бояд гуфт, ки барои ҳифзи саломатии мо гӯшти моҳӣ, мурғ ва харгӯш дар муқоиса бо гӯшти хуку гову гӯсфанд беҳтар аст. Ман машварат медиҳам, ки барои ҷилавгирӣ аз бемориҳои дил бештар сабзавот ва мева истеъмол кунед.
Б.С. Оё одамон ба мақсади ҷилавгирӣ аз бемориҳои дил дар чанд муддат як бор ба духтур муроҷиат намоянд?
П.Л. Ҳамаи онҳое, ки синнашон аз 40 - 45 сол бештар аст, бояд соле як бор барои тафтиши умумии саломатиашон ба духтур муроҷиат кунанд. Табиб фишори хун, таркиби хун ва вазъи дили онҳоро ташхис мекунад ва машварати муносиб медиҳад ва авомили мавҷудаи хатарро шарҳ медиҳад.
Б.С. Оё барои ҷилавгирӣ аз ин бемориҳо ба ҳаводорони маҷаллаи Барги Сабз кадом паёме доред?
П.Л. Ҳамеша ба таври мусбат, хушбинона фикр кунед, хуш бошед, вазни худро назорат кунед, сигор накашед ва аз зиндагӣ лаззат баред.