Давлатманди Хол, овозхони шинохта ва яке аз тарғибгарони мусиқии суфиёнаву мардумӣ китоберо дар бораи мусиқии малакутии "Фалак" омодаи нашр кард. Дар сӯҳбат бо маҷаллаи "Ганҷина" Давлатманди Хол гуфт, дар ин китоб, аз як сӯ ба ба вижагиҳои ин мусиқии волои мардумӣ таваҷҷуҳ кардааст ва аз сӯи дигар собит кардааст, ки барои адворбардории он аломатҳои фавқулишора заруранд: