Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заррабин: Одоби касбии журналист


Вақте аз муҳаққиқони рӯзноманигории тоҷик суол мекунам, ки оё меъёрҳои этика, ё одоби касбии рӯзноманигорӣ дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон риоя мешаванд, онҳо ин мисолҳоро ба далели ҷой доштани беодобии бархе расонаҳо пеш меоранд. Баъзе коршиносон сабаби риоя нашудани меъёрҳои одоби касбиро аз тарафи рӯзноманигорони тоҷик дар набудани як Кодекси одоби касбии хабарнигорон медонанд. Воқиан, Тоҷикистон аз ҷумлаи камтарин давлатҳоест, ки чунин кодексро надорад. Қироншоҳ Шарифзода, раиси Анҷумани рӯзноманигорон бо номи «Ҳамкории иҷтимоӣ» бар ин назар аст, ки набудани чунин як Кодекси одоби касбӣ ба рӯзноманигорон ҳақ намедиҳад, ки меъёрҳои одоби касбӣ риоя нашаванд. Ӯ мегӯяд, сатҳи касбияти рӯзноманигорони тоҷик беҳбуд мехоҳад ва дар ҳоли ҳозир таҳия ва қабули Кодекси одоби касбии рӯзноманигорӣ бас зарур аст:

«Дар Тоҷикистони мо низ дар соҳаи журнализм дар пайравӣ ба кишварҳои мутамаддин ҳоло гуфтугузоре ҳам ба миён омадааст, ки барои ба танзим даровардани риояи меъёрҳои одоби касбӣ дар матбуот ва умуман, дар соҳаи иттилооти оммавӣ, як дастуре бояд тадвин гардад. Яъне ин дастур ба мисли Кодекси одоби журналист бошад, ки дар кишварҳои дигар вуҷуд дорад. Ҳатто ман ёд дорам, ки се-чор сол қабл ин мавзӯъ дар доираҳои журналистони мо ба сурати ҷиддӣ мавриди баррасӣ ҳам қарор дошт. Як созмони маҳаллии журналистӣ дар мавриди таҳия ва қабул кардани Кодекси одоби журналист иқдоме ҳам карда буд, вале ин кор дар нимароҳ монд ва имрӯз агар ба фикри аксарияти журналистон такя кунем, чунин як дастури одоби касбии журналист ба таври расмӣ таҳия ва қабул кардан зарур аст».

Илҳомҷон Ҳомидов, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, меъёрҳои одоби касбӣ бештар дар расонаҳои электронии ахбор, бавижа дар барномаҳои радиоҳои ғайриҳукуматӣ вайрон мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол як сабаби коҳиш ёфтани нуфузи бархе аз ин расонаҳо маҳз дар риоя нашудани ахлоқи касбӣ бошад:

«Мисолҳо дар ин маврид зиёданд. Масалан, як ҳафта қабл ҳам аз тариқи родиёи «Ватан» ва дар рӯзи дигар тавассути «Аsia-plus» барномаи мустақими шоу пахш мешуд ва ровиёни барнома нисбат ба шунавандагон беэҳтиромиҳо мекарданд. Шунаванда ба радиё занг мезанад, мехоҳад бо онҳо сӯҳбат кунад, аммо ровиён мисле ки бо додару хоҳарашон сӯҳбат мекарда бошанд, бо онҳо берун аз одоби муошират гап мезананд. Шунаванда кӯшиш мекунад, ки ба забони адабии тоҷикӣ ҳарф занад, аммо ди-ҷейҳо ба ҳоли онҳо механданд, гӯё ки забони адабиро танҳо онҳо аз ҳама хуб медонанд».

Ва аммо, Дилбар Исматова, хабарнигори радиои давлатии «Садои Душанбе» иддао дорад, ки меъёрҳои одоби касбӣ бештар аз сӯйи матбуот риоя намешавад. Ба гуфтаи хонум Исматова, аксар кормандони расонаҳои гурӯҳӣ аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои касбии худ чандон бархӯрдор нестанд ва намедонанд, ки фаъолияти худро чӣ тавр ба роҳ монанд. Дар саҳифаҳои матбуот матолибе интишор мешавад, ки пур аз хатоҳои имлоиву услубиянд, баъзан аз навиштаҳо бӯйи ғараз меояд ва хабарнигорон ба эҳсос дода мешаванд, масъаларо мунсифона баррасӣ намекунанд:

«Ин чизро ман дар саҳифаҳои матбуот бештар мушоҳида мекунам. Махсусан мисолҳои ба иззати нафси як нафар расидан хеле зиёданд. Ҳамчунин журналистон дар инъикоси баъзе масъалаву қазияҳо ғайримунсифона амал мекунанд, аз ин ё он тараф ҷонибдорӣ ҳам мекунанд. Вазифаи хабарнигор, ки аслан иншои ҳақиқат ва воқеият аст, ин чиз гоҳ-гоҳе эҳсос намешавад. Ва ҳатто миёни расонаҳои гурӯҳии ҳам байналмилалӣ ва айни расонаҳои хориҷию ҳам ватанӣ гоҳе ин мушкил ҳам ҳаст, ки масалан вақте иттилоъро аз як манбаъ мегиранд, ба он истинод намекунанд, ки ин берун аз одоби касбист».

Коршиносон ақида доранд, ки риояи меъёрҳои одоби касбӣ ба маълумот ва маҳорати касбӣ ва маърифати ҳуқуқии ҳар як рӯзноманигор вобаста аст. Аъзамҷон Азимов, масъули бахши родиё телевизиони факултаи рӯзноманигории донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, бояд барои кормандони расонаҳои гурӯҳӣ давраҳои омӯзишӣ доир ба риояи одоби касбӣ дар аснои фаъолияти эҷодӣ доир карда шавад. Ӯ мегӯяд, аксар кормандони расонаҳои кишвар хабарнигорони касбӣ нестанд, яъне дар риштаҳои рӯзноманигорӣ таҳсил накардаанд, ки ин боиси дар баъзе ҳолат риоя нашудани одоби касбӣ ва ҳатто қонуншиканиҳо мегардад:

«Масалан ман дар хотир дорам, яке аз журналистони хеле шинохтаи Тоҷикистон саволи таҳдор ба яке аз роҳбарони собиқи ҷумҳур медиҳад, ки охирин маротиба шумо кай арақ нӯшида будед? Дахолат ба ҳаёти шахсӣ, новобаста ба ин ки вай шахси мансабдор аст ё шаҳрванди қаторӣ ва пурсидани ин ки кай арақ менӯшед, чаро менӯшед, ин ба иззати нафси касе расидан аст ва ин кор берун аз этикаи касбии журналистист. Журналистони мо барои он ки шахси мусоҳиб, хоҳ роҳбари идораву ташкилот бошад, ё масъули ягон ҳизб ана ҳамин гуна саволҳои таҳдори бемаънӣ медиҳанд, аз ин саволу ҷавобе, ки сурат мегирад, натанҳо обрӯи журналистонро мерезонад, балки аслан ин гуна саволгузорӣ барои ҷомеаи мо қобили қабул нест».

Коршиносони соҳа мегӯянд, усулан, рӯзноманигорон аз рӯйи тақозои касб набояд ба дастуру кодексҳои одоби хабарнигорӣ эҳтиёҷ дошта бошанд. Агар рӯзноманигор дар доираи қонунҳои ҷории кишвар, дар чаҳорчӯби ахлоқи инсонии худ фаъолият кунад ва ин одоби касбӣ дар навиштаҳояш инъикос шавад, ҳамеша сазовори обрӯ ва эҳтироми аҳли ҷомиа хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG