Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳайатҳои Покистону Афғонистон ва Амрико


Генерал Ҷиёнхон, муовини ситоди амалиётии Вазорати дифои Афғонистон гуфт, дар нишасти Хуст мақомоти Вазоратҳои дифои Афғонистону Покистон ва фармондеҳи нирӯҳои эътилофи зиддитеррористӣ ширкат хоҳанд кард. Вай афзуд, ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи сарҳадӣ, убур ва мурури террористон тавассути марзи Покистону Афғонистон аз масоили баҳси ин нишаст хоҳад буд. Ҷаласаи кумиссиюни муштараки Афғонистон, Покистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи моҳҳои ахир дар вилоятҳои бо Покистон ҳаммарзи Афғонистон амалиёти террористӣ аз сӯйи ҳаракати Толибон ва созмони "Ал-Қойида" шиддат гирифта, танҳо тайи як ҳафтаи ахир ҳудуди 50 тан кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Кумиссиюни муштараки Афғонистон, Покистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико се сол инҷониб фаъолият дорад ва ҳадафаш танзими амнияти марзҳои Покистону Афғонистон тавассути кӯшишҳои муштараки ду кишвар ва нирӯҳои эътилофи зиддитеррористӣ таҳти сарварии Амрико аст. Афғонистон бо Покистон 2500 км марз дорад. Алъон дар марзҳои Афғонистону Покистон ҳудуди 100 ҳазор марзбони покистонӣ адои хизмат мекунанд ва Афғонистон ба созмон додани нирӯҳои марзбонаш ҳанӯз комёб нашуда, вазифаҳои марзбониро нирӯҳои полис ва Вазорати дифои кишвар бар ӯҳда доранд.
XS
SM
MD
LG