Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди дугоник бо Ҳизби Таҳрир


Коршиносони масоили сиёсии минтақа бо таъйиди ин нукта меафзоянд, агар Ҳизби Таҳрир ҳаққи қонунии фаъолият дар кишварҳои абарқудрат ба мисли ИМА, Бритониё ё дар кадом кишварҳои дигарро намедошт, бо вуҷуди таъқибу боздошт ва ба маҳкама кашидани аъзои он, гурӯҳҳои панҷгонаи худро дар Тоҷикистон густариш намедод.

Ричард Ҳоугленд, сафири ИМА дар Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахири худ дар Душанбе аз Ҳизби Таҳрир ба унвони як созмони экстремистӣ- иртиҷоӣ ном бурд, на созмони террористӣ:

«Ҳизби Таҳрир созмони террористӣ ба шумор намеояд, аммо ба назари ҳукумати Амрико ин як созмони хатарноки иртиҷоӣ мебошад. Ҳизби Таҳрир барои он созмони иртиҷоӣ аст, ки дар барномааш барои сарнагун кардани ҳукуматҳо даъват мекунад. Ва он боз барои он хатарнок аст, ки ҳангоме як нафар ба ин ҳизб мепайвандад, баъдтар боз ҳам иртиҷотар мешавад ва боз ба созмонҳои хатарноктар мепайвандад. Ва азбаски ин як созмони ғайритеррористӣ мебошад, дар Амрико ҳаққи фаъолият доранд ва дар ҳар сурат, аъзои онро боздошт ва ба маҳкама намекашанд».

Ва аммо дар нишасти хабарии додситонии кулли Тоҷикистон, Ҳизби Таҳрир дар феҳраси созмонҳое ном бурда мешавад, ки ҳамчун созмони террористӣ шинохта шудаанд. Абдуқодир Муҳаммадиев, сардори шӯъбаи додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, «Мувофиқи қарори расмии Додгоҳи олии Тоҷикистон, Ҳизби Таҳрир ҳамчун созмони террористӣ эътироф ва фаъолияти он дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълон шудааст. Созмони Байъат, Ал-Қоида, Ҳизби Таҳрир, Ҳаракати исломии Узбакистон ҳамаи онҳо ба унвони созмонҳои террористӣ шинохта шудаанд ва фаъолияти ин созмонҳо дар қаламрави Тоҷикистон манъ мебошад.»

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, модоме ки ба як созмони хатарнок ба таври дугоник бархӯрд мешавад, ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба суди ҷомеаи ҷаҳонӣ нахоҳад анҷомид. Коршиносон ба ин назаранд, дар сурате, ки Ҳизби Таҳрир дар кишвари абарқудрате ба мисли Амрико ҳаққи фаъолият дорад, новобаста аз он ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ба фаъолияти худ дар қаламрави ин кишвари фақир идома хоҳад дод. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи стротегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба ин назар аст, ки:

«Ба назари ман нисбати ҳамаи созмонҳои террористӣ бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ яксон муносибат кунад. Ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад, ки ба созмонҳои террористӣ, ба таври дугоник бархӯрд кунанд. Ҳодисаҳои ахире, ки дар Фаронса рух доданд ва ин аксҳои масхараомези пайғамбари Ислом дар Дания ба нашр расиданд, нишон доданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд нисбати ин ҳаводис хеле ҷиддӣ расидагӣ кунад»

Аммо коршиноси дигари тоҷик Вафо Ниятбеков мегӯяд, то кунун ҷомеаи ҷаҳонӣ ба терроризм аз рӯи як меъёри мушаххас баҳо надодааст. Ва кишварҳои ҷаҳон аз дидгоҳи манофеи миллии кишвари худ ба ин ё он созмон муносибат мекунанд.

Ҳамин тавр, тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли 2005, 74 парванда алайҳи ҷонибдорони Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон боз карда шуда ва дар ҳоли ҳозир 23 парванда алайҳи 38 фаъоли Ҳизби Таҳрир ба додгоҳҳои навоҳию вилоятҳо фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG