Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таърихи дини ислом" дар мактаби миёна


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, омӯзиши "Таърихи дини ислом" ҳанӯз дар оғози соли хониш шурӯъ шуда буд, аммо имрӯзҳо Вазорати маориф ба баррасии барномаи таълими ин илм машғул аст. Вай гуфт: «Тайи як моҳ аст, ки ин барнома дар назди вазир муҳокима мегардад ва умед дорем, ин барнома имкон медиҳад, ки аксарияти мардуми мусалмоне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дар бораи дини мубини ислом, аҳамияти таърихии он, ҷавҳари маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ доштани ин динро аз бар намоянд.»
Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, илми "Таърихи дини ислом" танҳо дар мактабҳои тоҷикзабон дарс дода мешавад. Оид ба ҳадафҳои қабули чунин як тасмим вазири маорифи Тоҷикистон гуфт:
«Дар мактабҳо назорат хеле кам буд ва сифати таълим ҷавобгӯи талаботи падару модарон набуд. Аз ин сабаб, баъзе волидайн фарзандонашонро ба мадрасаҳо мебурданд. Вале мо имрӯз имкон дорем, ки бо ҷорӣ кардани ин барнома, хонандаи тоҷикро бо арзишҳои фарҳангиву маънавии Ислом шинос кунем ва дар баробари ин кӯшиш менамоем, ки дар байни гурӯҳҳои мухталиф корҳои таблиғотӣ барем, то ояндаи кишварро худамон, аз нуқтаи назари демократӣ пеш барем.»
Аммо то куҷо омӯзиши ин фан барои хонандаи тоҷик ҷолиб аст? Биёед, нахуст назари хонандагони мактабҳои Тоҷикистонро бишнавем:
«Фикр мекунам ин фанни шавқовар аст. Чунки мо дар бораи дини ислом ва Муҳаммад пайғамбар иттилоъ мегирем. Мо ки мусулмон ҳастем, бояд дар бораи дини худ донем.»
«Мо метавонем дар бобати дини Ислом маълумоти бештар пайдо кунем ва ин маълумот барои оянда ба мо лозим мешавад.»

Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), чунин таҷриба дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо низ роиҷ аст:
«Дар Русия низ чанд сол аст, ки таърихи фарҳанги православӣ дар мактабҳо дарс дода мешавад ва ин дарси ҳатмӣ аст. Дар Швейтсария ва Олмон низ дар ҳамаи мактабҳо аз ҳисоби буҷаи давлат ин дарс омӯхта мешавад ва ҳатто агар дар синфхона дар байни фарзандони масеҳитабор як кӯдаки мусулмон бошад, ба ҳамаи онҳо ақидаи масеҳӣ дарс дода мешавад ва хос барои ин кӯдаки мусулмон, давлат муаллим кироя мекунад, то ки ба ӯ сутунҳои ақидавии дини исломро омӯзад.»
Мусоҳиби дигари мо хонум Лидия Исомова, раҳбари намояндагии Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон, гуфт, аз сӯе чунин тасмим барои ӯ хеле ғайриоддӣ ба назар мерасад, чунки чанде пеш ҳамин мақомот пӯшиши либосҳои мазҳабӣ дар мактабҳои Тоҷикистонро манъ намуда буданд. «Ба назари ман омӯзиши ҳама гуна фанҳои таърихӣ барои рушду ҷаҳонбинии кӯдак мусоидат мекунад, аммо ман бовар надорам, ки онҳо метавонанд мутафаккирон ва исломшиносонеро пайдо кунанд, ки дар барои ин фанни воқеан ҷолиб маълумот дода тавонанд»
Лидия Исомова гуфт, бо назардошти ин ки дар Тоҷикистон на танҳо мусалмонон, балки пайравони дину мазҳабҳои дигар ҳам ба сар мебаранд, таълими фанни "Таърихи дини ислом" набояд ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шавад. Ӯ гуфт, дар ҳолати акс, мақомот ба таври рӯшан ҳаққи ақаллиятҳои мазҳабии кишварро вайрон хоҳанд кард. Лидия Исомова, раҳбари намояндагии Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон мегӯяд:
«Ба андешаи ман, омӯзиши илмҳои динӣ интихоби фардии ҳар як хонанда аст. Агар ин фан ба таври маҷбурӣ таълим дода шавад ин нақзи ҳуқуқи кӯдак, ба вижа маҳдудияти интихоби дин хоҳад буд»
Вазорати маориф мегӯяд, фанни «Таърихи дини ислом» пурра аз назари илмӣ таълим дода шуда имкон медиҳад, ки толибилмон маълумоти дақиқу саҳеҳро ба даст оранд.
XS
SM
MD
LG