Даври дувуми мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти ҷоизаи ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» баргузор шуд. Бино ба иттилои Дамир Камолиддинов, муовини аввали раиси федератсияи футболи шаҳри Душанбе, дар мусобиқаи имсола 22 даста дар ду гурӯҳ рақобат мекунад. Вай афзуд, ба ҷуз дастаҳои пойтахти кишвар, дар ин мусобиқа, ки дар майдони футболи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон ҷараён дорад, ҳамчунин дастаҳои «Ваҳдат»-и Ваҳдат ва «Файзобод»-и Роғун ширкат меварзанд. Баъди ҷамъбасти ду даври бозиҳо дастаҳои «Хима», «Энергосбит» ва Қазоқон бо шаш имтиёзӣ дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» қарор гирифтаанд. Дар гурӯҳи «Б» низ се даста -- «Тайга», «Гумрук» ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо шаш имтиёзӣ пешсафанд. Даври севуми мусобиқа рӯзҳои 28 ва 29 январ баргузор хоҳад шуд.
Ва як хабари дигар ин аст, ки чаҳордаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод, ки дар маҷмааҳои варзишии «Олимпик» ва «Динамо»-и шаҳри Маскав бо ширкати дастаҳои қаҳрамони Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик тӯли нуҳ рӯз идома ёфт, бо пирӯзии «Нефтчӣ»-и Боку ба анҷом расид. Қаҳрамони Озарбойҷон дар бозии ниҳоӣ бар «Каунас»-и Каунас - қаҳрамони Литва бо натиҷаи 4 бар 2 ғалаба кард ва нахустин бор барандаи Ҷоми Иттиҳод гардид.