Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳволи атфоли маълули тоҷик


«Ояндасоз» дар барномаи нави худ масъулин ва коршиносонро гирди як миз овард, то вазъи парваришгоҳҳои атфоли маълули Тоҷикистонро ба баррасӣ бигиранд. Пас аз воқеъаи мудҳиши парваришгоҳи «Чорбоғ», ки он сӯхтор 13 тифли маъюбро кушта бар ҷой гузошт, масъалаи бехатарии муассасоти таълимӣ, бавижа парваришгоҳҳо мавзӯъи рақами яки сӯҳбатҳо дар ҷомеа гашт. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон низ дар як дидори худ бо сарварони парваришгоҳҳову ятимхонаҳо аз вазъи ин муассасот нигаронӣ намуд. Дар пайи он чандин тасмимот ба хотири назорати беҳтари бехатарии парваришгоҳҳо қабул гардид. Дар мизи гирд ширкат карданд: Кароматулло Абдуллоев - корманди сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии кишвар, Сабоҳат Асоева - корманди вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки масъули парваришгоҳҳои маълулон аст, Саидмоҳ Ҷӯрақулова - корманди созмони ҷамьиятии ба номи Карин Манн, ки бо атфоли хиёбонӣ кор мебарад, Комил Раҷабов ва Анвар Раҳмонбердиев аз созмони ҷамьиятии ҷавонон ва Кароматулло ва Владислав, ду тарбиятгирандаи мактаб - интернати рақами яки Душанбе.
Рамзи радио дар назди сарлавҳаи матлабро зер бикунед ва ин сӯҳбатро бишнавед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG