Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рашт пайкараҳои дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ харобшуда барқарор мешаванд


Музаффар Азизов - сардори бозрасии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси бадеии вазорати фарҳанг ба Радиои Озодӣ гуфт, дар навбати аввал ҳайкали Нусратулло Махсумов, нахустин раиси ҳукумати Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар соли 1924 ва пайкараи ҳафт метраи «Модари Ҳойит», ки дар соли 1993 аз сӯи гурӯҳи мусаллаҳи номаълум дар водии Рашт хароб шудаанд, барқарор мегардад:

«Ҳайкали «Модари Ҳоит» солҳои 70-и асри гузашта гузошта шуда буд, муаллифаш Ҷумагалин, аз санг сохта шуда буд, баландиаш 7 метр аст. Пайкараи Нусратулло Махсумов дар соли 1991 аз ҷониби як кооператив аз мис сохта шуда буд. Ин ҳайкалҳоро гурӯҳи вандал ба таври даҳшатнок тарконида буд. Пайкараи мисини Нусратулло Махсумов, нафаре, ки барои рӯи кор омадани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 20 асри гузашта хеле талош дошта, дар саргаҳи ин ҳукумат раис ҳам буд, пурра ва ҳайкали «Модари Ҳоит» қисман хароб шуда буд.»

Ва аммо бар тибқи иттилоъи расмӣ ҳамакнун то моҳи июн, то рӯзи баргузории Иди Ваҳдати миллӣ на танҳо пайкараҳои харобшуда барқарор мешаванд, балки дар Боғи марказии ноҳияи Рашт чанд муҷассамаи дигар низ бунёд мегардад.

Теъдоди ҳайкалу пайкараҳо, ки дар замони даргириҳо дар водии Қурғонтеппаву Рашт нест шудаанд, зиёд аст. Музаффар Азизов мегӯяд, теъдоди бештари ҳайкалҳои хароб гардида, пайкараҳои асосгузорони марксизму ленинизм будааст. Вале пайкараи бузургтарин, ки дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон сентябри соли 1991 валангор гардид, ҳайкали бузурги Владимир Ленин буд. Пайкараи доҳии собиқ, аз биринҷӣ бунёд ёфта, 7 метр баландӣ ва чанд тонна вазн доштааст. Раёсати бозрасии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ташхиси бадеии вазорати фарҳанг мегӯяд, то ҳанӯз муаяйн нест, ки пайкараи Ленин, бо чанд тонна биринҷӣ - металли қимматбаҳо ба куҷо ғайб задааст.
XS
SM
MD
LG