Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмонони навраси сафоратхонаи Бритониё


Грэм Лотен -- сафири Бритониё дар Тоҷикистон 30 кӯдаки оилаҳои камбизоати ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ҳисор ва Варзобро ба меҳмонӣ даъват кард ва барояшон базми солинавӣ орост. Ба гуфтаи Грэм Лотен, дар деҳоти кишвар хонаводаҳои зиёди камбизоате ҳастанд, ки имкони барои фарзандонашон ташкили шоми идонаро надоранд ва сафорат хост, соли навро ҳатталимкон барои гурӯҳе аз атфоли камбизоат хотирмон созанд ва аз сӯи дигар бо вазъи онҳо аз наздик ошно шаванд:

"Ман фикр мекунам, ки барои онҳо ҷолиб буд. Зеро иқрор мешуданд, ки бори аввал ба сафоратхона ворид шудаанд. Ба онҳо дар курсии ман нишастан писанд омадаст. Хурсандӣ мекарданд ва мепурсиданд, ки ман дар дафтари худ ба чӣ кор машғул мешавам. Хеле кӯдакони доно ҳастанд, дар бораи кишварҳои дигар маълумоти зиёд доранд ва барои ҳамин дақиқ фаҳмидан мехостанд, ки дар сафоратхона кори мо аз чӣ иборат аст."

Духтараке, ки сафир дар борааш қисса кард, мегӯяд бо умед ба ҷои ӯ нишастааст, ки дар оянда ба ӯ низ чунин мақоми баланд насиб гардад.

"Дар онҷо нишаста худамро ба монанди раис эҳсос кардам. Мехоҳам дар оянда чунин вазифаи баланд гираму ба ҳаминхел курси соҳиб гардам."

Дар сафоратхона атфолро ба 3 гурӯҳ тақсим карда, бинои нави сафоратхонаро намоиш ва дар бораи корашон ба онҳо иттилоъ доданд. Бачаҳо имкон доштанд аз васоил ва таҷҳизоти гуногуни маъмуриву амниятӣ истифода кунанд.


"Ба мошинҳои хориҷӣ нишаста, бисёр чиро ёд гирифтем."

"Дар бораи ҳукумати Бритониё маълумот гирифтем."


Дар сафоратхона барои меҳмонони наврас бозиҳои шавқовар ва тӯҳфаҳо тақдим карданд. Тӯҳфаҳоро ба бачаҳо Бобои Барфӣ баъди ҳунарнамоии махсуси онҳо супурд. Баъдан барои бачаҳо дастархони идона густурданд.

Яке аз онҳо мухлиси ашаддии барномаи Ояндасоз будааст. Номи ӯ Гулрухсор ва ӯ 14 сол доштааст.

"Ман 3 сол аст, ки барномаи «Ояндасоз»-ро дӯст медорам. Гузоришҳои Ҳумоюн, Фирӯз, Зарангез, Шаҳло ва барномаҳои Хиромон Бақозода хеле писанданд. Пештар барномаи «Ширу шакар»-ри Тоҳири Сафарро мешунидам. Мехоҳам дар бораи ҳаёти наврасони деҳот гузоришҳои бештар омода кунанд."

Аз як навраси дигар суол кардам, ки барои худ дар соли нав чӣ орзу мекунад ва ҳалли кадом мушкили рӯзгорашро интизор аст?

"Ман орзу мекунам, ки соли нағз шавад. Дар мактабамон муаллимаи забони англисӣ надорем. Агар муаллимаи забони англисӣ медоштем, соли нав барои мо хуб мегузашт."

Соли нави гузашта сафорати Бритониё ба меҳмонӣ наврасони хиёбонӣ ва бесарпаноҳро даъват карда барояшон базми соли навӣ ва рахтҳои хоби саҳроӣ, ҳадя карда буд.
XS
SM
MD
LG