Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё имкон барои номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурии Қазоқистон баробар аст?


Нимашаби 2 декабр маъракаи қабл аз интихоботии раёсати ҷумҳурии Қазоқистон поён меебад ва ба ин тартиб гузаронидани ҳар гуна таблиғот қатъ мешавад. Дар рузи ахири маъракаи қабл аз интихоботӣ коршиносону ситодҳои ҷонибдор аз номзадҳо бо баргузор кардани нишастҳои хабари чӣ сон гузаштани маъракаи қабл аз интихоботиро арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, Людмила Жуланова – роҳбари ситоди ҷонибдор аз Алихон Бойманов гуфт, ваъдаҳои ҳокимият барои фароҳам сохтани имконоти баробар ба ҳамаи номзадҳо амалӣ нашуд ва номзадҳо имкони баробар надоштанд. Он чӣ ба номзад Алихон Бойманов иртибот мегирад, хонум Жуланова изҳор кард, ки номзади онҳо ҳамеша дучори тазъиқу фишор буд ва ба у монеъаҳо ба вучуд меоварданд. Аммо намояндагони ситоди ҷонибдор аз Жармахон Туякбой тақрибан ҳар руз аз дахолат, фишору таъқиб ва саддҳои эҷодкардаи ҳокимият хангоми созмондиҳии маъракаи таблиғотии номзадашон баёнияҳои эътирозӣ пахш мекарданд. Сиёсатшинос Булатхон Тайҷон мегуяд, ки ноодилона гузаштани интихобот бештар ба истифодаи захоири идорӣ аз ҷониби ҳокимият бастагӣ дорад. Ба гуфтаи оқои Тайҷон ҳокимият захоири идориро дар ду самт истифода намуд, яъне барои таблиғи Нурсултон Назарбоев аз тариқи родиоёву телевизион ва истифодаи фишангҳои хокимияти маҳалҳову идораҳои гуногуни давлатӣ. Чунин ҷонибдорӣ, ба андешаи оқои Тайҷон, бояд тибқи қонун сурат гирад, вале дар асл захоири идориро ҳамаҷониба истифода карданд. Булатхон Тайҷон мегуяд, ки дар ҷараёни маъракаи кабл аз интихоботӣ шабакаҳои телевизионӣ чор ҳазор бор аз Нурсултон Назарбоев ёдовар шуданд, вале аз рақиби асосии вай Жармахон Туякбой ду баробар камтар, яъне ду ҳазор маротиба ва он ҳам дар ағлаби маворид ба таври интиқодӣ. Сиёсатшинос аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар маъракаи қабл аз интихоботӣ захоири идорӣ ба ҷуз аз таблиғи Нурсултон Назарбоев ҳамчунин алайҳи баъзе аз номзадҳои дигар истифода гардид, ки он ба қонун мухолиф аст. Аз ин ру, ба андешаи сиёсатшинос баёни он нукта, ки номзадҳо имкони баробар доштанд, аз руи инсоф нест. Коршиносон ва бархе аз намояндагони ситодҳои Жармахон Туякбою Алихон Бойманов ва Мелс Элеусизов бар он назаранд, ки чунин бархурди ҳокимият ва надодани имкони баробар ба номзадҳо ба натоиҷи интихобот низ таъсир мерасонад ва натиҷаи интихобот, ба ақидаи хонум Жуланова, воқеъӣ нахоҳад буд. Ҳарчанд бархе аз коршиносон тибқи назархохӣ, дар давраи аввал пирузии Нурсултон Назарбоевро пешгуӣ мекунанд, вале намояндагони ситодҳои таблиғотии Жармахон Туякбой ва Алихон Бойманов муътақиданд, ки даври дуюми интихобот баргузор хохад шуд ва дар даври дуввум Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумхури кунунӣ бо номзади онон вориди рақобат хоҳанд шуд. Ба ақидаи онҳо, рузҳои ахири маъракаи қабл аз интихоботӣ обрую эътибори ин ду номзад боло рафтааст ва ин омил боъис хоҳад шуд, ки шумораи райдиҳандагони ҳар яки онхо аз 12 – 15 дар сади пешбинишуда бештар хоҳад шуд. Ба андешаи коршиносон, озоду одилона гузаштани интихобот то андозае ба фаъолияти нозирон низ бастагӣ дорад. Ба гуфтаи Оналсин Чумъабеков- раиси Комиссиюни Марказии интихоботи Қазокистон интихоботи раиси ҷумҳурро беш аз 1600 нозир назорат хоҳанд кард. Шумораи бештари нозиронро Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо( 474 нафар) ва намояндагии нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ( 420 нафар) фиристодаанд. Ба ҷараёни интихобот беш аз 100 намояндаи Созмонҳои байналмиллалӣ ва беш аз 400 хабарнигори хориҷӣ низ назорат хоҳанд кард. Точикистон ба интихоботи Қазоқистон 25 нозир фиристодааст, ки онҳо ҳамроҳ бо намояндагии нозирони Иттиҳоди Давлатҳои мустақил фаъолият хоҳанд кард. Дар рузи интихобот чанд Созмони мустақил байни райдиҳандагон пурсиш гузаронида, натиҷаи пурсиши хешро баъди як рузи интихобот эълон хоҳанд кард. Хамчунин, рузи 5 декабр нозирони созмонҳои байналмилалӣ натиҷаҳои муқаддамотии наҳваи баргузории интихоботро дар бораи озоду одилона баргузор шудани интихобот эълон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG