Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фанновариҳои муосиртарин дар Душанбе


Дар ин намоишгоҳ 30 ширкат аз Олмон, Қазоқистон, Ирон, Латвия, Русия, Украина, ИМА ва Тоҷикистон таҷҳизоте аз қабили компютер, мавҷгирҳо, телевизорҳои сохти нав, телефонҳои мобилию тасвирӣ ва васоили ҷадиди низоми бонкиро ба маъраз гузоштанд. Парвиз Турсунзода, масъули дафтари матбуоти ширкати Вавилон-Т мегӯяд, аз ҷумлаи таҷҳизоти ширкати онҳо дар ин намоишгоҳ телефониҳои насли саввум аст, ки барои Тоҷикистон нав мебошад. Ба гуфтаи ҷаноби Турсунзода, бо сабаби вуруди камтари телефонҳои тасвирӣ ва мавҷгирҳои ҷадид ба Тоҷикистон нархи онҳо гарон аст.

Бархе аз ширкатдорони ин намоишгоҳ гуфтанд, ширкатҳои маҳаллӣ на ҳамеша фанноварии навтаринро, ки фазои иттиллоотӣ ва мухобиротии кишварро тавонад ба таври воқеъӣ рушд бахшад, ба Тоҷикистон ворид месозанд. Гуфта шуд, бояд масъулин кори ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷиро зери назар дошта бошанд ва мусоидат бар он кунанд, ки ин ширкатҳо навтарин ва беҳтарин техникааи мухобиротӣ, таҷҳизоти низоми бонкӣ ва васоили иттиллотиро аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид созанд. Ҳамчунин мувофиқи матлаб мебуд, агар истеҳсоли чунин техника дар дохили Тоҷикистон ба роҳ монда мешуд.

Назира Назриддинова, намояндаи ширкати бритониёии ITE Group Pic ва маблағгузори намоишгоҳи Душанбе гуфт, феълан дар Тоҷикистон кулли шароит ва замина барои рушди техника ва фановариҳои муосир вуҷуд дорад, аммо дар ҳоли ҳозир, бе сармоягузории хориҷӣ дар ин кишвар рушди ин самт мушкил хоҳад буд. Ӯ гуфт, ҳадаф аз ташкили чунин намоишгоҳ ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи хориҷӣ ва ширкатҳои мухобиротӣ ва иттилоотии ҷаҳон ба Тоҷикистон мебошад.

Як ширкатдори намоишгоҳ, ки худро Қосим Раҳимов муаррифӣ кард, гуфт, ба ӯ бештар васоити техникӣ барои системи бонкӣ писанд омадааст ва мехоҳад, бо ширкати украинӣ, ки чунин техникаро ба намоишгоҳи мазкур овардааст, ҷиҳати харидории он созишномаи ҳаморӣ бандад. Мутобиқи иттилои кумитаи тадорукотии намоишгоҳи мазбур, танҳо дар рузи нахустини намоишгоҳ беш аз 10 созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ баста шудааст.
XS
SM
MD
LG