Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Зукоми мурғ» дар Тоҷикистон ҳаст ё не...касе кафолат намедиҳад!


Ва аммо ҳақиқати ҳол чист? Оё воқеан ҳам паррандагони маҳаллӣ мубтало ба «зукоми мурғ» нестанд? Муллоҷон Амирбеков-сарбайтори давлатии кишвар мегӯяд, ки на! Ва аммо меафзояд, сад дарсад мутмаин нест, ки ин мараз дар кишвар вуҷуд надорад! Ҷаноби Амирбеков бар назар аст, ки барангезандаи ин зуком тавассути фазо ва паррандагони мавсимӣ пахш мешавад ва дар мавриде ки то ҳанӯз ташхиси комили ин паррандаҳо гузаронида нашудааст, ӯ ҳам бар бовар нест, ки ин мараз дар кишвар набудааст.

Дар ҳамин маврид, танҳо аз Алтойи Русия Тоҷикистонро беш аз 2 миллион парранда убур карда, ба Афғонистон мераванд. Ин паррандаҳо дар бархе маврид то 30 рӯз дар Тоҷикистон дам мегиранд. Дар навоҳие, ки мурғони муҳоҷир аз Олтойи Русия ва Қазоқистон, кишварҳое, ки дар онҳо зукоми мурғ мушоҳида шудааст, муваққат ист мефармоянд, масъулин тасмим гирифтаанд, гурӯҳе аз паррандаҳои муҳоҷирро мавриди шикор қарор диҳанд. Муллоҷон Амирбеков мегӯяд, барои ташхиси мурғҳои кӯчӣ, дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ ва вазорати амнияти кишвар, вазорати кишоварзӣ тасмим гирифт, то 50 мурғро шикор кунад. Миралӣ Сафаров-муовини вазири кишоварзӣ мегӯяд, «Воқеан ҳам хатари бештари фарогиршавии «зукоми мурғ» ба паррандаҳои муҳоҷир бастагӣ дорад».

Ва аммо дар мавриде ки мутахассисони тоҷик аз паррандаҳои кӯчии Русия ва Қазоқистон ҳарос доранд, ҳастанд паррандаҳое, ки аз Ҳиндустон ва Чин - мавзеъи дигар, ки «зукоми мурғ» мушоҳида шудааст, ба Тоҷикистон меоянд. Абдуназари Абдуназар, корманди боғи набототи Бадахшон ва олими паррандашинос мегӯяд, дар мавзеъи Помир беш аз 150 намуди парранда ба сар мебарад, ки бархи онҳо бо шумули ғози ҳиндӣ, доснӯлак, кабӯтари сафедшикам, уқобҳои сафедсар, мурғобиҳо, бумҳо, лойхӯракҳо байни қаторкӯҳҳои Тибети Чин ва Тоҷикистон зиндагонӣ доранд. Тилло Бобоев, номзади илми биолоҷӣ ва садри боғи набототи Кӯлоб мегӯяд, дар ин мавзеъ низ теъдоди бузурги зоғҳои тибетӣ аз Чин барои замистонгузаронӣ меоянд. Олимон бар назаранд, ки ин паррандаҳо низ хатари фарогиршавии «зукоми мурғ»-ро меафзоянд.

Вале хатари бештар барои одам истеъмоли гӯшт ва тухми парранда доштааст. Дар мавриде, ки дар Аврупо перомуни «зукоми мурғ» бонги изтироб мезананд, дӯкону мағозаҳои Тоҷикистон моломол аз гӯшт ва тухми мурғанд. Бахтиёр Сафаров- коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, «Қисмати бузург аз ин мавод тариқи қочоқ ва бидуни ташхиси лабораторӣ ба кишвар ворид мешавад».

Ва аммо Миралӣ Сафаров-муовини вазири кишоварзӣ мегӯяд, «Гӯшти мурғ аз ИМА ва Канада ба кишвар ворид мешавад. Тухм аз Ирон. Ин се кишвареанд, ки «зукоми мурғ» дар онҳо мушоҳида нашудааст»

Вале Муллоҷон Амирбеков-сарбайтори давлатии кишвар мегӯяд, «Гӯшту тухм тариқи қочоқ ҳам ба Тоҷикистон ворид мешавад. Мо аниқ намедонем, ки чӣ миқдор, аммо ман боварӣ дорам, ки қисми зиёди ин маҳсулот ҳамчун қочоқ ба кишвари мо медарояд ва тухму мурғи қочоқӣ аз Ирон на дар кишваре ки содирот мекунад ва на дар Тоҷикистон дақиқан ташхис намешавад»

Дар Тоҷикистон ҳам гӯшт ва тухми мурғ истеҳсол мешавад. Тибқи иттилоъи расмӣ дар кишвар 16 ферма ва беш аз 540.000 мурғ ҳаст. Ба иттилоъи вазорати кишоварзӣ ин корхонаҳо қисман дезинфексия ё худ безарар шудааст. Вале мурғҳои хонагӣ чӣ? Оё мурғу мурғобиҳои мардум ташхис мебинанд ва мавриди доругузаронӣ қарор гирифтаанд?

Миралӣ Сафаров мегӯяд, дар навоҳии кишвар паррандаҳои хонагӣ мавриди ташхис қарор гирифтааст. Барои ташхиси нокомили паррандаҳои хонагӣ ҳукумат беш аз 100.000 сомонӣ баробар ба 30.000 доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Ва аммо оё лабораторияҳои кишвар имкони ташхиси ин маразро доранд?

Муовини вазири кишоварзӣ мегӯяд, ки мутахассисони тоҷик дар ин маврид таҷриба ва имконияти фаннӣ надоранд. Вале Русия ба Тоҷикистон дар ин самт кӯмаки фаннӣ кардааст. Ва аммо Муллоҷон Амирбеков-сарбайтори давлатӣ бар назар аст, ҷониби Тоҷикистон дар сурати сар задании эпидемия тавони пешгирӣ аз ин хатарро надорад: «Мо танҳо онро ташхис мекунем. Барои ташхис мо ҳама маводи даркориро овардаем аз Русия ва тайёрем, ки он маразро маълум кунем. Аммо мубориза бурда мо наметавонем. Барои мубориза зидди ин мараз маблағ лозим аст.»

Тибқи иттилоъи расмӣ дар Тоҷикистон «зукоми мурғ» нест! Вале ин ҳукм нисбист. Масъулини вазорати кишоварзӣ, ки ҳамин иддаоро ҷонибдорӣ кардаанд, мегӯянд, худи онҳо сад дарсад бар ин бовар нестанд. Миралӣ Сафаров-муовини вазири кишоварзӣ: «Инро мо сад дарсад кафолат дода наметвонем, ки ин касал дар мо набошад!»

Дар ҳамин маврид набуди мутахассисон ва сари кор омадани ашхоси тасодуфӣ дар соҳа ин хатарро ба карат меафзояд. Муллоҷон Амирбеков: «Вазифаи асосии мо пешгирӣ аз ҳамин ва дигар амроз аст! Мо набояд роҳ диҳем, ки ягон маҳсулоти хоҷагии халқ бе ташхиси лабораторӣ ба кишвари мо ворид шавад. Вале мутаассифона дар ҶТ масъулиятро ба дасти инженеру агроному зоотехник додаанд. Вазифаи асосии ман тибқи қонун назорат аст! Вале мутаассифона Госстандарту, Гумруку дигар кумитаҳо, ки ба ин кор сару кор надоранд, ин маҳсулотро онҳо назорат мебаранд.»

Вале мушкили рақами 1 барои ташхиси марази «зукоми мурғ» дар кишвар адами маблағи лозима дар соҳа будааст.
XS
SM
MD
LG