Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«ДӮСТӢ»-ро ҷустуҷӯ дорем мо


Нахуст дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва тими мунтахаби миллии Афғонистон рақобат карданд. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ - 2 бар 2 ба анҷом расид. Бозингари афғон Ҳафизуллоҳ Қадамӣ ду гол ( дақиқаҳои 34-ум ва 57-ум) , Ҷамшед Исмоилов ( дақиқаи 24-ум ) ва Акмал Сабуров (дақиқаи 90-ум), ҳарду аз дастаи Тоҷикистон якголӣ заданд.

Баъд, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Амбассадор»-и ИМА зӯрозмоӣ карданд. Ин дидор бо ғалабаи мунтахаби Тоҷикистон бо натиҷаи 2 бар 0 хотима ёфт. Голҳоро Ҷомихон Муҳиддинов (дақиқаи 7-ум) ва Нӯъмон Ҳакимов (дақиқаи 56-ум) ба ҳадаф расонданд.

Ин мусобиқа бо ибтикори федератсияҳои футболи Тоҷикистону Афғонистон ва дастгирию кӯмаки ҳамаҷонибаи намояндагии созмони амрикоии CADA дар Тоҷикистон доир шудааст. Сӯҳроб Қосимов, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ рӯзи душанбеи 7 ноябр ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ гуфт, ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа таҳкими дӯстӣ ва густариши равобит миёни варзишгарони ин кишварҳо мебошад. Киромиддин Карим, раиси Федератсиони футболи Афғонистон иброз дошт, ки ин ҳамкорӣ барои футболи Афғонистон хеле муассир аст.

Даври дуввуми «Ҷоми «Дӯстӣ» рӯзи чоршанбеи 9 ноябр бо дидори дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва тими «Амбассадор» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа оғоз мешавад. Бозии дигари даври навбатӣ дар варзишгоҳии марказии Душанбе байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон доир хоҳад шуд. Ва даври сеюми мусобиқа рӯзи ҷумъаи 11 ноябр дар варзишгоҳи марказӣ бо дидори тими «Амбассадор» ва дастаи мунтахаби Афғонистон оғоз меёбад. Пас аз ин бозӣ дастаҳои мунтахаби миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG