Зафар Азизов- додраси парвандаи оқои Искандаров, ки баъди эъломи ҳукм як нишасти матбуотии кӯтоҳ доир кард, батакрор эълом дошт, ки муҳокима дар доираи иттиҳомоти ворида сурат гирифта назар ва мавқеи сиёсии лидери ҲДТ кори ӯ ва ҳизби ӯст.
Аммо Раҳматулло Зоиров - раиси консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, ки тақрибан аз оғоз то анҷом дар мурофиаи додгоҳии Искандаров ширкат доштааст, бар ин бовар аст, ки қазияи Искандаров ба таври қонеъкунанда ҳаллу фасл нашудааст. Ба эътиқоди оқои Зоиров, қозии парванда асосан айбномаи мақомоти тафтишотиро ба сифати ҳукми ниҳоӣ эълом дошта ва аз шаҳодати шоҳидон ва далоили ҷониби ҳимоя сарфи назар кардааст.
Дӯстмуҳаммади Дӯст - раиси созмони иҷтимоии мавсум ба «Демократия» мегӯяд, иллати ба зиндон кашидани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси ҲДТ ба фаъолияти сиёсии ӯ марбут аст. Зеро оқои Искандаров танҳо шахсияти сиёсии матраҳ дар кишвар будааст, ки маъракаи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба Қонунӣ Асосӣ дар тобистони соли 2003, ки имкони ширкати Эмомалӣ Раҳмоновро барои ду даври дигари раёсати ҷумҳурӣ фароҳам мекунад, ҳамроҳ бо ҳизбаш таҳрим карда ва низ эълом дошт, ки ӯ дар интихоботи ояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон яке аз муддаиёни умдаи ин курсӣ хоҳад буд. Ба ақидаи оқои Дӯстмуҳаммад, сабаби аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани бештари сиёсатмадорони кишвар дар авқоти ахир, ҳамоно даъвоҳои сиёсии онҳо будааст.
Ба назари Ҳикматулло Сайфуллозода -раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ифтитоҳи парванда алайҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров- раиси ҲДТ ва аз фармондеҳони аршади Иттиҳоди нирӯҳои мухолифи собиқи давлат аз оғоз ангезаи сиёсӣ доштааст. Оқои Сайфуллозода бо ишора ба зиндонӣ кардани ду узви баландмақоми ҲНИТ, Шамсиддин Шамсиддинов ва Қосим Раҳимов, ду узви ҲСДТ дар вилояти Суғд дар пайи моҷароҳои интихоботи парлумонии соли ҷорӣ, маҳкумияти Рустам Файзиев -муовини раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёт барои мусаввадаи як нома ирсолнашуда ба унвони додгоҳи байналмилалии Гаага гуфт, бархе аз масъулини воломақом дар ҳукумат талош доранд, бо эҷоди тарсу шубҳа нияти ширкат дар маъракаҳои сиёсии кишварро барои чеҳраҳои саршинос ғайриимкон гардонад.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Зоиров - раиси Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон маҳз дар рӯзи мавлуди раиси ҷумҳур равонаи зиндон кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров- раиси ҲДТ ва яке аз рақибони эҳтимолии ӯро тасодуфӣ намепиндорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини ҲДТ посухи Владимир Лукин – раиси комиссияи ҳуқуқи инсони назди раисҷумҳури Русияро дарёфт кардаанд, ки гуфтааст, наҳваи таҳвили Искандаров аз Маскав ба Душанбе зери назари мақомоти ин кишвар қарор доштааст. Ҳамчунин, масъулини маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе гуфтанд, ки аз эъломи ҳукми додгоҳ нисбати лидери демократҳои Тоҷикистон ба Вена, маркази ин созмон гузориш додаанд.