Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси созмони нави мубориза бар зидди СПИД


Созмони нав дар заминаи Маркази пешгирӣ аз густариши бемории СПИД дар Хуҷанд, ба гуфтаи таъсисдиҳандагонаш, ҷиҳати танзими фаъолияти муассисаву ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар самти мубориза бар зидди вабои аср - бемории норасоии маснуъияти бадан ифтитоҳ шудааст.

Дилором Аббосова - сарвари созмони тозатаъсис ахиран дар маросими шурӯъи фаъолияти он гуфт:

«Вазифаи аслии мо роҳандозии чораҳои пешгирӣ аз густариши ВИЧ/CПИД дар байни қисмати осебпазири ҷомеа, яъне - истеъмолкунандагони нашъа ба василаи сӯзан, маҳбусон ва танфурӯшон мебошад. Ба ин гурӯҳ хатари гирифторӣ ба ВИЧ бештар таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, созмони захиравии мо бо муассисаҳои дигар бо роҳи кӯмак ва омӯзиш ба ҳалли мушкили ин гурӯҳ мекӯшад, то ки онҳоро аз мубтало гаштан ба ВИЧ наҷот диҳад.»

Дар ҳоли ҳозир, ба иттилоъи Маркази пешгирӣ аз густариши ВИЧ/ CПИД, дар вилояти Суғд 176 нафар бо ангезандаи ВИЧ сабти ном шудаанд. Ин нафарон аз 2 то 49 сол доранд ва се тан аз онҳо мубтало ба бемории норасоии маснуъияти бадан гаштаанд. Як пажӯҳиши ахири марказ муайян кардааст, ки наздики 70 дар сади гирифторони ВИЧ зимни истеъмоли нашъа ба воситаи сӯзан ва 20 дар сади дигари онҳо бо роҳи робитаи ҷинсӣ мубтало шудаанд. Теъдоди бо роҳи хунгузаронӣ сироятшудагон танҳо 3 нафар аст.

Дар Тоҷикистон феълан 450 нафар бо гирифторони ангезандаи СПИД расман ба қайд гирифта шудаанд.
Созмони нави зидди ВИЧ/ CПИД дар вилояти Суғд аз ҷониби Бунёди ҳоландии СПИД - Шарқу Ғарб маблағгузорӣ шудааст. Икром Иброҳимов - масъули намояндагии Бунёди мазкур дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора афзуд, ки ин созмон тибқи як барномаи нави худ ба хотири коҳиши густариши ангезандаи ВИЧ дар Тоҷикистон ба ин кишвар дар давоми се соли пешоянд ҳудуди 1 миллион доллар кӯмакҳои билоиваз ироа хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, ифтитоҳи ниҳоди нави алайҳи ВИЧ / СПИД дар Хуҷанд низ дар чаҳорчӯби ҳамин барнома сурат гирифтааст:

«Дар қадами аввал ҳамчун минтақаи озмоишии татбиқи барнома аз ҷониби Бунёди СПИД - Шарқу Ғарб вилояти Суғд интихоб шуд. Аммо ҳозир мо саъй бар он дорем, ки ин барнома бо кушодани марказу созмонҳои захиравии нави зидди ВИЧ/СПИД дар манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам шурӯъ ба фаъолият кунад.»

Созмони нав дар Хуҷанд дорои утоқҳои муҷаҳҳаз бо компютер, Интернет ва адабиёти ихтисосӣ аст ва ба сироятдидагони ВИЧ ва ба афроди гурӯҳи осебпазир хадамоти ройгони маърифатӣ пешниҳод мекунад.
XS
SM
MD
LG