Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камарбанди сиёҳи каратэ-дои президенти Тоҷикистон


Искандар Алиев

Дар шаҳри Душанбе Сато Тэтсуо, ноиби раиси федератсияи ҷаҳонии каратэ-до камарбанди сиёҳ, рамзи дараҷаи баландтарини каратэро ба Эмомалӣ Раҳмонов тақдим намуда, гуфт, ки ҷоиза нишони эътирофи саҳми назарраси президенти Тоҷикистон дар рушди варзиш ва аз ҷумла карате-до мебошад.

Сато Тетсуо барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до ба Тоҷикистон омадааст. 24 сентябр дар шаҳри Турсунзода бори дуюм мусобиқаи байналмилалии каратечиён оғоз ёфт. Дар он ҳафтод варзишгар аз 6 кишвари олам ҳунарнамоӣ мекунанд. Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, cабқати варзишгарон аз кишварҳои Русия, Беларус, Узбакистон, Афғонистон, Эрон, ва Тоҷикистон ҷараён дорад.

Ҷаноби Ҳамидов гуфт, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се даста намояндагӣ мекунад. Ҳайати тими бузургсолони ин кишвар аз каратэчиёни маъруфи тоҷик, ба мисли Муҳаммад Бодаков, Мансур Раҷабов, Диловар Шарипов, Алиҷон Саримсоқов ва Темур Беков иборат аст. Дар рақобатҳо байни ҷавонон шарафи Тоҷикистонро варзишгарони умедбахш, ба монанди Фирӯз Темуров, Илёсиддин Нӯъмонов ва Бадриддин Умедов ҳимоя мекунанд. Маросими кушоиш ва сабқати ниҳоии мусобиқа рӯзи якшанбеи 25 сентябр дар қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG