Бо ибтикори иттиҳодияи иҷтимоии тоҷикони Твер дар ин шаҳр рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси иттиҳодия Муқим Майбалиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон, ки дар кохи фарҳанги шаҳри Твер баргузор шуд, ҳамроҳ бо тоҷикони муқими шаҳр намояндагони мақомот ва иттиҳодияҳои қавмии маскуни вилоят ширкат доштанд. Дар толори кох наққошиҳои рассомони муҳоҷири тоҷик Ашӯров ва Майбалиева ба намоиш гузошта шуд.
Муқим Майбалиев гуфт: "Чойхонаи тоҷикӣ, хонаи тоҷикӣ бо ҳама ҷузъиёташ ва либосҳои тоҷикӣ намоиш дода шуд. Ҳар гоҳе аз намояндагони 15 диаспораи миллатҳои шаҳри Твер намояндаҳо ба хонаи тоҷикӣ ворид мешуданд, ба онҳо ҷома ва тоқии тоҷикӣ мепӯшондем. Вакилони мардумӣ ва намояндагони ҳукумати Твер низ дар ин ҷашнвора ширкат доштанд. Ин маросим дар матбуоти шаҳр инъикоси хуб ёфт."
Майбалиев ҳамзамон гуфт, дар дафтари иттиҳодия мактаб фаъолият мекунад, ки дар он 90 нафар бачагони тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмӯъ дар шаҳри Твер 600 мактаббачаи тоҷик таҳсил мекунад.
Ба гуфтаи раиси иттиҳодия, дар вилоят ҳудудан чор ҳазор муҳоҷирони тоҷик ба сар мебаранд. Иттиҳодия дар ҳамкорӣ бо мақомоти вилоят барои иқомати қонунии муҳоҷирон тадбирҳои лозимро ба анҷом расонидааст. Майбалиев хабар дод, ки чунин ҷашнвора бо ширкати тоҷикони муқими вилояти Твер ҳарсола баргузор мегардад ва як василаи муассири шиносонидани фарҳанги миллии мардуми тоҷик ба мардуми бумӣ шудааст.