Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, мавсими теарии имсолаашро, ки дар рӯзҳои наздик оғоз мегардад, бо операи "Комде ва Мадан"- и оҳангсози саршиноси тоҷик, шодравон Зиёдулло Шаҳидӣ шурӯъ хоҳад кард. Зиёбой Тошев, муовини аввали роҳбари бадеии Театри ба номи Садриддин Айнӣ, дар робита ба ин гуфт, солҳои ахир санъатшиносони дохиливу хориҷӣ, ба ин асари таърихӣ, ки ҳанӯз ним аср қабл Зиёдулло Шаҳидӣ, ба достони "Комде ва Мадан"-и Бедил, оҳанг баста, операи мазкурро таҳияа намуда буд, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намудаанд. Ҳамакнун ин асар дар саҳнаи театри опера ва балети баноми Садриддин Айнӣ, умри дубора хоҳад пайдо кард. Тошев мегӯяд, ки аз ҷумла "операшиносони Австрия хоҳиш доранд, ки мо ин асарро дар он кишвар таҳия ва намоиш диҳем, агар ҷониби Тоҷикистон бипазирад, боз як операи тоҷик болу пар кушода, дар фазои Аврупо садо хоҳад дод". Ҷаноби Тошев ҳамчунин гуфт, мушкилоти асосӣ дар театри мазкур ин аст, ки бар асари камии маош, ҳунармандони ҷавон ва соҳибзавқ аз ҳисоби хатмкардаҳои Консерваторияи миллии кишвар, хеле кам барои кор ба театр меоянд.
Ризвонгули Барот, иҷрокунандаи нақши Комде, дар операи "Комде ва Мадан", шогирди консерваторияи миллӣ буда, худ аз тоҷикони ҷумҳурии Чин мебошад. Вай мегӯяд, ифтихор дорад, ки чунин як нақши муҳиму таърихиро дар саҳнаи театри тоҷик иҷро мекунад, аммо сарфи назар аз дархости маъмурияти Теари ба номи Садриддин Айнӣ дар бораи муқими Душанбе шуданаш, вай бояд баъди хатми консерсватория ба Чин баргардад. Вай мегӯяд: "Ман шодам, ки дар ин операи оламшумул нақши асосиро иҷро мекунам."
Ба ин тартиб, гурӯҳи ҳунарии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, имрӯзҳо ба мавсими нави теарӣ омодагӣ мебинад ва қарор аст, баъд аз ҳунарнамоӣ дар назди тамошобинони тоҷик, ин операро дар ояндаи наздик, ба Аврупо, аз ҷумла ба ба Фаронса ва Австрия ҳадия баранд.