Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои рафъи як мушкили сахти Осиёи Марказӣ ва Аврупо


Дар шаҳри Стокголм як ҳазору панҷсад намоянда аз ҳукумат, созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ҷамъ омадаанд, то роҳҳои дастрасии бештари мардуми ҷаҳон ба оби поки ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштиро баррасӣ намоянд. Дар ин шаҳри Шветсия, рӯзи душанбе ҳафтаи байналмилалии об шурӯъ шуд ва то 27 август идома мекунад. Дар ин маърака, ки бо мусоидати Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мушкилоти оби Шветсия ва созмонҳои ғайридавлатӣ баргузор шудааст, аҳамияти об барои хадамоти беҳдоштӣ, таъмини ғизои кофӣ, кишоварзӣ ва тавлиди энержӣ баррасӣ мешавад.

Муҳимтарин масъалаи баррасӣ ин будааст, ки оё кишварҳои ҷаҳон хоҳанд тавонист, то соли 2015 шумори афродеро, ки дастрасии доимӣ ба оби поки ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ надоранд, ду баробар кам кунанд. Дар зарфи 15 соли ахир ба шумори сокинони саёраи Замин, ки ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ доранд, як миллиард нафар афзудааст ва кишварҳои ҷаҳон аҳд кардаанд, то соли 10 соли дигар ба ин шумора 2 миллиард нафари дигар биафзоянд.

То имрӯз аз 877 миллион нафар сокинони Аврупои мутараққӣ ва ҳамчунин Осиёи Марказӣ тақрибан 140 миллион нафар дар хонаҳои бидуни шабакаи об зиндагӣ мекунанд, 85 миллион нафари дигар аз васоили оддии беҳдоштӣ маҳруманд ва 41 миллион тан комилан ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, солона 13 ҳазор тифл дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба иллати оби нопоки ошомиданӣ ва адами хадамоти аввалияи беҳдоштӣ мемиранд, ки 11 ҳазор нафари онҳо атфоли сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Бештари аҳолии Тоҷикистон низ ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва оби нопок пайваста боиси хуруҷи бемориҳои мухталифи сироятӣ ва баъзан сабаби марги одамон мешавад.
XS
SM
MD
LG