" - Садриддин имрӯз ба чӣ кор машғул аст?"
"-Ман бо як ширкати эронӣ шартнома бастам, ки тибқи он таронаҳои ҷадиди худро клипсозӣ мекунам. Ва баъдан ин клипҳои ман тариқи шабакаҳои телевизионии хориҷӣ пахш хоҳад гардид. Вақте дар соли 2004 бори нахуст консерти худро дар шакли зинда барпо карда будам, навори онро ҳамзабонони эронии мо ба Амрико бурданд ва дар он ҷо бори аввал ду таронаи ман чаҳор бор пахш шуд. Пас аз ин ширкати эронӣ бо ман шартнома баст, ки ман бояд пас аз 8 моҳ ва ё 1 сол ба кадом минтақае ки онҳо интихоб мекунанд, биравам ва он ҷо таронаҳоямро клипсозӣ намоям."
"-Он албоми ҷадидеро ки шумо мехохед тоза нашр кунед, таронаҳояш дар Тоҷикистон эҷод шудаанд ва ё дар хориҷи кишвар?"
"-Ростӣ, аз он лаҳзае ки ман аз Тоҷикистон берун рафтам, дар Имороти Муттаҳидаи Араб будам ва қариб таи як солу ду моҳ он ҷо фаъолият доштам. Дар ин байн, ду бор ба Тоҷикистон омадам ва консерт доир намудаву боз баргаштам. Дар ин муддат бисёр оҳангҳои ҷолиб тавлид шуд. Бешубҳа, аксари онҳо аз эҷодиёти худи ман аст, худам интихоб кардаам, вале боз як чанд тарони дигарро бароям дӯсти эрониям, ки Меҳршод ном дорад ва худ хонанда асту дар Дубай фаъолият мебарад бо ҳамроҳии бародараш ба ман 6 - 7 таронаашонро тақдим намуданд. Ин таронаҳо 3 моҳ баъд рӯи навор хоҳанд омад."
"- Ба назари шумо, ҳамкорӣ бо ҳунармандони кишварҳои мухталиф чӣ манфиате дорад?"
"-Бешубҳа, манфиати аввалиндараҷа ба кишвари худи мост. Чун ҳар як давлатро бо варзиш ва фарҳангаш мешиносанд. Ман орзӯи онро дорам, ки бигзор таронаҳои овозхонони тоҷик тариқи шабакаҳои телевизионии форсӣ пахш шаванд, то ин ки фосизабонон бидонанд, ки дар Тоҷикистон низ чунин ҳунармандон ҳастанд."
"-Дар бобати сафари шумо ба Имороти Араб сару садоҳои зиёд мавҷуд аст. Мухлисони шумо мехоҳанд бидонанд, ки чаро шумо маҳз ҳамин кишварро интихоб намудед?"
"- Ман Иморати Арабро интихоб накардаам, балки ин аввалин шонси ман буд барои берун омадан аз Тоҷикистон. Вале ман нақша дорам, ки ба Амрико сафар дошта бошам. Фикр мекунам, санъат сарҳад надорад. Бо вуҷуди ҳар куҷое наравам, ватан барои ман дар мадди аввал аст. Ман ҳамеша бо ватанам ҳастам ва барои шӯҳрати он кор мекунам."
"- Дар Иморати Араб шумо дар куҷо фаъолият мекардед?"
"-Рӯзҳои аввал ман барои 3 моҳ бо дискоклуби Марҷон шартнома доштаму он ҷо овозхонӣ мекардам. Баъдан, пас аз он ки бо чанде аз дӯстони эронӣ ки дар шабакаи телевизионии PMC кор мекарданд, ошноӣ пайдо кардам ва нақшаҳои баъдии ман низ бо онҳо бастагӣ дорад."
"- Дар солҳои аввале, ки ба фаъолият пардохта будед, аксаран дар бобати ишқу муҳаббат ва хушбахтӣ месурудед. Пас аз тарки ватан таронаҳои шумо мавзӯи дигарро касб карданд. Шиква аз қисмат, шиква аз душманон. Сабаб дар чист?"
"- Бурди сароянда низ дар ҳамон аст, ки ҳар лаҳзаи зиндагии худро инъикос карда битавонад. Ҳар он ҳодисае ки дар зиндагии ман ба вуқӯъ меояд, аз он тарона тавлид мешавад."
"-Пас оё метавон гуфт, ки имрӯз Садриддин лаҳзаҳои ғамангези ҳаётро паси сар мекунад?"
"-Боботоҳири Урён мегӯяд:
Ба гӯристон назар кардам сабоҳе, бидидам гиряву афғону оҳе,
Бидидам каллае бар хок мегуфт, ки ин дунё намеарзад ба коҳе.
Ба фикри ман оқибати дунё ҳамааш ғам аст. Мо бояд тавонем, ки ҳамаи онро таҳаммул бисозем."
"-Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, мухлисонатонро чи гуна дарёфтед? Оё эҳсос кардед,ки пазмони шумо буданд?"
"-Бале, ман инро ҳис мекардам. Ман хурсанд аз онам, ки мухлисонам ба ман вафодор ҳастанд. То он замоне ки онҳо маро ҳамроҳанд, ман барояшон кор хоҳам кард."