Сафар Шарифов садри Ҳизби коммунисти Кӯлоб бо ҳамин таронаи маъруфи асри 20 аз барчидани ҳайкалҳои доҳии худ дар Кӯлоб изҳори норизоӣ кард. Ва аммо на танҳо ҳайкалҳои Ленин замони ахир мавриди тахриб қарор доранд. Дар Кӯлоб тайи рӯзҳои ахир бо шумули ду ҳайкали бузурги Ленин воқеъ дар Майдони Сурх ва Боғи пешоҳангон ҳамчунин ду пайкараи қаҳрамонҳои инқилоби комунистӣ - Томин ва Шаталов низ хароб шуд. Ин ду ҳайкалро бо қарори ситоди ҷашнвораи 2700-солагии Кӯлоб ҷорӣ барканданд.
Музаффар Азизов- сардори нозироти ҳифзи ёдгориҳо ва ҳайъати арзёбии бадеии вазорати фарҳанги кишвар мегӯяд, пайкараҳо бар асоси қарори ҳукумат барканор шудаанд. Дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба ҷашнвораи 2700-солагии Кӯлоб нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Рустами Абдураҳим низ барканор шудаанд.
Музаффар Азизов-сардори раёсати нозироти ҳифзи ёдгориҳо ва ҳайъати арзёбии бадеии вазорати фарҳанги кишвар мегӯяд, барчидани пайкараи Сангаку Рустами Абдураҳим тибқи талаботи санъати меъморӣ амалӣ шудааст. Ҷаноби Азизов меафзояд, агар аз як сӯ ин ҳайкалҳо ба талаботи меъморӣ ҷавобгӯ набошанд, аз ҷониби дигар онҳо ғайриқонунӣ барафрохта шудаанд. Ҳатто ҳайкали Ленин дар майдони сурхи Кӯлоб низ соҳиби шиноснома набудааст ва ин ҳайкал на танҳо ба гурӯҳи ёдгориҳои таърихӣ шомил нест, балки расман гӯё вуҷуд надорад.
Ва аммо ҳайкалҳои беном ва бешиноснома дар Тоҷикистон зиёданд. Дар маҷмӯъ дар қаламрави кишвар беш аз 100 ҳайкали Ленин ҳаст, ки аз ин теъдод ҳудудан 10 пайкара соҳиби шиноснома будааст. Ба истилоҳи дигар 90 пайкараи Ленини аъзам аз даврони шӯравӣ то ҳанӯз ғайриқонунист!
Музаффар Азизов мегӯяд, дар кишвар шояд ҳазорон адад пайкараву нимпайкара ва овезаву сутунҳои меъморӣ мавҷуданд, ки аз ин байн танҳо 140-тои онҳо расман ба қайд гирифта шуда, шиноснома доранд. Дар ин миён бештари ҳайкалҳои қаҳрамонҳои инқилоби шӯравиву пешвоёни комунистон ва фармондеҳони Фронти халқӣ ғайриқонунианд ва барканор кардани онҳо вақту соати мусоидро интизор будааст.
Ва аммо пайкараҳои устодони назми порсии тоҷикӣ, афроди оламшумул ва қаҳрамонҳои миллӣ низ шиносонома надоштаанд. Сарраёсати нозироти ҳифзи ёдгориҳо мегӯяд, даҳҳо адад ҳайкали Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Ҷомӣ ва дигар уламову удабои тоҷик ғайриқонунӣ эъмор шудаанд.
Музаффар Азизов меафзояд, дар бархе маврид ҳукуматҳои маҳаллӣ бе арзёбии меъморӣ ҳайкалҳо месозанд ва дар навбати худ, пайкараҳои дигар ашхоси дар собиқ маъруфро ғайриқонунӣ барканор мекунанд: «Ҳайкалҳои ғайриқонунӣ дар кишвар ҳамасола даҳҳо адад бунёд мегарданд. Масалан дар ноҳияи Рудакӣ ҳайкали Ленинро ба таври ваҳшиёна, ҳамчун вандалҳо валангор карданд.»
Дар ин ноҳия пайкараи доҳии коммунистонро ғайриқонунӣ валангор карда, ҳайкали Одамушшуароро, ки ғайриқонунӣ бунёд шудааст, ҷои ӯ устувор кардаанд. Музаффар Азизов мегӯяд, ин ҳайкали Рӯдакӣ бо шумули чанд пайкараи дигари устоди назми порсигӯён шиноснома надорад. Зеро пайкара ба ҷузъитарин талаботи меъморӣ ҷавобгӯ нест.
Ва аммо пайкараҳои зиёди Исмоили Сомонӣ, ки тақрибан дар ҳар шаҳру ноҳия қомат афрохтаанд, низ ғайриқонунианд:« Бидуни 4 ҳайкал дар тамомии қаламрави Точикистон даҳҳо адад пайкараҳои Сомониро ғайриқонунӣ гузоштаанд. Ҳайкалҳои Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Турсунзодаву дигару дигарон ғайриқонунианд! Зеро бе иҷозаи вазорати фарҳанг бунёд ёфтаанд. Ин пайкараҳо симои шаҳрро вайрон мекунанд ва ба ягон талаботи меъморӣ ҷавобгӯ нестанд.»
Дар вазорати фарҳанги кишвар гуфтанд, ки дар маҷмӯъ дар кишвар танҳо 4 ҳайкали Исмоили Сомонӣ қонунист. Дигар пайкараҳои Сомонӣ ба ҳар тарзу гуна бунёд шудаанд, ки дар аксари маврид аз ҳам ҷиддан тафовут доранд. Хайрандеш, садри Иттиҳоди Нависандагони Точикистон дар Хатлон мегӯяд: «Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳайкали Исмоили Сомониро, ки гузоштаанд, аз Маскав овардаанд ва ӯ симои русӣ дорад. Дар Бохтар Исмоил тамоман ба ба дигар кас монанд аст. Дар ҳамаи ноҳияҳо Исмоили Сомонӣ симои мухталиф дорад!»
Ва аммо пайкараҳои дигари қаҳрамонҳои миллии Тоҷикистон, Мирзои Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров низ шиноснома надоранд, яъне ба истилоҳи дигар ғайриқоунунӣ будаанд. Музаффар Азизов мегӯяд: «Дар ноҳия ҳайкали Турсунзодаро ғайриқонунӣ ва бе иҷозаи сарраёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бунёд кардаанд ва акнун мехоҳанд, ки мо онро шиноснома диҳем. Аммо ин ҳайкал ба ҳеҷ талаботи санъати меъморӣ ҷавобгӯ нест.»
Роҷеъ ба санъати меъмории як пайкараи аллома Ғафуров, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Хайрандеш мегӯяд, ки «пайкараи олими маҳбуб ягон зарра ба устод шабоҳат надорад ва ин таҳқири миллатест, ки қаҳрамони худро ҳамин гуна нозеб пайкарарезӣ кардааст.»
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2004 таҳти рақами 172 дар бораи эъмори пайкараҳо, ҳамаи ин ҳайкалҳоро тақдири ҳайкали Сангаку Ленин интизор аст. Яъне онҳоро ҳукумат метавонад барканад! Воқеан дар Кӯлоб тасмим гирифтанд, ки ҳамаи ҳайкалҳои барчидаро бидуни нимпайкараҳои Сангаку Рустами Абдураҳим дар як хиёбони пайкараҳо - воқеъ дар гулгашти Исмоили Сомонӣ аз дигар устувор кунанд.