Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик боҷуръатанд ва ё на?


Муслим ном ҷавон гуфт, ҳарчанд ӯ дер боз орзуи фаъолият кардан дар созмонҳои байналмиллалиро дорад, аммо барои супоридани ҳуҷҷат ба чунин ташкилот истиҳола менамояд: "Аз он метарсам, ки аз ӯҳдаи корашон намебароям. Забони англисии ман он қадар хуб нест ва тарси ман низ аз ҳамин аст. Аз ин сабаб ман то ҳол ба ягон созмон ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод накардаам."

Як донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Давлатии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ бархе аз устодон нисбат ба ӯ ва ҳамсабақонаш ноодилона рафтор менамоянд, вале онҳо ягон бор барои исботи ноҳақии устодонашон кӯшише накардаанд ва ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам ҷуръати чунин рафторро надоранд: "Муаллимоне ҳастанд, ки вақти сесия, савол намедиҳанду пул мепурсанд. Бисёри студентҳо моро хориҷ мекунанд, гуфта метарсанд. Ман ҳам метарсам, илоҷ нест дигар."

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов дар сӯҳбат ба мо гуфт, дар ҷомеаи Тоҷикистон анқариб аксарияти ҷавонони тоҷик азоби камҷуръатӣ мекашанд. Ҷой доштани чунин хислатро дар ҷавонон Шокирҷон Ҳакимов аз як тараф дар тарбияи шарқиёна ва анъанаҳои миллӣ бинад, аз ҷониби дигар ба андешаи ӯ, набуди озодии сухан ва маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон дар кишвар, боиси пайдо гаштани тарс дар дили ҷавонон нисбат ба баён намудани ақидаи худу боҷуръат будани онҳо мегардад. Маҳз камҷуръатист, ки ҷавонон ба худ кори мунсоиб намёбанд, ё ин ки аз ҷониби шахсони алоҳида ҳуқуқашон поймол мегардад:

"Имрӯз дар макотиби миёна ва олӣ барои ташаббус нишон додани талаба, ё донишҷӯ шароит вуҷуд надорад ва шаклҳои нави таълим аз ҷумла интерактивӣ ҷорӣ нашудааст. Ҳамаи ин сабабҳоеанд, ки барои озодандеш будан, ё худ боҷуръаттар будани ҷавонон монеа ҳастанд. Чизи дигар ин аст, ки аз ҳуқуқи худ, аз қонунҳои мавҷуда ҷавонон хуб огаҳӣ надоранд, аз ин рӯ дар сурати маҳдуд кардани ҳуқуқи инсонии онҳо, таҳқир кардан ва ё ба иззати нафси онҳо расидан аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ё дигар нафарҳо онҳо кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, то ки аз ҳуқуқи хеш дифоъ кунанд."

Ин фикри Шокирҷон Ҳикимовро чанд мусоҳиби дигари ҷавони мо низ таъкид сохтанд:

"Бисёрша ҳамин хел мебаран маҷбурӣ гуноҳа дар калашон бор мекунанд. Уво бошанд метарсанд, фикри худшона гап занан."

"Мисолҳо зиёданд ва яке аз онҳо маҷбурӣ ба шавҳар додани духтарон аз тарафи падару модар аст. Агар маро маҷбурӣ ба шавҳар диҳанд, ман «не» мегӯям. Ман боҷуръат ҳастам ва метавонам, не гӯям. Баъзеҳо ҷуръат намекунанд, метарсанд ё фикр мекунанд, ки агар онҳо ба гапи падару модарашон надароянд ва не гӯянд, волидайнашон аз онҳо хафа мешаванд."

Аз ҷиҳати илми равоншиносӣ беҷуръати бештар дар он шахсоне мушоҳида мешавад, "ки онҳо қобилияти дуруст дарк кардани имкониятҳои худро надоранд ва аз ба нокомиҳо дучор шудан метарсанд. Беҷуръатӣ дар натиҷаи омилҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва биологӣ ба вуҷуд меояд. Ба омилҳои равонӣ метавон дараҷаи худбаҳодиҳии шахсро мансуб донист. Дар он нафароне, ки дараҷаи худбаҳодиҳияшон паст аст, наметавонанд имкониятҳои воқеии худро хуб баҳогузорӣ кунанд."

Ин ҳарфҳои равоншинос Сайфиддин Расулов аст: "Дар он сурате, ки ӯ имконияти ҳалли ҳамон корро дорад, вале ба худ баҳои паст медиҳад, ӯ ҷуръат намекунад, ки ба ҳалли он кор даст занад. Беҷуръатӣ модарзодӣ нест, балки дар рафти ҳаёт ба вуҷуд меояд. Ташаккулёбии он бевосита аз муҳит вобаста аст. Пеш аз ҳама дар он ҳолате ки ,агар тарс мавқеи махсус дошта бошад, ё агар тарсонданро ба ҳайси усулҳои тарбиявӣ истифода бибаранд, ё меҳнати кӯдак ба қадри арзиши худ баҳогузорӣ нашавад, ин ҳолат метавонад дар кӯдак ва ё ҷавон беҷуръатиро ташаккул бидиҳад."

Дар ҳамин ҳол Сайфиддин Расулов мегӯяд, имрӯз куллан ҷавонони тоҷикро беҷуръат муаррифӣ кардан хатост. Зеро онҳо новобаста ба мушкилот ва монеъаҳое, ки дар давраи гузариш вуҷуд дошт, рӯҳафтода нашудаанд ва дар сурати таҳлили фаъолияти онҳо дар ҷабҳаҳои мухталиф боҷуръатияшонро мушоҳида намудан мумкин аст.

Муҳиддин Кабирӣ сиёсатмадори тоҷик низ дар ин бора андешаҳои ҷолиб дорад.
XS
SM
MD
LG