Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АВВАЛИН ПОСУХҲО БА САВОЛҲОИ МО


Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ Дар арафаи 60-солагии Ғалаба бар фашизм мехоҳем бипурсем, ки Шумо дар бораи он ҷанг чӣ медонед, чӣ эҳсос ва андеша доред? Дар бораи нақши Тоҷикистон ва собиқадорони ҷанг ва вазъи имрӯзаи онҳо чӣ мегӯед? Оё ҷавонони тоҷик ба Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм аз кадом зовия нигоҳ мекунанд? Баъзеҳо ҳам Гитлер ва ҳам Сталинро аз "қассобон"- и ин ҷанг мешуморанд, назари Шумо чист? Агар дар ин бора гуфтание доред, ба е-майлҳои JavononiOzodi@rferl.org, Tajik@rferl.org паёми худро фиристед ва ё ба телефонҳои 24-08-77, 24-61-91, 24-57-47, 21-94-08 дар Душанбе занг зада назари худро баён доред. Паём ва садои Шумо дар барномаи махсуси мо бахшида ба 60-солагии Пирӯзӣ дар ҷанги зидди фашизми гитлерӣ мақоми арзанда хоҳанд дошт. Ва инак, аввалин посухҳои шумо...

Таърихро нодида набояд гирифт
Салом ба ҳамаи кормандони Бахши Тоҷикии радиои Озодӣ.
Хеле суолҳои ҷолиберо пешкаши ҳаводорон ва алоқамандони барномаҳои худ кардаед ва ман шахсан бар инам, ки Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ яке аз даҳшатноктарин ва фалокатбортарин воқеаҳо дар таърихи башар ба шумор меравад, ки дар он зиёда аз 70 миллион инсон ҷони хешро аз даст дод. Тоҷикистон дар ин ҷанги алайҳи фашизм хеле нақши хубе бозидааст, чунки Тоҷикистон ҳамчун ақибгоҳи ҷабҳа чи аз лиҳози нирӯи ҷонӣ ва чи кӯмаки моддӣ ёрии хешро дареғ надоштааст ва имрӯз беинсофӣ мешавад, ки мо ҳама он таърихро нодида гирем ва ҳатто фаромӯш кунем. Ҷанговароне ки дар ин ҷанг иштирок кардаанд, бояд қадрдонӣ шаванд ва имтиёзҳои хосе дошта бошанд. Ва дигар ин ки ҷавонон, ба фикри ман, дар ин бора маълумоти камтаре доранд ё ки аз он бехабаранд ва дар воқеъ агар онҳо Сталину Гитлерро қассоб хонанд, ба фикри ман, ҳақиқат аст.
Ман ин ҷашнро ба ҳама ҳаммеҳанони азиз, хосатан иштироккунандагони ин ҷанг, табрик мегӯям.
Бо эҳтиром, Мустафо.

Оянда бе гузашта вуҷуд надорад

Ман Абдураҳмонам, яке аз муҳассилони тоҷик дар хориҷа ва Иди Ғалабаро ба тамоми халқи тоҷик табрик мегӯям ва аз ҳамаи халқи тоҷик даъват мекунам, ҳар кас ба андозаи тавонаш ба халқи худ кӯмак кунад, ба Тоҷикистон фоида бирасонад, модоме ки тоҷик ҳастанд ва ин бо хондан мешавад, бо меҳнат. Ҳар шаб бояд пеш аз хоб фикр кард, ки кас чи коре анҷом дод, чи чизи наве омӯхт, чи чизи зиёдтар, то ки боиси хидмат ба ватан шавад. Вассалом.
Абдураҳмон.

Магар гапи дигар нест?

Салом ба кормандони радиои Озодӣ.
Аввалан ман шукру табрик мегӯям барои ин сайте ки шумо таҳия мекунедаш ва мо ба сабаби он бо аксари хабарҳо ошно мешавем ва барои шумо хушбахтӣ ва муваффақият таманно дорам.
Дар бораи ҷанги ватанӣ, бале ин як ҷанге буд, ки бисёри камбағалон ва бечорагон дар он ҳалок шуданд. Аммо чаро мо дар ин замон аз баъзе мушкилотамон гап занем, аз оне ки дар бораи ҷанги гузашта. Ё ин ки мушкилоте надорем ва ё ҳамаи масъалаҳои худро ҳал кардаем ва аз бекорӣ дар бораи таърихи дур сӯҳбат мекунем? Ва хуб мешавад, агар шумо аз мардум дар бораи ягон мушиклоти воқеъӣ пурсон бишавед ва фикрашонро бигиред. Хайр ва бахшиш барои ин ҳарфҳо, зеро ки ман аз хориҷи Тоҷикистон хат мекунам.
Яке аз донишҷӯёни тоҷик.
XS
SM
MD
LG