Оҷонсии рушди кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавсум ба «Глобал Миканизм» қасд дорад бо ихтисоси 700 миллион доллари амрикоӣ дар зарфи 10 соли оянда барои ҷилавгирӣ аз эрозия ва ё фарсоиши замин дар 5 кишвари минтақаи Осиёи Миёна ба сохторҳои марбутаи ин кишварҳо кӯмак намояд. Ин матлабро Эркин Ожигалиев, ҳамоҳангсози барномаҳои раёсати муҳити зисти ин оҷонсӣ дар Осиёи Миёна зимни як нишасти минтақавӣ доир ба истифодаи замин дар шаҳри Душанбе эълом дошт.
Эркин Ожигалиев гуфт, бо ҳадафи таъмини баҳрабардории дуруст ва ҷилавгирӣ аз раванди афзояндаи таназзул ва фарсоиши замин дар кишварҳои Осиёи Миёна оҷонсии рушди кишоварзии Созмони Миллал чанд сол боз ба таҳия ва тадвини як барномаи мукаммали стратегӣ машғул аст ва ба ин манзур бо мусоидати оҷонсӣ ва ҳамчунин Бонки Осиёии Рушд шурӯъ аз соли равон, яъне соли 2005 тарҳҳои алоҳида мавриди иҷро қарор мегиранд.
Ӯ афзуд: "Шурӯъ аз соли равон бо ибтикори оҷонсӣ барои иҷрои тарҳҳои мавриди назар як барномаи муштарак роҳандозӣ мегардад, ки он барои даҳ сол дар назар гирифта шудааст. Дар чаҳорчӯби ин барнома, ки ҳазинаи он 700 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, бо кӯмаки коршиносони оҷонсӣ дар ҳар кишвари минтақа ниҳодҳои мутамарказ ҷиҳати танзими масоили истифодаи замин ташкил дода мешаванд."
Дар ин нишаст роҳу усули иҷрои барномаи ёдшуда, муайян намудани салоҳияти сохторҳои марбута дар робита ба иҷрои барнома ва ҳамчунин самтҳои афзалиятноки кор бо таваҷҷӯҳ ба вижагии минтақавии ҳар як кишвар мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор мегиранд. Аммо то кадом андоза мавзӯъи танзими замин ва истифодаи пурсамар аз захоири он дар Тоҷикистон имрӯз мавзӯъи рӯзмарра дониста мешавад?
Ҳикматуллоҳ Аҳмадов, раиси донишкадаи ҷангали Тоҷикистон мегӯяд, дар чанд соли охир дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба далели истифодаи нодурусти замин таназзул ва фарсоиши хок ба мушоҳида мерасад. Оқои Аҳмадов меафзояд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 97 дар сади заминҳои обӣ дар кишвар дучори таназзул ва фарсоиш шудаанд.
Вале Эркин Ожигалиев, ҳамоҳангсози барномаҳои Оҷонси рушди кишоварзии Созмони Милал дар Осиёи Миёна дар ин робита ба сиёсати нодурусти қаблии истифодаи замин ишора менамояд ва мегӯяд: "Дар замони шӯравӣ усулан истифодаи замин бидуни назардошти фанновариҳои соҳавӣ сурат мегирифт, ки боиси камшавии ҳосилнокии замин ва дучори фарсоиши он мешуд. Натиҷаи чунин бархӯрди нодуруст аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон резиши ярчу ҷорӣ шудани селобҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд."
Қарор аст, нишасти минтақавии Душанбе доир ба истифодаи пурсамари замин то се рӯзи дигар идома ёбад. Холиқи Сангин, Душанбе