Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯзу фардои иқтисодиёти Тоҷикистон аз нигоҳи Бонки Осиёии Рушд


Бонки Осиёии Рушд дар гузориши солонаи худ роҷеъ ба вазъи иқтисодии кишварҳои Осиё навиштааст, аз соли 2000 ба ин тараф рушди солона дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 9-у ним дарсадро ташкил медиҳад. Тавлидоти нохолиси миллӣ беш аз 10,5 % нишон дода шудааст, ки он умдатан аз ҳисоби саноати сабук, ба вижа тиҷорат, хидматрасонӣ ва соири амалиёти бозорӣ ба даст омадааст. Дар бахши саноати вазнин тавлиди алюминям дар соли 2004 9,4% боло рафтааст.
Дар гузориши Боки Осиёии Рушд омадааст, давлат ҳамчунон назорат бар сохторҳои ғайридавлатиро дар даст дорад ва имкон намедиҳад тавлидоти хусусӣ рушд ёбад. Дар давоми соли гузашта хусусӣ кардани баъзе бахшҳои тавлидот ҳамчунон заъиф буд. Аммо маълумотҳо дар бораи коҳиши фақр нисбат ба солҳои пеш қобили ситоиш аст. Масалан, соли 1999 дар Тоҷикистон 82% аҳолӣ дар фақр ба сар мебурданд. Соли 2004 шумораи фақирон тақрибан 20% камтар шудааст ва ба 64% расидааст. Бо вуҷуди ин, Тоҷкистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунон фақиртарин кишвар боқӣ мондааст. Бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакону ҷавонон ҳамчунон дар сатҳи поин қарор дорад. Омӯзгорон барои ночиз будани дастмузд омӯзгориро тарк мекунанд ва ба корҳои дигар мераванд. Чунин равиш сабаби камбуди омӯзгорон дар мактабҳо шудааст.
Пахта навъи аслии зироат дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Кишоварзон тақрибан 9 моҳ дар пахтазор кор мекунанд, вале барои арза кардани маҳсулоти худ ба бозор то ҳол ба маҳдудият ру ба ру ҳастанд ва ба таври мустақил наметавонанд тасмим бигиранд. Ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки хоҷагиҳои кишварзӣ аз бонкҳо ва сармоягузорон қарздор ҳастанд ва ин қарзҳо сол то сол афзоиш меёбад. Масалан, соли 2003 қарзи онҳо 180 миллион долларро ташкил медод, вале соли 2004 ин қарз ба 230 миллион доллар расид. Албатта, яке аз сабабҳои он поин рафтани нархи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ мебошад. Ба ин сабаб, бо назардошти нархи поини содиротии пахта камбуди тиҷорат дар соли 2004 то 290 миллион доллар боло рафтааст, дар ҳоле, ки соли 2003 ин камбуд 180 миллион долларро ташкил медод. Аз сӯи дигар, мизони табодули пули сомонӣ бо пулҳои дигар дар сатҳи зарурӣ боқӣ мондааст ва чунин равиш суботи арзиши сомониро нигаҳ медорад. Давлат мехоҳад аз роҳи ҳамкориҳои минтақаӣ, ба вижа бо кишварҳои ҳамсоя, ба бозорҳои хориҷӣ роҳ ёбад. Барномаҳои сармоягузории Русияву Ирон дар сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ намунаи чунин омодагист. Бонки Осиёии Рушд дар хулосаи гузориши солонаи худ менависад, боло рафтани мизони тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон ба омилҳои хориҷӣ иртибот дорад, яъне ба ворид шудани пули бештар аз хориҷ ва боло рафтани нархи алюминям дар бозорҳои ҷаҳонӣ, яъне тавлидоти дохилӣ боло нарафтааст.
XS
SM
MD
LG