Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов дар "Ҳафтаи Ҷавонон" ҳамроҳи ҷавонон


Дар маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 30 март бо раёсати президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов баргузор шуд, дар қатори масоили дигар ҳамчунин якчанд қарори марбут ба ҷавонон низ баррасӣ шудааст. Ва хабари аз ҳама муҳим ин аст, ки қарор шудааст, 21 май вохӯрии президент Раҳмонов бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор шавад.

Интизор меравад, дар мулоқоти ҷавонони Тоҷикистон бо раисҷумҳурашон арзу ниёз ва таклифу пешниҳодҳои ҷавонон баррасӣ шавад. Ин вохӯрӣ дар доираи чорабиниҳое зери исми «Ҳафтаи Ҷавонон» сурат хоҳад гирифт, ки қарори баргузории он низ дар ҳамин ҷаласа қабул шуд.

Дар ҷаласаи ҳукуматӣ ҳамчунин, як барномаи ҷилавгирӣ аз паҳншавии нашъамандӣ ва такмили кӯмакҳои наркологӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2005 - 2010 ва низомнома дар бораи комисияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон қабул шудааст. Дар Тоҷикистон расман беш аз ҳафт ҳазор нафар мӯътод сабти ном аст, вале шумори онҳо то ҳафтод ҳазор тахмин зада мешавад. Ҳафтод дар сади онҳоро ҷавонон ташкил медодаанд.

Ва боз, наркологҳои мустақил аз маҳдудияти имконоти мадад ба мӯътодон ҳарф мезананд. Ва аммо дар мавриди қочоқи одамон, бештар дар Тоҷикистон ҷавондухтарон ва ҷавонзанон ба тори гурӯҳҳои ҷинояткори машғул ба хариду фурӯши инсон мепечанд ва танҳо соли гузашта барои нахустин бор барои қочоқ чанд нафар муттаҳамон ба маҳкама кашида шуданд.
XS
SM
MD
LG