Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Гулзори адаб»-и Ашӯр Сафар


Кулоб

Дар доираи ҷашнвораи 2700-солагии шаҳри Кулоб, бо ташаббуси шӯъбаи фарҳангу маориф, шӯъбаи кор бо ҷавонони ҳукумат дар ин шаҳр озмуни «Гулзори адаб» оғоз ёфт. Ин маҳфил, ба 75-умин солгарди шоири халқӣ, барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ашӯр Сафар бахшида шудааст. «Гулзори адаб» шабеҳи озмун-фестивали Андалеб аст, ки дар тамомии муассисоти таълимии шаҳр баргузор мегардад. Маҳфили «Гулзори адаб», дар 15 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ доир гашт ва ҳанӯз ҳам идома дорад. Тибқи иттилоъи Файзи Ашӯр, узви комиссияи фарҳангии озмун ва фарзанди шоир дар таркиби худ ин номгуй бахшҳоро гунҷонидааст: «Суруди якка, суруди умумӣ, саҳнаи ҳаҷвӣ, қиссаҳо аз хаёти шоир ва гӯшаи китобҳои адиб.»

Ашӯри Сафар марди латифе будаанд, ки ҳаҷву мутоябаи ӯ то ҳанӯз зиндаанд. Ҷалолиддин, хонандаи синфи 7 мегӯяд, ки «Боре аз камсаводии як донишҷӯ Ашӯри Сафар ба дод омада, аз ӯ пурсидааст, ки «дар умрат ягон китоб хондаӣ?» Донишҷӯ, «дили устодро ба даст оварда» гуфтааст, ки «бале, ман китобҳои «Холи Фатир»-и Ашӯр Сафар, «Гапи Подор»-и Ашӯр Сафар ва умуман ҳамаи китобҳои Ашӯр Сафарро хондаам» Ашӯри Сафар хандида гуфтааст, «Ҳамин китобҳоро мехонӣ, ки балоро намедонӣ."

Воқеан ҳам Ашӯр Сафар ҳамчун устоди хеш Сайидалӣ Вализода қаҳрамони лутфи мардумианд. Ва ҳазлу мутоябаи ин ду марди сухан дар ҳар маҳфил пайваста ба гӯш мерасад. Ва онгуна ки ба гуфтаи Файзи Ашӯр озмуни мазбур онгуна шоиролуда аст, ки ба назар мерасад, рӯҳи шоир шарики ҳозирин аст. Озмуни «Гулзори адаб» барои поси хотири шоир охири кор нест. Дар чаҳорчӯби ҷашнвораи 75-солагии шоир ҳукумати шаҳр тасмим гирифт, барои осорхонаи адиб ва нимпайкараи ӯ 65 000 сомонӣ баробар ба 20 000 доллари амрикоӣ ҷудо кунад.
XS
SM
MD
LG