Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инъикоси маъракаи интихоботӣ дар матбуоти давлатии Тоҷикистон


Аз аввали моҳи январ Телевизиони Давлатии Тоҷикистон бо нашри навори тарғиботӣ, ки дар он бандҳои Қонуни интихоботи Тоҷикистон хонда мешавад, аз наздикоии рӯзи интихоботи порлумонӣ хабар медиҳад. Ин телевизион ба манзури инъикоси раванди маъракаи интихоботӣ дар саросари Тоҷикистон ситоди махсус бо номи "Интихобот-2005" таъсис додааст. Асадуллоҳ Раҳмонов - мудири барномаҳои телевизион гуфт, дар барномаҳои хабарӣ ва сиёсии телевизион бо ширкати масъулини комиссияи интихоботӣ, аҳзоби сиёсӣ масоили марбут ба интихоботи порлумонӣ мавриди баҳс қарор мегирад.

Масъулини радиои Тоҷикистон низ гуфтанд, масоили вобаста ба интихобот пайваста дар гуфторҳои онҳо садо медиҳанд. Амон Одилов - сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсиву байналмилалии Радиои Тоҷикистон гуфт, ҷиҳати инъикоси густурдаи маъракаҳои интихоботӣ ва огаҳии бештари раъйдиҳанда аз Қонуни интихобот барномаи вижае таҳти унвони «Гуногунандешӣ - рукни давлати демократӣ» таҳия ва пахш мешавад.
Ҳамзамон бо расонаҳои савтиву тасвирӣ хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар" низ аз ҷараёни маъракаи интихоботӣ аз навоҳӣ, омодагиҳои марокизи раъйдиҳӣ, ҷомеаро огоҳ созад. Зафар Саидов- раиси хабаргузории давлатии "Ховар" гуфт, дар назди Комиссияи марказии интихобот намояндагии оҷонсӣ оғоз ба кор карда, мардумро аз ахбори тоза то анҷоми интихобот дар ҷараён мегузорад.

Агарчӣ масъулини васоити ахбори давлатӣ фаъолияти худ дар инъикоси раванди маъракаҳои интихоботиро мунсифона ва дар доираи муқаррарот арзёбӣ мекунанд, бархе номзадҳо ба вакилии парлумон аз аҳзоби мухолифи давлат мӯътақиданд, тасвири ин маърака дар барномаҳои телевизионӣ зери назорати мақомот сурат мегирад. Мамлакат Ҷайҷиева - узви раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд, радио ва телевизиони кишвар, ки таҳти таъсири давлат қарор доранд, дар аксаран манофеи ҳизби ҳокимро пуштибонӣ мекунад.

Илова бар расонаҳои давлатии Тоҷикистон телевизиони мустақили "Сомониён", як барномаи мунозиравӣ бо ширкати номзадҳои мустақил ва аҳзоби сиёсиро пешкаши тамошобин мекунад. Инчунин радиоҳои мустақили "Азия-Плюс" ва "Русский Радио-Ориёно", ки рӯи амвоҷи FM пахш мешаванд, дар барномаҳои худ масоили интихоботро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG