Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси аҳзоб бо мақомот бар сари наҳваи истифода аз таблиғоти телевизионӣ


Бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки намояндагони худро барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ номзад кардаанд, мегӯянд, ба манзури рӯшантар воқеъ шудани рақобатҳои интихоботӣ ва ба манзури имкони бештари интихоб додан ба мардум бояд мунозира ё баҳсҳои телевизонии аҳзоби сиёсӣ низ ба роҳ монда шавад.
Ин дар ҳолест, ки Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон(КМИРТ) бар асоси қарори худ танҳо ба сурати ҷудогона дар ихтиёри аҳзоби сиёсӣ гузоштани вақти мушаххаси телевизониро таъйид карда ва ташкили мубоҳисаҳои телевизонии аҳзобро пешбинӣ накардааст.
Аммо Раҳматулло Валиев, дабири кули Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд: "КМИРТ оид ба баромади аҳзоби сиёсӣ дар телевизион 10 ё 15 дақиқа пешниҳод кардааст, ки тайи он номзад барномаи ҳизбро пешинҳод мекунад. Дар ин ҷо тамошобин аз ин 10 дақиқа чизи зиёди сдманд барои худ гирифта наметавонад. Барои ҳамин, хуб мешуд, агар ба ҷойи ин 10 дақиқа ҳамаи 6 ҳизби сиёсӣ якҷо нимсоатӣ оид ба масоили рӯзмарраи Тоҷикитон ва роҳҳои ҳалли ин масоил баҳс мекарданд."
Дар ҳамин ҳол, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон(ҲНИТ) низ мегӯяд, рақобатҳои интихоботӣ бояд бар асоси шароити нав ва усули пазируфташудаи демократӣ сурат бигирад ва ташкили мубоҳисоти телевизонӣ бештар метавонад воқеъияти аҳзобро барои интихобкунандагон ошкор кунад: "Хеле хуб мебуд, агар баҳсу мунозираҳои интихоботӣ дар барномаҳои телевизионӣ бо роҳи баҳси намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ё 2 ҳизб, ё 3 ҳизб, ё 2-3 номзад ба мардум муаррифӣ мешуданд ва мардум аз ин баҳсҳо хулосаи худро мебаровард, ки кадоме аз ин номзадҳо ва ё кадоме аз ин аҳзоб метавонад мақоми сазовортареро дар ҷомиа ва дар парлумон касб намояд."
Ташкили мубоҳисот ва мунозираҳои телевизонии рақибони интихоботӣ дар шароити Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ озмоиш нашудааст. Дар интихоботи гузаштаи парлумон низ аз ин усул кор гирифта нашуд ва ҳизбҳои сиёсӣ ба сурати ҷудогона вақти телевизонии барояшон ихтисосёфтаро истифода карданд.
Аммо Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИРТ мегӯяд, ташкили мубоҳисаҳои байни аҳзоб аз тариқи расонаҳо дар қонун зикр шудааст ва ин зарурат вуҷуд надорад, ки КМИРТ дубора тавассути қарори худ телевизионро барои ин кор муваззаф кунад. Балки дар ин маврид бояд қонун риоят шавад. Ё ба ибораи дигар ташкили ин мубоҳисаҳо бар дӯши худи расонаҳост.:
Аммо ин дар ҳолест, ки масъулини телевизиони саросарии Тоҷикистон мегӯянд, таблиғоти интихоботӣ ва истифодаи аҳзоб ва номзадҳо аз вақти телевизионӣ бар бар асоси тарҳи пешниҳоднамудаи КМИРТ сурат мегирад, ки тибқи он, ҳар ҳизби сиёсӣ то ним соат ва ҳар номзад то 15 дақиқа ҳаққи истифода аз эфири телевизионро дорад ва дар он ишорае ба мубоҳисаҳои телевизонии миёни аҳзоб нашудааст.
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG