Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҷавобияи ширкати "SGS SA"-ро ба як мақолаи иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров нашр кардааст. Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар мақолаи худ зидди эҳтимоли ҷорӣ намудани тафтиши пеш аз боркунии бархе аз молҳои ба Тоҷикистон воридшаванда баромада буд. Дар ҷавобияи худ ширкати "SGS", ки ба ин намуди хидматрасонӣ машғул аст, навиштааст, ҳадаф аз тафтиши пеш аз боркунӣ - ин мусоидат ба ҳукуматҳо дар бартараф намудани декларатсиякунонии бардурӯғ, паст нишон додани арзиш ва фасод мебошад. Муаллифони ҷавобия, ноибраиси ин ширкат аз Женева ва намояндаи дафтари душанбегии он мисол овардаанд, ки тибқи омори расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2003 ҳаҷми содирот аз ин кишвар ба Тоҷикистон 50 миллион долларро ташкил додааст, аммо омори расмии Тоҷикистон аз воридоти танҳо ҳудуди 5,5 миллион доллар амвол аз Амрико ба Тоҷикистонро қайд кардааст, 9 маротиба камтар.
Аз рӯи ин қиёс воридот аз Ирон 3,5 маротиба камтар, аз Канада 2 маротиба камтар нишон дода шудааст. Навишта шудааст, ки молҳои аз ИМА, Чин, Ирон, Канада ба Тоҷикистон содиршуда ҳамчун воридот аз Русия, Қирғизистон, Қазоқистон қайд мешавад, ки дар ин сурат бо шурути афзалиятнок ва бидуни пардохти андоз ворид мешаванд. Муаллифон ба нишони далел мисол овардаанд, ки тибқи омори Русия аз ин кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи 128 миллион доллар мол содир шудааст, аммо аз ҷониби Тоҷикистон воридот аз Русия 178 миллион долларро ташкил додааст. Фарқ 40 дар сад. Ҳамин гуна фарқ дар қийос бо Қирғизистон 160 фоизро ташкил додааст. Тибқи ин гуна нишондодҳои бардурӯғ дар соли 2003 молҳои арзиши умумиашон 150 миллион доллар ба Тоҷикистон бидуни андоз ворид шудаанд. Зарар 30 миллион долларро ташкил додааст. Ва аммо ба истилоҳи муаллифон, ин танҳо «қисми намоёни айсберг» будааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи як хабари ҳафтаномаи «Азия - Плюс» соҳибкорони чиноӣ дар як мулоқот бо Алимаҳмад Ниёзмамадов - раиси Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мушкилоти таҳияи аснод ва низоми раводид изҳори норизогӣ кардаанд.
«Чархи Гардун» аз мушкилоти саноати кинои тоҷик ҳарф задааст. Дар матлабе бо номи «Хазони умри кино, ё киноро минбаъд дар кино ҳам намебинед!» навишта шудааст, саноати кинои Тоҷикистон куллан таназзул ёфтааст ва бо назардошти мушкилоти моливу кадрӣ эҳёи он дар солҳои наздик имконнопазир аст. Навишта шудааст, бо баҳонаи хусусигардонӣ ҳама таҷҳизоти кинотеатрҳо ва ҳатто биноҳо низ фурӯхта шуданд. Муаллиф шаҳри Кӯлобро ба гунаи мисол овардааст, ки аз 7 кинотолори зимистонааш имрӯз ягонтоаш дар ихтиёри давлат нест.
Нашрияи «Азия-Плюс» аз навгониҳои ширкати ҳавонавардии «Тоҷикистон» хабар додааст. Аз хидмати ин ширкат, ки дар фазои Тоҷикистон бидуни рақиб мусофир мекашонад, аз аввали соли 2004 бештар аз 270.000 нафар истифода бурдаанд. Ширкати ҳавонавардии «Тоҷикистон» имрӯз соҳиби чаҳор адад ТУ-154М ва панҷ адад ТУ-154Б буда дар назар доштааст, 2 адад Boeing тариқи лизинг бигирад.
Дар бинои фурудгоҳи Душанбе ҳамчунин сохтмони VIP-золи нави муосир идома дорад, навиштааст «Азия-Плюс». Бархе аз нашрияҳои дигар ба гунаи реклама рейсҳои ширкати ҳавонавардии Тоҷикистонро чоп кардаанд. Тибқи он, ширкат дар як ҳафта 48 рейси байналмилалӣ ба шаҳрҳои Истанбул, Мюнхен, Урумчӣ, Шарҷа, Деҳлӣ, Маскав, Новосибирск, Екатеринбург, Бишкек, Алмаато ва Шимкент ва 30 рейси дохилӣ аз пойтахт ба Хуҷанд, Хоруғ, Ванҷ, Ҷиргатол, Ғарм, Рӯшон, Ховалинг, Фархор, Айнӣ, Панҷакент ва Кӯлоб доштааст.
Ва аммо ҳафтаномаи »Тоҷикистон» аз арзиши баланди роҳкирои мошинҳо аз Душанбе ба дигар шаҳру навоҳӣ шикоят кардааст. Мисол оварда шудааст, ки танҳо роҳкирои Ишкошим бештар аз чиҳил доллар сари одам будааст. Ронандаҳои ин маршрут гуфтаанд, дар роҳ онҳо то 15 доллар ба нозирони роҳ ба истилоҳ «доля» месупоранд ва ҳамчунин гаронии нархи сӯзишворию қисмҳои эҳтиётӣ боиси баландшавии роҳкиро мегардад.