Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи занони тоҷикро ба масоҷид бастанд


Шӯрои уламои Тоҷикистон намозгузории занон дар масоҷидро макрӯҳ эълом кардааст. Худойбердии валади Эгамбердӣ - мудири бахши фатво ва узви Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, дар ҷаласаи ахири ин шӯро, ки дар ду рӯзи қабл баргузор гардид, ҳамаи 27 узви шӯро ибодати занонро дар масоҷид макрӯҳ ва қарори мамнӯъияти ҳузури онҳоро ба ҳангоми адои намози ҷумъа қабул карданд: "Уламо дида баромаданд, ба хулосае омаданд, ки омадани занҳо ба масҷид макрӯҳ аст. Яъне дуруст нест. Ба ҳамин хулоса омаданд, ки занҳо дар намози ҷумъа омаданашон макрӯҳ аст. Намози занҳо дар хона беҳтар аст."
Оқои Эгамбердӣ гуфт, иштирок ва ҳузури занон дар адои намози ҷумъа дар як моҳи пеш низ мавриди баҳси уламо қарор гирифта буд. Вале ихтилофи назари миёни уламо боиси ҳалношуда боқӣ мондани масъала гардидааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, домулло Ҳикматуллои Тоҷикободи макрӯҳияти намозгузории занон дар масоҷидро ва бо далоили қотеъ собит кард ва мунтаҳо ҳамаи аъзои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон аз ҳамин мавқеъ пуштибонӣ карданд.
Аммо Саидиброҳими Муҳаммадназар - узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тасмими Шӯрои уламоро муғойир ба қавонини шариат унвон карда, гуфт, дар аксарияти кишварҳои исломии олам, ки аз мазҳаби ҳанафия пайравӣ мекунанд, ба мисли Покистон, Индонезия, Туркия, Русия ва ғайра занҳо ҳангоми адои намози ҷумъа ва ҳамчунин ҳангоми намозҳои панҷвақта дар масоҷид зиёд ҳузур доранд: "Аз назари қонуни кишвари мо ҳам оё як инсон ҳаққи ибодат надорад. Бигзор он як олим бошад, як домулло бошад, як эшон бошад, ё ки Шӯрои уламо бошад, ҳаққе дорад, ки як инсонро аз ибодат манъ кунад? Надорад. Инҷо ҳам қонуни шаҳрвандӣ поймол шудааст, ҳам қонуни ҳуқуқи башар поймол шудааст, ҳам ҳаққи исломӣ поймол шудааст."
Ба назари оқои Муҳаммадназар, ин як тасмими сиёсӣ аст, ки дар сурати дубора таҷдиди назар нашуданаш, аз сӯи Шӯрои уламо ва фуқаҳо боиси ихтилофот ва нороҳатӣ дар ҷомеа мешавад.
Дар ҳамин ҳол Зайниддин Садриддинов - имомхатиби яке аз масоҷиди пойтахт, ки шароит ва имконотро барои ҳузур ва ширкати занҳо дар намози ҷумъа мусоид сохтааст, гуфт, эъломи мамнӯъиятро бештар аз сад зани намозгузор бо надомат ва сарди қабул кард. Оқои Садриддинов гуфт, даъвати занон барои гузоридани салоти ҷумъа иқдоми шахсии ӯ буда ва мехостааст, то занҳо аз маърифат ва ҳуқуқи исломии худ ва ҳамчунин аз панду насиҳати бузургон бештар огаҳӣ дошта бошанд: "Албатта таваҷҷӯҳашон зиёд буд, модоме, ки ҳафтаҳои аввал кам буданд, лекин баъдтар зиёд шуданд. Албатта норозӣ будан, лекин дар ҳар сурат чӣ кор мекунем. Онхо мехостанд, ки кушода бошад, омадан бигиранд, иштирок кунанд."
Оқои Садриддинов гуфт, ки вай наметавонад, аз иҷрои қарори Шӯрои уламои исломӣ сар битобад ва аз ин хотир бо огаҳии қаблӣ бештар аз сад зани намозгузор дар намози ҷумъаи рӯзи 20 август ҳузур надоштанд.
Ин дар ҳолест, ки Зебо Тошева, як тан аз занони намозгузор дар ин масҷид гуфт, вай маҷбур шудааст, барои анҷоми фарзи динии худ беш аз бист километрро тай карда, дар масҷиди ноҳияи Ваҳдат намоз бигузорад. Ба ақидаи вай, Шӯрои уламои исломӣ ҳақ надорад, занҳоро аз иҷрои фароизи диниашон маҳрум кунад, зеро занҳо низ бандагони худо ва узви комилҳуқуқи ҷомеа мебошанд: "Масҷиди мо дорои чаҳорсад панҷсад нафар зан буд, онҳоро аз намоз гирифтанд. Дигар ҷо нест, имконият нест, шароит нест, дари масҷидро ба рӯи мо бастанд. Тариқи ҳамаи маҷаллаҳои озод баромад мекунам, ҳамчун зан аз ҳуқуқи худ дифоъ хоҳам кард."
Аммо барои рӯшан кардани мавқеи мақомоти расмии кишвар дар қиболи тасмими макрӯҳияти ибодат ва ҳузури занон дар масоҷид бо Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон дар тамос шудем. Муродулло Давлатов - муовини раиси кумитаи мазкур гуфт, тибқи конунҳои кишвар, ҳеҷ касе ҳақ надорад дар амр ва шароит ва анҷоми фароизи динӣ барои шаҳрвандон мушкилот пеш оварад. Аммо тибқи қавонин дин аз давлат ҷудо аст ва мудохилаи давлат дар ин маврид ноҷо мебошад: "Шӯрои уламои исломӣ як ташкилоти ҷудо аз давлат аст. Вай бевосита бо ҳаёти динии кишвар алоқаманд аст ва як ҳалле, ки бо маслиҳат мувофиқ бошад, ҳалле, ки ба ҳуввияти динии мардуми мо мувофиқ бошад, ҳалле, ки ваҳдати динии мардуми моро таъмин карда тавонад, чунки ихтилофот дар ин ҷо ҳам пайдо нашавад, ин дар чорчӯби салоҳияти Шӯрои уламо аст ва онҳо мустақилона ин масъаларо ҳал мекунанд. Мардуми Тоҷикистон, ки аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, бояд ин ҳукмро пайравӣ намояд".
Худойбердии валади Эгамбердӣ - мудири бахши фатво ва яке аз аъзои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон яке аз иллали тасмими манъи ибодати занон дар масоҷидро дар набуди шароити муносиб ба мисли адами ҷой ва таҳоратхонаи алоҳида ва роҳу дарвозаи ҷудогона марбут донист. Аз сӯи дигар оқои Худойбердӣ ҳарчанд тавзеҳи бештаре дар ин замина надод, вале эҳтимолияти дар заминаи сиёсӣ ба вуҷуд омадани тасмими ҷаласаи ахири ин шӯроро низ рад накард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG