Истеъмол накардани хурокҳои серғизо сабаби аслии рехтани муйи аксари ҷавонон гаштааст, ки имрӯзҳо дар шаҳр ва ноҳияҳои Тоҷикистон ба назар мерасанд. Норасоии витаминҳо дар ҷисми инсон ва асабонияти зиёд ба он оварда мерасонад, ки дар баробари резиши муйҳо боз дар ҳар ҷойи сар гирд-гирд калшавии тангашакл пайдо мешавад. Дар забони тиб ин бемориро "калшавии лонавӣ" меноманд, ки дар натиҷаи беэътиноӣ чунин лоначаҳо дар сар зиёд шуда, баъдан онҳо метавонанд ба ҳам пайваст шаванд, ки сабаби кал шудани давраи зиёди сар мегардад.
Асистенти кафедраи касалиҳои пӯсти Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон Ҳаёт Алиев мегӯяд, ҷавонони имрӯз ташвиши зиёде ба сар доранд, ки он боиси ба фишорҳои равонии зиёд гирифтор шудани ҷавонон мегардад. Ва дар натиҷаи фишорҳои равонии пай дар пай низ шахс метавонад, ба бемории калшавӣ, ё резиши мӯй гирифтор шавад: "Якумин сабаб дар байни ҷавонон ва умуман омма паҳншавии бемориҳои узвҳои дарунӣ, аниқтараш узвҳои ҳозима - меъда, рӯда, ҷигар мебошанд. Агар соддатар карда гӯем, худи муҳити беруна ва дарунии мо дигар шудааст, назар ба пештара ва асосан он сифати хӯроке, ки мо истифода мекунем, ба вазъи системаи узвҳои ҳозима таъсир мерасонад. Масалан, он донишҷӯёне, ки таҳсил мекунанд, ғизои онҳо якхела аст ва ҳама медонанд, ки мардуми Тоҷикистон бисёртар нон, чой ва шакаррро истифода мекунанд."
Ҳамчунин ба гуфтаи Ҳаёт Алиев бемориҳои мунзим ё хроникӣ ва кариес - пӯсиши дандон яке аз сабабҳои аслии калшавӣ мегарадад. Ҳаёт Алиев гуфт: "Ҳамаи он касалиҳои системаҳои дарунӣ ва узвҳои дарунӣ, ки бо илтиҳоб мегузаранд, метавонанд бевосита ё бавосита ба ҳолати мӯй таъсир расонанд. Агар мо сабабашро ёфта, онро барқарор созем, саломатӣ барқарор мешаваду мӯйҳо тез мабароянд."
Ҳаёт Алиев мегӯяд, дар Тоҷикистон оилаҳои зиёде ҳастанд, ки дар натиҷаи издивоҷ бо хешутабори наздик созмон дода шудаанд. Ин аст, ки теъдоди зиёди одамон ба резиши ирсии муйи сар гирифтор мешаванд. Ва ҳатто бархе аз онҳоро тамоми муйи баданашон мерезад.
Бояд гуфт, ки ин беморӣ аслан сироятӣ набуда, танҳо дар натиҷаи фаъол нашудани мушакҳои хунгузари сар ба вуҷуд меояд. Ва ин ҷавонон одатан асабонӣ мешаванд, зеро резиши муйҳо намоён буда, намуди зоҳирии шахсро дигар мекунад.
Як нафар мусоҳибам, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, 6 моҳ аст, ки ба бемории "калшавии лонавӣ" гирифтор аст ва як ҷойи рехтаи муйро табобат накарда, ки аз ҷойи дигар лоначаҳои дигар пайдо мешаванд: "Шаш моҳ шуд, ки гирд-гирдак муйҳоям рехт. Бинам, ки ранги калча шуд, духтур рафтам, гуфт, ки аз ҷиҳати асабониву камхурокӣ."
-Ба фишори равонӣ дучор шудед?
-Хайр аз ҷиҳати камбудии зиндагӣ, дар оилаи бисерӣ шавҳар кардагӣ оилаи бисёрӣ ба ҳама маълум, камбудӣ..
Ба ороишгоҳ рафта намешавад, ин ҷаша мегӯи, ки пинҳон кун, аз ҷойи дигараш зада, калиаш намоён мешавад. Сари луч карда намешавад, меҳмонӣ рафта намешавад. Ҳиссиёти ман.. (оҳи сард мекашад) хайр зиқ мешавӣ, ваҳшат мекашӣ, вақте, ки ҳама нигоҳ мекунанд."
Ҳаёт Алиев гуфт, агар шахс калшавиро табобат накунад, дар натиҷаи худ ба худ бартараф шудани сабаби калшавӣ муй худ аз худ мебарояд, аммо сабзиши муй метавонад, дар тӯли 6 моҳ ё то 2 сол давом кунад. Аммо дар натиҷаи табобат замони баромадани муй суръат бахшида мешавад. Роҳҳои табобати резиши мӯй имрӯз дар шароити Тоҷикистон қимматтар аст, зеро витамин, табобати физиотерапивӣ гарон ҳастанд.
Ҳаёт Алиев тавсия медиҳад, ки чунин маризон бештар бояд меваю сабзавот зиёд истеъмол кунанду ҷисм ва асабҳои худро аз меъёр зиёд хаста накунанд ва ҳафтае ҳадди аққал 1 маротиба дар табиат истироҳат намоянд.