Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом роҳро пеш бигирем?


"Задухурди таҳамтанҳо". Бо чунин сарлавҳа "Азия-Плюс" дар бораи талошу баҳс ва ихтилофоти ширкати саҳҳомии "Самар", раисаш Самариддин Фазлиддинов бо раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев матлабе ба нашр расонидааст. Ширкати "Самар" бо ҷурми расонидани зарари моддиву маънавӣ раиси вилоят ва муовини уро ба додгоҳ кашида, талаби пардохти 100 000 сомонӣ кардааст. Тибқи навиштаи нашрия, "ҷанги пахта" аз он оғоз ёфтааст, ки ширкати мазкур бо хоҷагиҳои деҳқонӣ сузишворӣ ва маводи истеҳсолотро бо нархи арзонтар фурухта, қарзи бефоиз медод. Самариддин Фазлиддинов, сарвари ширкати "Самар" ва вакили порлумони солҳои 1995 - 2000 дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфтааст, ришвахорӣ дар соҳаи пахтакорӣ дар вилоят ончунон решаи амиқ давондааст, ки ҳар касе агар аз он доира берун ояд ва аз додани ришва сар бипечад, ба истилоҳ "аз бозӣ берун карда хоҳад шуд". Ҷаноби Фазлиддинов гуфтааст, онҳо бо чанд хоҷагии деҳқонӣ барои харидани пахта созишнома бастаанд, аммо ноиби раиси ҳукумати вилоят Шодӣ Кабиров сарварони ин хоҷагиро аз фурухтани пахта ба ширкати "Самар" манъ кардааст. Ҳарчанд додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, додгоҳи иқтисодии кишвар ва додситонии кулл ин амали ҳукумати Хатлонро ғайриқонунӣ арзёбӣ кардаанд, Шодӣ Кабиров - ноибраиси ҳукумати вилоят гуфтааст, мо талош хоҳем кард, то ширкати "Самар" аз фаъолият боз монад." Ҳол он ки ба гуфти раиси ин ширкат Самариддин Фазлиддинов, дар он 2 000 нафар кор мекунанд. Бо назардошти аҳли оилаи ин 2 000 корманди ширкат, дар сурати монеъи фаъолияти он шудан, фардо 10 000 - 15 000 нафар аз як пора нон маҳрум мегарданд.
"Бизнес и Политика" бо такя ба гузориши як созмони байналмиллалии молӣ навиштааст, соҳибкорон дар Тоҷикистон ба силсилаи мушкилоти марбут ба бюрократизму ришвахорӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Раванди сабти номи ширкат то оғози фаъолиятро, ки ба ҳисоби миёна 300 долларро ташкил медодааст, гузориш гарон арзёбӣ кардааст. Соҳибкорон аз тафтишу бозҷуиҳои зиёди андозситонон шикоят кардаанд ва 98 дар сади онҳо иқрор шудаанд, ки ҳангоми ин тафтишот мавриди пулситонӣ қарор ёфтаанд. Навишта шудааст, ки ба ҳисоби миёна 12 дар сад аз қарзе, ки аз бонк гирифта мешавад, ба сифати ришва ба кисаи кормандони бонк медаромадааст.
"Чархи Гардун" аз болоравии арзиши патент барои соҳибкорон хабар додаст. Акнун соҳибкорон ба ҷои 17 сомониву 50 дирам 48 сомонӣ патент месупоранд.
"Вароруд" хабар медиҳад, ки болоравии арзиши патент ва андоз боиси як тазоҳуроте дар Панҷакент гардидааст. Ҳудуди 200 тоҷири бозори "Гулистон"-и Панҷакент назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омада, зидди ин қарор норозигӣ изҳор кардаанд. Бозори шаҳри Панҷакат чанд руз аз фаъолият боз мондааст, ҳокӣ аст хабар.
"Минбари Халқ" аз афзоиши 42" фоизаи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Мувофиқи хабар, мубодилаи савдои хориҷии Тоҷикистон дар чор моҳи соли ҷорӣ 714 миллион долларро ташкил додаст.
Қарзи хориҷии Тоҷикистон низ дар ҳоли афзоиш аст, хабар додааст "Вароруд". Питер Венгли - раҳбари гуруҳи Сандуқи Ҷаҳонии Пул гуфтааст, қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз як миллиард доллар мебошад ва бештари ин қарз ба Русияву Узбакистон рост меояд.
Сабаби аслии фалаҷии иқтисодро муаллифи як матлаби нашркардаи "Одаму Олам" дар бемасъулиятӣ, фориғболӣ ва корнодонии сарварону масъулон дидааст. Иқтисод магар догма аст? Агар не, пас чаро иқтисоди мо шах шудааст? Ба ин суолҳо Муҳиддин Идизода дар танбаливу фориғболии худи мо посух ҷустааст. Дар навишта омадааст, пахтаву пиллаву меваю сангу лоҷуварду обу барқи Тоҷикистонро дигарҳо соҳибӣ кардаанду мо камбағалу бенавою дастнигару чашминтизор нишастаем.
Чӣ бояд кард? Роҳи аввалиндараҷаи раҳоӣ аз буҳронро ҳафтаномаи "Неруи Сухан" дар боло бурдани маош дидааст. Ҳозир маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 7 сомонӣ мебошад, ки аз ҳадди ниҳоии эҳтиёҷи оилаи миёнануфус 61 маротиба кам аст. Ва ҳол он ки аз руи ҳисобҳои камтарин оилаи панҷнафара дар як моҳ ба беш аз 400 сомонӣ танҳо барои ғизо ниёз дорад. Музди меҳнат танҳо рамзӣ шудааст ва ин ночизии маош боиси зуҳури роҳҳои пинҳонии пулкоркунӣ, ришва, дуздӣ, беқурбшавӣ ва таварруми пул, афзоиши бекорӣ, рушди бюрократия ва падидаҳои манфии дигар мегардад.
"Рузи Нав" менависад, ба бозорҳои Тоҷикистон ворид шудани тоҷирони хориҷӣ боиси боз ҳам ташаннуҷи бештари вазъи иҷтимоӣ мегардад. Аксари он мардуме, ки дар Тоҷикистон мондаанд, аз ҳисоби бозор рузгорашонро ба пеш мебаранд, аммо дар сурати аз ин манбаъи даромад ҳам маҳрум мондани одамон, мардҳо роҳи Русия ва, Худо нишон надиҳад, занҳо роҳи Дубайро пеш мегиранд.
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG