Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издивоҷи вазорати энергетика ва "Барқи Тоҷик"


Вазорати тозатаъйини энергетикаи Тоҷикистон Ҷурабек Нурмуҳаммадов ба ҳайъати вазорати энергетика ворид намудани ширкати "Барқи тоҷик"-ро барои рушди соҳаи энержии кишвар боаҳамият ҳисобид ва гуфт, акнун ҳамаи сохторҳои энержии кишвар дар як ниҳоди воҳид муттаҳид карда шуд, ки ин имкон медиҳад, назорат бар ин соҳа осонтар ва масъулият бештар шавад.

Бар асоси як фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ширкати "Барқи тоҷик" бо вазорати энергетика як карда шуд ва Ҷурабек Нурмуҳаммадов раиси ин ширкат вазири энергетика таъйин карда шуд.
Ба ин муносибат 20 январ дар вазорати энергетика нишасти намояндагони ниҳодҳои энержии Тоҷикистон таҳти сарпарастии оқои Нурмуҳаммдаов сурат гирифт. Вай дар поёни ин нишаст ба хабарнигорон гуфт: "Тамоми ниҳодҳое, ки пеш дар итоати вазорати энергетика буданд, аз ҷумла Тоҷикнефт, Тоҷикгазу, Иттиҳодияи ангишт аз ширкати "Барқи тоҷик" қарздор буданд. Дар ин вақт "Барқи тоҷик" ширкати мустақили саҳҳомӣ бинобар қарздор мондани ин корхонаҳо аз ширкат барқи онҳоро қатъ мекард. Аммо бо тобеъи вазорат шудани "Барқи тоҷик" акнун мо метавонем, ҳамин қарзҳоро як тавре ба танзим дароварда, истеҳсолро зиёд кунем ва сипас аз онҳо қарзҳоро бигирем."

Ҷурабек Нурмуҳаммадов меафзояд, агар манобеъи энержии Тоҷикистон бо пуштибонии кишварҳои сармоягузор мавриди баҳрабардорӣ ва танзим қарор дода шавад, Тоҷикистон дар масъалаи барқу ангишт, ба кишварҳои ҳамсоя ниёзманд намешавад.

Ба гуфтаи у, дар Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон чун Қирғизистон дорои манобеъи аслии об ва ангишт мебошад. Дар ҳоли ҳозир дар конҳои Тоҷикистон ҳудуди 50 миллиард тонна ангишт маҳфуз аст, ки ҳануз дастнохурда буда, ҳатто дар фасли гармо баъзеи онҳо оташ гирифта нобуд мешаванд.
Нурмуҳаммадов мегуяд: "Вақте ки мо истихроҷи ангиштро зиёд кардем ва мардум таъмин шуд, истифодаи неруи барқ кам мешавад. Тоҷикистон дар фасли сармо ба 3 миллиард киловат соат неруи барқ ниёз ва барои таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, сохтмони Сангтудаву Роғунро сар кардан даркор аст."
Ба назари оқои Нурмуҳаммадов, танҳо бо шуруъи баҳрабардорӣ аз неругоҳи барқии обии Роғун, Тоҷикистон метавонад, дар тирамоҳу зимистон ниёзи мардумашро таъмин кунад ва дар фасли тобистон барқро ба кишварҳои хориҷ содир кунад. Аммо дар Роғун сохтмон ба таври пароканда идома дорад.
Яке аз мушкилоти ҷиддие, ки Тоҷикистон дар масъалаи содир намудани неруи барқ мувоҷеҳ аст, ихтилофи назари байни Узбакистон ва Туркманистон дар ин соҳа мебошад. Тоҷикистон бинобар мушкилот дар интиқоли транзити барқ дар тобистони гузашта ба ҷои як миллиард киловат соат неруи барқ ҳамагӣ 190 миллион киловатт соат неруи барқ ба Русия фурухта тавонист.
Вазири энергетикаи Тоҷикистон мегуяд, бар асари ихтилофи байни Туркманистону Узбакистон чанд сол аст, ки Тоҷикистон наметавонад, аз Туркманистон барқ гирад: "Мо ҳар фасли тирамоҳу зимистон аз Туркманистон барқ мегирифтем, ду сол шуд, ки ҳамина гирифта наметавонем, зеро дар байни Узбакистону Туркманистон як нофаҳмие шуд ва онҳо аз ҳалқаи шабакаи ягонаи неруи барқи Осиёи Миёна ҷудо шуда ба тарафи Эрон васл карданд."
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон талош дорад, бо барномаҳои тозаи фарогир сармоягузорони хориҷиро барои анҷоми сохтмони муҳими неругоҳҳои барқи обии худ ҷалб намуда, бозори фуруши захоири барқи худро густариш диҳад. Феълан харидорони аслии барқи Тоҷикистон -– Узбакистон, Қазоқистон, Русия ва Афғонистон мебошанд. Ба қавли вазири энергетикаи Тоҷикистон, Ҷурабек Нурмаҳмадов имкон дорад, дар оянда Эрон, Чин, Покистон ва кишварҳои дигар низ ба унвони харидор ба Тоҷикистон муроҷиат кунанд.
XS
SM
MD
LG